мулоқотҳо
Мулоқоти Президент бо Котиби генералии Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё
18 cентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Анҷумани сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ Котиби генералии Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё Таир Мансуровро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат Таир Мансуров ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки айни ҳол Раиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё мебошад, оид ба рафти иҷрои санадҳои ҳамкории дар чаҳорчӯби ин созмони бонуфузи иқтисодӣ имзошуда ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои он гузориш дод.
Таъкид гардид, ки саммити гузаштаи Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё, ки моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши намоён гузошт ва изҳори боварӣ шуд, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи ин созмон корҳои муфид ба сомон хоҳанд расид.
Хотиррасон мекунем, ки мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё моҳи октябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор мегардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 9775