logo

барқияҳо

Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳомид Карзай

19 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳомид Карзай, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Ҷалолатмаоб,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвари дӯст - ҷашни 93 - солагии истирдоди истиқлоли давлатии Афғонистон қабул фармоед.
Муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуни амиқтар касб менамоянд.
Итминон дорам, дар марҳалаи кунунӣ, ки татбиқи амалии тасмимоти конфронси Токио ва лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси РЕККА дар Душанбе пешниҳодшуда оғоз меёбад, ҳамкории наздиктару босамартари Тоҷикистону Афғонистони дӯсту ҳамҷавор сурат хоҳад гирифт. Мо зарурати тақвияти шарикиву ҳамёриро дар масъалаҳои амалӣ сохтани лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энержӣ, амнияту тиҷорати наздисарҳадӣ, маорифу тандурустӣ бори дигар таъкид менамоем ва омода ҳастем дар ин замина талоши пайваста намоем.
Мусаллам аст, ки густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳими амну субот ва рушди устувори минтақа буда, бешак, ҷавобгӯи манофеи олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба Ҷалолатмаоб тансиҳатӣ ва комёбиву пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ, хотири ҷамъ ва саодату шукуфоӣ таманно дорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.12    №: 109    Мутолиа карданд: 3622
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед