logo

номаҳо

Мушкили сокинони Бартанг зиёд аст

Водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дар қатори ноҳияи Мурғоб яке аз мавзеъҳои дурдасттарини кишвар ба ҳисоб меравад. Дар гузашта ин водӣ муддате ноҳияи алоҳида буд.  Баъдтар боз ба ноҳияи Рӯшон ҳамроҳ карда шуд. Он дорои се ҷамоати деҳот буда, беш аз 20 деҳаи хурду миёнаро дар бар мегирад. Сокинони рустоҳои Ҷамоати деҳоти Савноб, ки деҳаҳои саргаҳи водии Бартангро дар бар мегирад, ҳанӯз ҳам аз набудани неруи барқ азоб мекашанд. Танҳо маркази ҷамоати деҳот бо қувваи барқи неругоҳи хурде, ки дар даврони шӯравӣ сохта шуда буд, каму беш таъмин мебошад. Дигар деҳаҳои гирду атрофи он, аз ҷумла деҳаҳои Рошорв, Нисур, Рухч, Ғудара, Бопасор, Барчидив ва Япшорв ба мушкилоти бебарқӣ дучор ҳастанд.
Сокинони ин минтақа ба буридани буттаи хору терескан ва дигар буттаҳое, ки аз ночорӣ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешаванд, машғуланд. Махсусан, барои гузаронидани фасли зимистон, ки дар ин ҷо  баъзан то 5 моҳ тӯл мекашад, сокинони бумӣ маҷбуранд ба буридани буттаҳо даст зананд, агарчи бо ин корашон ба табиат зарари ҷуброннопазир меоранд.
Аз ҷамоати деҳоти Савноб ба маркази ноҳияи Рӯшон алоқаи телефонӣ мавҷуд нест. Қариб ҳамаи хонаҳои фарҳанги ин водӣ харобу валангоранд. Сокинони ин минтақа зиндагии мушкил доранд, зеро аз як тараф агар роҳҳояшон дар фасли зимистон аз барф, дар фасли баҳор аз тармаю сел ва дар фасли тобистон аз обхезии дарёи Бартанг баста шаванд, аз тарафи дигар, бебарқии том мушкилоти аҳолии таҳҷоиро дучанд менамояд. Қобили зикр аст, ки дар якчанд соли охир бо кумаку дастгирии бевоситаи ҳукумату дигар созмонҳои ғайридавлатӣ роҳҳои водии Бартанг то андозае таъмиру навсозӣ шудаанд, вале ҳанӯз ҳам мошинҳои калонҳаҷм наметавонанд дар ин роҳ ҳаракат намоянд, зеро ин роҳ ниҳоят тангу борик аст.
Мо мехоҳем, ки мисли сокинони дигари  ноҳияҳои кишвар шароити беҳтару хубтари иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ дошта бошем. Қадами неки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба ҳар гӯшаи Бадахшон чун расид, он ҷо ободтару пешрафтатар шуд. Ба ин умед ташрифи ӯро бо ихлоси зиёд интизорем.

Назрулло ТОИРБЕКОВ,
Мулкамон АЛИФБЕКОВ,
ҷамъ 30 имзо,
ноҳияи Рӯшон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.12    №: 109    Мутолиа карданд: 4997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед