logo

сафарҳо

Тоҷикистон ва Туркманистон: такони ҷиддӣ дар муносиботу ҳамкорӣ

Барномаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба Туркманистон субҳи 23 август бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди қасри Оғузхони Президенти Туркманистон оғоз ёфт.
Меҳмони олимақомро Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.
Ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо горди фахрии Туркманистон, оркестри ҳарбии асбобҳои нафасӣ, корпуси дипломатии муқими Ашқобод ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашти сарони ду давлат аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Туркманистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб, корпуси дипломатӣ ҷараён гирифт.
Сипас мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Муҳокимаи васеи масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб сурат гирифт.
Аз густариши робитаҳои сиёсӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам афзун намудани нишондиҳандаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд имкону захираҳои фаровони ҳамгироӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика, ба мисли истихроҷ ва коркарди нафту газ, рушди гидроэнергетика ва ҳамчунин густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ зарур шумурда шуд.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти нафту газ ба Тоҷикистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ ва дар маҷмӯъ афзоиши нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ҳавасмандии худро таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ягонагӣ ва ё наздикии мавқеи Тоҷикистону Туркманистон доир ба аксари масоили минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони рушди ҳамгироӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар тайи солҳои наздик метавонад ба маротиб афзун гардад.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркманистон;
Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2013-2014;
Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барои солҳои 2013-2014;
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои ҷойгир намудани Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон;
Маросими имзои санадҳо бо имзои Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба поён расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон бояд мавриди баҳрабардории ҳамаҷониба ва судманд қарор дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ - ордени Президенти Туркманистон «Битараплик» («Бетарафӣ») сарфароз гардонда шуд.
Тавре  зикр  гардид,  Эмомалӣ  Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, барои саҳми шоистаи шахсии худ дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи судбахши миёни Тоҷикистону Туркманистон ва дастгирии мавқеи бетарафии ин кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бо ин мукофоти олии давлатӣ қадрдонӣ гардид.
Хотиррасон  шуд,  ки Эмомалӣ Раҳмон чорумин шахсият аст, ки бо ин мукофоти олии давлатӣ сарфароз мегардад.
То ин вақт бо ин мукофот Сафармурод Ниёзов, Президенти нахустини Туркманистон, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти кунунии ин давлат ва Овезгелди Атаев, собиқ раиси Парлумони Туркманистон, мушарраф гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон,  барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, онро мукофоти арзандаи кулли мардуми Тоҷикистон номид.

Зимни боздид аз Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони профессори фахрии ин муассисаи бонуфузи таълимӣ дода шуд.
Чунонки  иттилоъ  дода  шуд,   Эмомалӣ Раҳмон бо ин унвони баланд барои саҳми намоёну арзандааш дар рушди робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Туркманистон сарфароз мегардад. Қарор дар ин бора бо пешниҳоди Шӯрои илмии донишкада аз ҷониби Кумитаи давлатии аттестатсионии Туркманистон қабул гардидааст.

Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шаҳраки Қипчоқ ташриф оварда, оромгоҳи  Сапармурод Ниёзов, нахустпрезиденти Туркманистонро зиёрат намуд ва дар наздаш гулчамбар гузошт.
Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин дар назди муҷассамаи Конститутсияи Туркманистон гулчанбар гузошта, бо осорхонаи Конститутсияи ин кишвар ва масҷиди Туркманбошӣ аз наздик шинос шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.12    №: 110    Мутолиа карданд: 2040
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед