logo

сафарҳо

Тавофуқоти Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва тиҷорат

24 август дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Туркманистон миёни КВД «Ширкати алюминийи тоҷик Талко» ва Корхонаи коркарди нафти «Туркманбошӣ» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он ҳамасола дар ҳаҷми 35 ҳазор тонна кокси нафтӣ бо нархҳои имтиёз- дор ба Талко ҷудо карда мешавад.
Ҳамчунин мутобиқи супориши сарони давлатҳо ба сохторҳои масъули ду кишвар тарифҳои транзитии роҳи оҳани Туркманистон барои боркашонии Талко бояд сабук карда шаванд.
Тавре ки зикр гардид, ба туфайли ҳамкории Талко бо корхонаҳои саноатии Туркманистон ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар дар нимсолаи якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 240 дарсад афзун гардидааст.

Худи ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шаҳри Ободони Туркманистон ташриф оварда, ҳамроҳ бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, дар ифтитоҳи навбати дуюми як корхонаи бузурги ресандагӣ иштирок намуд.
Дар ду навбати ин корхона, ки солона аз 6650 тонна нахи пахта то 4870 тонна ришта истеҳсол мекунад, наздик ба 1200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо кори корхона ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноати сабуки шаҳри Ободон, аз ҷумла зикр гардид, ки тамоми пахтаи дар Туркманистон истеҳсолшаванда дар дохили кишвар коркард мешавад ва наздики 90 дарсади маҳсулоти тайёри саноати нассоҷӣ ба хориҷа содир мегардад.
Аз ин ҷо - Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, ба шаҳри Руҳобод ташриф оварда, дар маҷмааи байналмилалии варзиши аспӣ бо дастовардҳои варзишгарони аспсавори туркман аз наздик шинос шуданд.
Ин маҷмаа аз сирки аспсаворон, толори паридани аспҳои хушхиром аз болои монеаҳои баланд, майдони бузурги пойгаҳ ва намоишгоҳи навъҳои хушзоти ин ҷонварони зебою нозуктабиат иборат аст. Бештари аспҳое, ки зебоиву малакаи онҳоро чобуксаворони варзида ба намоиш гузоштанд, мутааллиқ ба зоти «Ахалтегин» буданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.12    №: 111    Мутолиа карданд: 2115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед