мулоқотҳо
Мулоқоти Президент бо вакилони порлумони САҲА
28 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, гурӯҳи вакилони порлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро, ки бо роҳбарии Ахтар Чаудри ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва бо кишвари Норвегия баррасӣ шуд.
Аз ҳамкории Тоҷикистону САҲА, ки асосан дар се самт - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ сурат мегирад, қаноатмандӣ изҳор гардид.
Ахтар Чаудри изҳор дошт, ки САҲА минбаъд дастгирии Тоҷикистонро барои таҳкими амнияту суботи минтақаӣ, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон афзоиш хоҳад дод. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон баъд аз соли 2014, яъне пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, дар сарҳади тӯлонии худ бо ин кишвар танҳоӣ эҳсос нахоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия табодули назар карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.09.12 №: 112 Мутолиа карданд: 2280