logo

туризм

Сингапур – шаҳре дар чорсӯи роҳҳои баҳрӣ

Шаҳр-давлат дар Осиёи ҷануби шарқӣ, яке аз пешрафтатарин пойтахтҳои ҷаҳон, ки омехтаи нодири шукӯҳи аврупоӣ ва анъанаҳои осиёӣ мебошад. Сингапур дорои инфраструктураи мураккаб ва сатҳи баландтарини зиндагӣ дар ҷаҳон аст. Ин ҷо намояндагони якчанд халқ ҳамзистии осоиштае доранд ва омезиши динҳо (ҳукмронашон буддоизм ва даосизм), забонҳо ва фарҳангҳо ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар Сингапур беш аз 3 миллион одам зиндагӣ ба сар мебарад – ин дар ҷаҳон ягона кишварест, ки теъдоди сайёҳонаш (беш аз 7 миллион дар як сол) дар қиёс ба сокинонаш ба маротиб зиёд мебошад. Сайёҳонро маъмулан баҳамоии анъанаҳои фарҳангҳои ҳазорсола ва дастовардҳои технологияи навтарини муосир тасхир мекунанд. Тозагии ҳайратовари Сингапур, комфорт, номгӯйи зиёди ҷашну фестивалҳои ҷолиб, мағозаҳо ва марказҳои савдои олиҷаноб, таъомҳои лазиз ва амнияти тамом ин мустамликаи собиқи Британияро ба биҳиште барои сайёҳон мубаддал сохтаанд.
Сингапур аз як ҷазираи калон ва 63 ҷазираи хурд иборат аст. Дар қисмати шимол шаҳр бо Малайзия тавассути дамбароҳи яккилометра пайванд пайдо кардааст. Дар ҷануб аз байни шаҳр ва Индонезия гулӯгоҳи Сингапур мегузарад, ки уқёнуси Ҳинд ва баҳри Чини Ҷанубиро мепайвандад.
Мегӯянд шаҳр дар асри XIX ҳамчун мустамликаи бритонӣ дар чорсӯи муҳимтарин роҳҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ бунёд ёфтааст. Дар асл ин пораи заминро ҳанӯз дар садаи сеи милодӣ чиниҳо ҷохуш кардаанд. (Онҳо то имрӯз қисмати аъзам ва доротарини аҳолии Сингапурро такшил медиҳанд.) Баъди чанд аср дар ин ҷо шаҳраке сохтанд, ки барои киштиҳои байни Чин, Ҳиндустон ва ҷазираи Суматра ҳаракаткунанда хидмати лангаргоҳро анҷом медод. Аҳолии он чиниҳо, зодагони Ҳиндустону Малайзия буданд. Ва пойтахти имрӯзаи давлатро ҳам маҳз ҳиндуҳо бунёд ва номгузорӣ кардаанд. Аз садаи XII ин шаҳр ба худ номи Сингапур (Шаҳри шер)-ро гирифтааст. (Қаблан Темасек ном доштааст).
Бритониҳо дар тақдири Сингапур нақши мусбат бозидаанд. Охир, он шаҳри осиёӣ, ки сокинони аввалинаш бунёд карда буданд, 600 сол муқаддам  ба дасти лашкари шоҳигарии Суматра ғорату хароб гашта буд. Баъд аз он ин ҷо муддати зиёде танҳо моҳигирҳои малай ва роҳзанҳои баҳрӣ будубош доштанд. Дар натиҷа гулӯгоҳ ҳамчун ҷойи хеле хатарнок ном баровард.
Сэр Раффлз Стамфорд, губернатори заминҳои Британия дар Малайзия, соли 1819 ба азхудкунии Сингапур пардохт. Чанд муддат Сингапур ба ҳайати федератсияи Малайзия шомил карда шуд. Ин шаҳр -давлат танҳо соли 1965 истиқлолият ба даст овард. Ва дар 40 сол роҳеро тай кард, ки баъзе давлатҳо онро дар садҳо сол пушти сар намудаанд.
Метрополиси ҳинду-чину-малайӣ ё худ шаҳри оянда, ки Стамфорд сохтааст, ҳамчун маркази молиявӣ, нақлиётӣ ва сайёҳӣ торафт нашъунамо меёбад ва аз он бузургмарди англис, ки дар Лондон дар рӯзҳои охири ҳаёташ гадоӣ мекард, ба хушӣ ёд меорад. Ҳайкали ӯ дар соҳили дарёи Сингапур қомат афрохтааст.
Имрӯз ин шаҳр-давлат яке аз кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ бомаром рушдёбанда ва хеле пешрафтаи Осиё маҳсуб меёбад. Ва ин дар ҳоле, ки захираҳои табиӣ надорад (ҳатто оби нӯшиданиро ба Сингапур ворид месозанд). Шаҳр ба ғайр аз сайёҳӣ ва сохтмон аз корхонаҳои саноати сабук, электронӣ, кимиёвӣ, корхонаҳои тиҷоративу молиявӣ, киштисозӣ даромади зиёд мегирад.
Шарикони асосии хориҷии Сингапур кишварҳои пешрафтае чун ИМА, Ҷопон, Малайзия ва Курё мебошанд. Майдони ҳавоии байналмилалии муосиртарини Чанҷи, ки яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон шинохта шудааст ва бандари азим, ки аз рӯи гардиши мол дар ҷаҳон чаҳорум маҳсуб меёбад, нақши пулро миёни Сингапур ва боқимондаи дунё иҷро мекунанд. Кишвар қарзи беруна надорад ва сатҳи муҷаҳҳазии техникии аҳолӣ аз бисёр давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон болотар аст.
Мардуми Сингапур дар муносибат бо дигарон хеле ботамкин ва таҳаммулпазир мебошад.
Вале ҳамзамон онҳоеро, ки ба тозагӣ риоя намекунанд ё шохи дарахтеро мешикананд, ё парандаеро мекушанд, ҷаримаҳои миёншикан мебанданд.
Мавзеъҳои асосии Сингапур асосан дар округи тиҷоратии марказӣ, ҷазираҳои Сентоза ва Ҷуронг ҷойгиранд. Округи тиҷоратӣ (маркази шаҳр) дорои меҳмонсароҳои муосиртарини осмонбӯс, марказҳои муосири тиҷоратӣ, клубҳои шабона ва тарабхонаҳои зиёде мебошад. Элитаи Сингапур дар ҳамин округ зиндагӣ мекунад.
Дар ҷазираи Сентоза осоишгоҳи беҳтарине ҷойгир аст, ки дорои порки олиҷаноб ва аттраксион барои ҳамаи синну сол, аквариуми зеботарин ва иншооти варзиш мебошад. Дар ин ҷазира шуморо фаввораҳои оҳандор ва се осорхона  истиқбол мегирад.
Дар Ҷуронг, ки асоси иқтисодиёти Сингапур маҳсуб меёбад, аз ҳама ҷолибтар Боғи парандаҳо мебошад. Ин ҷо беш аз 8000 намояндаи болдорон аз тамоми кунҷу канори замин гирд омадаанд (беш аз 600 намуд). Барои ҳамаи онҳо шароити табиии мусоид фароҳам сохта шудааст.
Аз ноҳияҳои шаҳр беҳтаринҳояш Чайнатаун, «Ҳиндустони хурд» ва кӯчаи Араб ба шумор мераванд.
Вақте дар кӯчаи Араб садои азон аз масҷиди Султон (калонтарин масҷиди шаҳр) баланд мешавад, ҳамаи сокинони он барои адои намоз мешитобанд. Онҳо дари хона ва дӯконҳои худро кушода мемонанд. Таърихи ин кӯча ҳодисаи дуздиро ёд надорад.

Тарҷума аз китоби «50 великих городов мира»,
Харков, ФОЛИО, 2006


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8444
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед