logo

президент

Кишти тирамоҳии ғалла дар заминҳои обӣ аз ҳозир оғоз ёбад

25 сентябр,  нимаи дуюми рӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар ноҳияи Данғара бо роҳбарият ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд, ки дар он раванди омодагӣ ба зимистон, масоили вобаста ба он ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо ёдоварӣ аз пешгӯиҳои обуҳавосанҷон доир ба он, ки имсол низ сардиҳои тирамоҳу зимистон чун соли гузашта барвақт омада, хеле тӯл мекашанд, масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон ҳидоят намуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҳосили фаровони пахта, меваю сабзавот, лӯбиёгию полезиҳо ва ғалладонаи кишти такрорӣ пура ва сари вақт ҷамъоварӣ шавад. Бо ёдоварӣ аз ҳосили фаровони картошка ва себ дар ноҳияҳои кӯҳистон таъкид гашт, ки ин маводи ғизоӣ низ бояд кашонда барои зимистон захира гарданд. Бори дигар хотиррасон гардид, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи озуқаворӣ ва маводи сӯхт дошта бошад. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба захира кардани ангишт, хусусан барои муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дода шуд.
Бо назардошти он, ки имсол дар аксари кишварҳои ғаллакор ҳосил кам ҷамъоварӣ гашту нархи орду гандум нисбатан боло рафтааст, супориш шуд, ки ҳар ваҷаб замини корам барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ босамар истифода гардад. Ба ин хотир, ҳамчунин дастур дода шуд, ки кишти тирамоҳии ғалладона дар заминҳои обӣ аз ҳозир оғоз ёбад. Масъулони дахлдор вазифадор гардиданд, ки ба кишоварзон барои ташкили дурусту босамари корҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бори дигар таъкид намуд, ки пахтакорон минбаъд бояд ба ҷамъоварии ҳосил бе ҷалби мактаббачагон одат кунанд, то ки хонандагон аз таълиму тарбияи босифат дур намонанд.
Бо ишора ба зарурати таҳкими фарҳанги сарфаю сариштакорӣ таъкид гардид, ки иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ривоҷ додани коркарди маҳсулоти ватанӣ дар дохили кишвар ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки минбаъд ҳар як шаҳру ноҳия бояд корхонаи дӯхти либос барои мактаббачагон дошта бошад, то ки либосҳои мактабӣ дар дохил истеҳсол шуда, даромади молистеҳсолкунанда ва буҷети давлат афзун гардад.
Дар машварат ҳамчунин ахбори Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки то охири сол дар вилоят шумораи корхонаҳои хурди саноатии ҳамин сол бунёдёфта ба зиёда аз 110 адад мерасад. Дар се соли охир дар вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 19 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд ёфта, ҳаҷми умумии он ба 40 ҳазор гектар расидааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол дар вилояти Хатлон бояд 280-300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад ва ин, ба гуфтаи раиси вилоят, ҳосили хуб аст.
Тибқи иттилооти баёншуда, иқтидори содиротии вилоят сол ба сол, ҳамчунин аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ, рӯ ба рушд овардааст.
Дар ахбори Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, зикр гардид, ки имсол дар ноҳия зиёда аз 105 ҳазор тонна ғалла истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозор омода шудааст. Ҳоло дар ноҳия ҳамчунин беш аз 10 ҳазор тонна ғаллаи хушсифати тухмӣ омода аст, ки наздики 5 ҳазор тоннаи он аз ҳосили имсола мебошад. Таъкид гардид, ки ноҳияи Данғара чун калонтарин ноҳияи ғаллакор ва дорои заминҳои беканор омода аст, ки дар таъмини фаровонии ғалладонагиҳо, орду гандум, ғаллаи хушсифати тухмӣ ва ҳам хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ нақши намоён гузорад. Зикр гардид, ки имсол ноҳияи Данғара барои ду сол миқдори зарурии хӯроки чорво захира намуда, ҳамчунин то имрӯз зиёда аз 30 ҳазор тонна хошок ба шаҳру ноҳияҳои дигар ба фурӯш баровардааст. Ҷамъоварӣ, захира ва фурӯши хӯроки чорво дар ин ноҳия ҳоло ҳам идома дорад.
Дар фароварди машварат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан бо нашъамандию нашъаҷаллобӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.10.12    №: 127    Мутолиа карданд: 25088
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед