муҳоҷират
Лоиҳаи қонун мавриди
баррасӣ қарор гирифт
Дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва созмони ҷамъиятии "Перспектива+" баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ", натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба татбиқи стратегияи муҳоҷирати корӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии бахши муҳоҷирати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни конфронс оид ба вазъи будубоши муҳоҷирон ва фаъолияти кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар изҳори андеша карданд. Таъкид гардид, ки қонуни мазкур санади муҳиме ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои муҳоҷирон хоҳад буд.
Абдулхайри Ғафуриён, корманди Дастгоҳи иҷро-ияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки лоиҳаи қонун дар ҳамкории густурда ва ҳасана бо намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. - Кӯшиш дорем тайи ду моҳ тамоми камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намоем, - гуфт ӯ.
Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.10.12 №: 127 Мутолиа карданд: 25621