маориф
Омӯзгорӣ ишқ аст, на пеша
Омӯзгор барои ҳар фард азизу мукаррам аст. Замони кӯдакӣ маҳз ӯ ба мо равзанаро ба олами донишу маърифат боз мекунад, хондану навиштан меомӯзад. Ва ҳамин ҳарфу рақамҳои содаву кӯчак тадриҷан моро ба ҷаҳоне ворид мекунанд, ки каноранопадид асту сеҳрангезу зебо...
Дар иртибот ба ин ва Рӯзи омӯзгорон суҳбате доштем бо Маҳмадулло Лутфуллоев, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
- Шумо аз ҷумлаи ашхосед, ки роҷеъ ба бурду бохти соҳаи маориф иттиллои комил доред, зеро солиёни зиёд дар ин ҷода заҳмат кашидаед…
- Бале, қариб шаст сол аст, ки бо муаллимон сари кор дорам. Нахуст, баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа муаллими синфҳои ибтидоӣ, пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик барои синфҳои миёна ва боло будам. Баъдан дар Донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардам ва имрӯз низ бо ин даргоҳи маърифат ҳамкорӣ дорам.
Маро баъди хатми омӯзишгоҳ дар мактаби деҳаи Ғайрати шаҳри Қурғонтеппа бо кор таъмин намуданд. Ёд дорам, ману як хатмкардаи дигари омӯзишгоҳи омӯзгорӣ бо либоси сафед ба мактаб рафтем. Вақте ки кӯдакон моро дар кӯча медиданд, гиря карда, гурехта мерафтанд ва худро ба оғӯши модарашон мепартофтанд. Чун сабаби ин рафтори бачаҳоро пурсидем, модарони онҳо гуфтанд, ки кӯдакон шуморо пизишк гумон кардаанд. Ин камбудии мо - волидон аст, ки агар кӯдак гиря кунад, "духтур омад, милиса омад" гӯён ӯро метарсонем. Ин гуноҳи азим аст. Кӯдак тарсу мешавад.
- Чаро пешаи омӯзгориро интихоб намудед? Ин орзуи Шумо буд?
- Дар деҳоти замони ҷанг ва то солҳои 50-ум танҳо муаллим шахси зиёӣ маҳсуб мешуд. Ӯ ягона шахсе буд, ки либоси тозаву зебо ба бар дошт. Ва ягона бинои сафеди деҳа мактаб буд. Ин чизҳо таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб мекард. Аз ҷониби дигар - мо, бачаҳои деҳотӣ касбу кори дигареро намедидем ва дар бораи онҳо намешунидем. Намедонистем, ки дар дунё ихтисосҳо зиёданд. Аз ин лиҳоз, ман низ бо орзую ҳавас пешаи муаллимиро интихоб намудам.
- Дар қиёс бо он замоне, ки Шумо дар мактаби таҳсилоти миёна фаъолият доштед, имрӯз мақоми омӯзгор дар ҷомеа чӣ гуна аст?
- Санаеро чун Рӯзи омӯзгорон ихтисос додан як нишони эътирофи обрӯи муаллим ва мавқеи ӯ дар ҷомеа аст. Ҳар сол як бор дар ин рӯз аз муаллимон ёд мекунанд, дар бораи онҳо ҳарф мезананд ва давлату ҳукумат заҳмати пурмашаққаташонро қадр мекунад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки танҳо дар як сол як бор ба омӯзгорон эътибор медиҳанд. Баъди соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба муаллим афзуд. Дар давоми бештар аз даҳ соли охир маоши муаллимон чанд маротиб баланд шуд. Ба ҷуз маоше, ки давлат муайян кардааст, ба мақомоти давлатии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо имконият ва иҷозат дода шудааст, ки аз маблағҳои худашон низ муаллимонро дастгирӣ намоянд. Баъдан, ҳоло замони иқтисоди бозорист. Дар мактабҳо ғайр аз фанҳои асосие, ки давлат пешниҳод мекунад, фанҳои алоҳидаро худи мактаб ё падару модарон интихоб мекунанд. Ва таълими он фанҳо ройгон нест. Муаллим пас аз кор боз бо бачаҳои хоҳишманд машғул мешавад ва ба ин васила низ ӯ метавонад музди бештар ба даст орад. Ҳоло музди миёнаи муаллимон дар як басти кор аз 500 сомонӣ бештар аст. Барои таъмини маишати рӯзгор маош бисёр муҳим мебошад, вале бояд ҳамеша дар назар дошт, ки омӯзгорӣ пешае нест, ки аз рӯи он рӯз гузаронӣ. Муаллимӣ, пеш аз ҳама, ишқ аст. Дар ин хусус Муҳаммад Ҳиҷозӣ, мутафаккири машҳури эронӣ, мегӯяд: "Муаллимӣ пеша нест. Агар онро пеша гумон кунию василаи рӯзгузаронӣ, раҳояш кун. Агар он ишқи ту аст, табрик бод". Ҳамаи шахсиятҳои маъруф муаллимиро чун ишқ тасвир ва таъкид кардаанд.
- Бар хилофи ин гуфтаҳо, дар деҳот камтар, вале дар шаҳрҳо бештар, муаллимон аз хонандагон пул меситонанд. На танҳо барои дарсҳои иловагӣ, барои дарсҳои асосӣ низ. Инро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ин, албатта, боиси таассуф аст. Дар Сарқонуни Тоҷикистон ройгон будани таълим зикр шудааст. Обрӯи муаллим, қабл аз ҳама, дар меҳнати покизаи ӯст. Аз ин ҷост, ки мо мегӯем, нони муаллимӣ мисли чашмаҳо зулолу ҳалол аст. Шояд дар баъзе мактабҳо чунин ҳолатҳо ҷой дошта бошанд, вале ман итминон дорам, ки бо мурури замон, бо зиёд шудани маош ин чиз аз байн меравад. Дар гимназияю литсей ва мактабҳое, ки аз барномаи муқарраршуда бештар ба хонандагон дарс медиҳанд, таълими музднок ҷорист. Инро қонун иҷозат додааст. Вале сарфи назар аз ҳама, муаллим бояд дар ҳама вазъу замон муаллим бимонад.
- Бо вуҷуди пешрафт, дар соҳаи маориф мушкилот низ кам нест. Ба фикри Шумо, онҳоро чӣ гуна бартараф кардан мумкин аст?
- Албатта, дар бораи мушкилиҳои мактабу маориф зиёд мегӯянд. Бархе шояд аҳди шӯравиро фаромӯш карда бошанд ё он солҳо ҳанӯз таваллуд нашуда буданд. Маорифи замони шӯравӣ бо вуҷуди рушди густурда мушкилиҳои зиёде дошт. Мактабҳо аз нарасидани омӯзгорони соҳибихтисос танқисӣ мекашиданд. Имрӯз ҳам яке аз мушкилиҳои асосӣ нарасидани муаллим аст. Ҳарчанд баъзан мегӯянд, ки мактабҳоро бо муаллим таъмин кардаем, ин таъмини нисбӣ мебошад. Ҳозир дар мактабҳои зиёде муаллимон аз рӯи ихтисос кор намекунанд. Дар синфҳои ибтидоӣ ҳамагӣ 73 дар сади муаллимон соҳибихтисосанд. Боқӣ факултаҳои дигарро хатм карданд. Чун мувофиқи ихтисосашон кор пайдо накардаанд, муаллими синфҳои ибтидоӣ таъин шудаанд. Бархе роҳбарони шуъбаҳои маориф таълими синфҳои ибтидоиро осон гумон карда, ин корро ба ғайриихтисосҳо вогузор менамоянд. Ман дар хотир дорам, ки дар Ҳисор бригадири колхозро аз кор озод карда, муаллими синфи ибтидоӣ таъин карда буданд. Бубинед, омӯзгорро ҳатто аз кӯча меоранд. Дар баъзе ҷойҳо ҷавононро баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ муаллим таъйин мекунанд. Ин дар ҳолест, ки таҳсили ибтидоӣ барои толибилмон давраи мушкилтарин маҳсуб мешавад. Хусусиятҳои равонию ҷисмонии кӯдакро дониста, мувофиқи он амал кардан лозим аст. Як сабаби нарасидани муаллимон дар он аст, ки бархе хатмкардагони донишгоҳҳо барои кор ба мактаб намераванд. Ҳатто дар шаҳри Душанбе муаллимони забонҳои инглисию русӣ кофӣ нестанд.
- Вазорати маориф тасмим гирифта буд, онҳоеро, ки баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ ба ҷои кори муқарраршуда намераванд, ба баргардонидани маблағи таҳсил водор намояд. Оё ин тадбир барои ба мактаб ҷалб намудани ҷавонон таъсиргузор аст?
- Ин тадбир таъсир намерасонад. Роҳи ҳавасмандкуниро бояд ёфт. Мактаб бояд ҷавононро ба худ ҷалб кунад. Шароити моддию маънавиро муҳайё кардан лозим аст, то ҷавонон худ сӯи мактаб бираванд, мисли об сӯи замини ташналаб.
Мушкили дигари маориф нокифоя будани ҷойи нишаст дар бисёр мактабҳост. Имрӯз мо мактабҳои зиёд месозем, дар замони шӯравӣ шояд ин миқдор насохтаем. Вале ҳанӯз мушкили камбуди ҷойи нишаст рафъ нагардидааст. Дар паси як миз то се нафар менишинад. Ҳамзамон ин камбудӣ боиси он мешавад, ки дар мактабҳо тадрис дар ду - се баст сурат бигирад. Барои ташкилу баргузории маҳфилҳо имкон нест. Донишеро, ки хонанда танҳо дар синф мегирад, набояд кофӣ шумурд. Барои бачаҳо машғулияту маҳфилҳо ва бозиҳои варзишӣ низ лозиманд. Масъалаи тарбияи комили насли наврасро бояд андешид. Мактабҳоро бо компютер таъмин кардем, аммо масъалаи маҳдуд кардани неруи барқ ҷой дорад. Ҳарчанд таъкид мешавад, ки мактаб бояд ҳамеша бо барқ таъмин бошад, лекин чунин нест. Дар бисёр мактабҳо барои гузаронидани дарси меҳнат тахтаю оҳан ва дигар лавозимот надоранд. Барои бозиҳои варзишӣ ҳатто тӯб нест. Мо ҳама чиро ба зиммаи давлат мепартоем, вале дар масъалаи таъмини мактабҳо бо ашёи зарурӣ соҳибкорон низ метавонанд ёрӣ расонанд. Албатта, соҳибкороне ҳастанд, ки мактаб месозанд, парваришгоҳҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунанд. Вале хуб мебуд, ки онҳо на танҳо дар ҷашнҳо, балки мунтазам мададгорӣ намоянд. Ва на танҳо бо орду равған, инчунин бо таҷҳизоти мактабӣ, бо озмоишгоҳҳо. Имрӯз аз ҷиҳати истифодаи озмоишгоҳҳои кимиёиву физикӣ ақиб мондаем. Ҳатто мактабҳои олӣ танқисӣ мекашанд. Хонандагонро аз рӯи таҷҳизоти куҳна омода мекунанд, аммо дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ба таҷҳизоти нав сарукор мегиранд ва талаботи озмунро иҷро карда наметавонанд.
- Барои ҷалби соҳибкорон ба сарпарастии мактабҳо шояд расман аз ҷониби давлат имтиёзҳо муқаррар карда шавад?
- Албатта, агар соҳибкор мактабро сарпарастӣ намояд, давлат ӯро дастгирӣ мекунад. Ин нукта ҳамеша таъкид мешавад. Таваҷҷуҳ ба мактаб рисолати тамоми ҷомеа аст. Имрӯз рисолати мактаб танҳо аз дониш додан иборат нест. Дар ҷои аввал тарбия қарор дорад. Дар шароити ҷаҳонгароӣ барои он ки мо худро ҳамчун миллат гум накунем, бояд сатҳи маънавиётамонро баланд бардорем. Забону адабиёту таърихамонро нигоҳ дорем ва ба ояндаҳо интиқол диҳем. Падару модарон ҳам бояд нисбати мушкилоти мактаб бетараф набошанд. Мутаассифона, дар хонаводаҳо ба тарбияи кӯдакон кам эътибор медиҳанд. Чунин муносибат боис шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" қабул гардад. Ин қонун падару модарро водор месозад, ки бо фарзандон бештар машғул шаванд. Дар кишварҳои пешрафта вақте ки кӯдак ба синфи якум меравад, китоб мехонад, то рақами сад ҳисоб карда метавонад.
- Оё механизми иҷрои ин қонун муайян шудааст?
- Бале. Перомуни тадбирҳои иҷрои қонуни мазкур маҷмуае ба табъ расидааст. Ҳамзамон доир ба шарҳи он ду китоб мунташир шуд. Мушкил он аст, ки ин китобҳо бо теъдоди кам чоп мешаванд. Ба ҳамаи мактабҳо намерасанд. Аслан, таъмини мактабҳо бо китобҳои нав яке аз мушкилиҳои дигари соҳаи маориф мебошад. Дар бештари китобхонаҳои мактабӣ асосан китобҳои замони шӯравиро метавон пайдо кард. Роҳбарияти мактаб дар ин самт чандон кӯшиш намекунанд. Завқи хонандагон ба хондани китоб коҳиш ёфтааст. Бештар ба компютеру василаҳои дигари техникӣ майл доранд. Мо бояд ба кӯдак фаҳмонем, ки ягон чиз ҷои китобро гирифта наметавонад. Он лаззати бадеию зебоишиносие, ки хонанда аз мутолиаи китоб мегирад, аз ҷойи дигар пайдо нахоҳад кард.
- Пас, сатҳи маърифати хонандагон то кадом поя ҷавобгӯи талабот мебошад?
- Вазорати маориф чанд бор санҷишҳо гузаронда, муайян намуд, ки дар баъзе минтақаҳо сатҳи дониши хонандагон 47 дар сад, дар минтақаҳои дигар 53-60 дар садро ташкил медиҳад. Аз ҷониби дигар, имрӯз ҳаҷми маълумот ё дониш хеле афзудааст. Чанд сол пеш дар мактабҳо 7-8 фан мехонданд, ҳоло он 16-20 номгӯйро ташкил медиҳад. Аз хонанда омӯхтани ҳамаи онҳоро талаб кардан душвор аст. Роҳҳои шавқовар навиштани китобҳоро бояд ёфт. Имсол китобҳои дарсии навро тақсим карданд. Бубинем, чӣ натиҷа медиҳад. Талабот ҳар рӯз тағйир меёбад. Мувофиқи он маводи таълимиро навиштан лозим аст. Ҳоло стандарти таълим дар мактабҳо омода ва пешниҳод шудааст, ки он ҳам масъулият ва ҳам салоҳияти муаллим ва падару модарро муайян мекунад. Умедворем, ки қабули он дар рушди бештари бахши маориф мусоидат хоҳад намуд.
Барнои ҚОДИРДУХТ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.10.12 №: 128-129 Мутолиа карданд: 6023