logo

сафарҳо

Боздид аз боғу токзори ноҳияи Ҳисор

7 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба боғу токзор ва заминҳои полезии лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, дар ҷамъоварии ҳосили фаровони заҳмати деҳқонону боғпарварон бевосита иштирок намуд.
Тавре  ки  аён  мегардад,  рушди боғутокпарварӣ, ки аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзии кишвар мебошад, таҳти назорати доимии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, қарор дорад.

Ин  аст,  ки  бо  супориши  Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти мамлакат,  баҳри рушди соҳаи боғутокпарварӣ барномаи мақсадноки давлатӣ барои солҳои 2007-2010 қабул шуда буд ва тибқи он дар зарфи 4 сол бояд дар  майдони  5680  гектар  боғу токзори нав  бунёд  ёфта,  наздики  2700  гектар боғу токзори кӯҳна барқарор мешуд.
Ба туфайли ҳавасмандгардонии мунтазами боғпарварон, ки ба таври шоиста бевосита аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, сурат мегирад, тибқи нишондодҳои оморӣ, ин барномаи чорсола дар се сол барзиёд иҷро шуд.
Аз ин хотир моҳи августи соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи нави боғутокпарварӣ қабул карда шуд, ки тибқи он дар солҳои 2010-2014 бояд дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд шавад.
Тавре аз иттилооти масъулони соҳа бармеояд, дар солҳои 2010-у 2011 ва 8 моҳи соли 2012 дар майдони зиёда аз 36600 гектар боғу токзори нав бунёд ёфтааст, ки 5040 гектар аз нақшаи иҷрои фармони мазкур дар ин муддат зиёд буда, баробар ба 115,8% он мебошад.
Танҳо дар ин боғу токзори лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор, ки бо супоришу ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бунёд ёфтааст, зиёда аз 5 ҳазор нафар аҳолии маҳаллӣ бо кор, маоши хуб ва ҳамчунин бо меваи хушлаззату ҳезум таъмин мегарданд. Тавре зикр гардид, аҳолии деҳоти атроф қаблан дар ин заминҳо гандуми лалмӣ кишт карда, ҳосили ночиз мегирифтаанд. Ҳоло бошад, даромаднокии онҳо аз боғу токзор даҳҳо маротиб афзудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло аз ин боғу токзор ҳамарӯза даҳҳо тонна ангур, себу нок ва тарбузу харбузаи лалмӣ ба бозори дохилӣ ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон, ба фурӯш бароварда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.10.12    №: 131    Мутолиа карданд: 2118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед