logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012”

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 11, мод. 773; с. 2012, № 3, мод. 229; № 4, мод. 279; № 5, мод. 352; № 6, мод. 464; мод. 465) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Дар моддаи 18:
-ба қисми ҳафтум баъд аз калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад,» калимаҳои «инчунин воридоти 20 адад автобусҳои тамғаи «MAN», ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Авиакомпания Осиё Экспресс» амалӣ мегардад,» илова карда шаванд;
-қисмҳои дувоздаҳум ва сенздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (пойгоҳи вагонҳои боркашии шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи Қурғонтеппа, истгоҳҳои роҳи оҳани Қурғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ,  Бӯрёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қурғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди «Мусофирбар»-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳан тааллуқ дорад, ба истиснои андозҳои то 1  июни соли 2012 пардохташуда, аз пардохти андози замин, андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо озод карда мешавад.
Аз хориҷа ворид намудани чорвои зотӣ бо мақсади истеҳсол ва коркарди бештари маҳсулоти чорводорӣ дар дохили мамлакат, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дорад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Сархати якуми банди якум ва банди якуми сархати дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2012 ва банди дуюми сархати дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 6 октябри соли 2012,  № 902


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012”
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2012, № 922


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.12    №: 132    Мутолиа карданд: 3651
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед