сафарҳо
Ташриф ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
14 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёров, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эркин Раҳматуллоев, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт, Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.12 №: 133-134 Мутолиа карданд: 2044