logo

сафарҳо

Иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Боку

16 октябр дар шаҳри Боку -пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як зумра кишварҳои дигар ҳамоиши 12-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) баргузор шуд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш ба шаҳри Боку ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Сарвазири Туркия, намояндагони воломақоми Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистону Ӯзбекистон ва фиристодагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ ташриф оварданд.
Дар ҳамоиш масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф, илму техника, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ доир ба инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истифодаи захираҳои обию барқӣ, бунёди минтақаҳои тиҷорати озод, эҷоди шароити мусоид барои рафтуомади озоди одамон ва интиқоли бемамониати молу нақлиёт ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва кишварҳои аъзои он бояд дар татбиқи босамари онҳо фаъолу ташаббускор бошанд.
Таъкид гардид, ки ин созмон ва кишварҳои аъзои он метавонанд ташаббусро дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, аз ҷумла роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатҳои интиқоли неруи барқ ба мисли лоиҳаи КАСА-1000, хатҳои интиқоли газ ва ғайра ба дасти худ бигиранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо ёдоварӣ аз фаъолияти Хазинаи вижаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба эҳёи Афғонистон ва Нақшаи амалиёти он, изҳори боварӣ намуд, ки ин созмон аз лоиҳаи бунёди Маркази минтақавии касбию техникӣ оид ба омодасозии кадрҳо барои иқтисодиёти Афғонистон дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.
Дар фароварди сухани худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ба усулҳо ва ҳадафҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ содиқ буд ва хоҳад монд ва омода аст сатҳу сифати ширкати худро дар чаҳорчӯби фаъолияти он баландтару хубтар намояд».
Хотиррасон бояд намуд, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, соли 1992 ба он Афғонистону Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аъзо шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.12    №: 133-134    Мутолиа карданд: 2397
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед