logo

сафарҳо

Боздид аз шаҳри Габалаи Озарбойҷон

14 октябр боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Габала оғоз ёфт. Дар шаҳри Габалаи Озарбойҷон Сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз маҷмааи саноатии корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти «Jale» ва осорхонаи Ҳайдар Алиев дидан кард.
Дар маҷмааи саноатии «Jale» Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо истифодаи технологияи навтарини коркарди меваю сабзавот ва таҷрибаи соҳибкорони пешқадами хусусӣ аз наздик шинос шуда, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар ин ва дигар самтҳои фоидабахш гуфтугӯи судманд анҷом дод.
Тавре зикр гардид, ин маҷмаа бо харҷи 50 миллион евро бунёд ёфтааст ва дар он беш аз 3 ҳазор нафар кор мекунад. Дар ин ҷо асосан афшураи  табиии меваю сабзавот омода ва бастбандӣ мешавад.
Дар коргоҳи дигари ин маҷмаа ба меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ технологияи навтарини нигаҳдории меваю сабзавот дар сардхонаҳо намоиш дода шуд. Чунонки зикр гардид, навъҳои гуногуни мева дар ҳарорати аз 0 то +5 дараҷа ба муҳлати то як сол беосеб нигаҳ дошта мешавад.
Дар «Маркази Ҳайдар Алиев» бошад, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз намоишгоҳи аксҳои собиқ Президенти Озарбойҷон, пешвои умумимиллии ин кишвар Ҳайдар Алиев дидан кард.
Дар ин ҷо аксҳои ин шахсияти маъруфи таърихӣ аз овони кӯдакӣ то мактабхонию донишҷӯӣ ва фаъолияти ӯ дар идораҳои гуногуни собиқ давлати шӯравӣ ва роҳбариаш дар Озарбойҷони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шудааст. Тавре зикр гардид, мардуми Озарбойҷон ба хизматҳои шоёни Ҳайдар Алиев ҳам дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ, ҳам дар солҳои вазнини пеш аз истиқлолият ба даст овардани ин ҷумҳурӣ ва ҳам дар даврони рушди мустақили давлат арҷгузорӣ карда, аз ӯ ба унвони наҷотбахши миллати Озарбойҷон ёдовар мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.12    №: 133-134    Мутолиа карданд: 1999
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед