logo

мулоқотҳо

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шаҳри Душанбе, 19 октябри соли 2012

Таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушд иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ду нафар аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ - Музаффар Саймуддинов, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кафолат» ва Баҳром Рустамов, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Даврон» ба узвияти Шӯрои машваратӣ пазируфта шуданд.
Сипас гузориши Давлаталӣ Саидов, котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, оид ба рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ шунида шуд.
Таҳия ва қабули Кодекси нави андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, ки бо ҷалби васеи сохторҳои масъули давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, шарикони хориҷии рушд ва аҳли ҷомеаи кишвар сурат гирифт, аз самараҳои хуби фаъолияти Шӯро дар соли равон номида шуд. Зикр гардид, ки барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва пешниҳод шудааст.
Доир ба ин масъала ҳамчунин Улф Ҳиндстром - намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Масъуда Тӯраева, роҳбари Иттифоқи ассотсиатсияҳои соҳибкории вилояти Суғд, сухан гуфта, аз пешрафти ботадриҷи корҳо дар самти беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ изҳори қаноат карданд.
Муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа буд. Ин кор аз ҷониби Миралӣ Қодиров, роҳбари Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе, анҷом ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин самт тадбирҳои зиёд анҷом ёфтаанд, вале онҳо ҳанӯз нокифояанд, зеро то ҳол санҷиши субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла барои соҳибкорон мураккаб ва гарон боқӣ мондааст.
Дар ин бора ҳамчунин Штефан Эрбер, намояндаи Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, изҳори андеша намуд.
Доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Суғд, ки масъалаи сеюми ҷаласа буд, Қоҳир Расулзода, раиси ин вилоят, гузориш дод. Бунёди 66 корхонаи хурди хусусии истеҳсолӣ дар соли 2011 ва 100 адади дигар бо 6 ҳазор ҷойи кор дар соли 2012 натиҷаи ҳамкории хуби сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар вилояти Суғд номида шуд.
Зимни муҳокимаи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯро масъалаи беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба он ворид карда шуд.
Дар фароварди ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, суханронӣ намуда, ба сохторҳои масъули давлатӣ доир ба беҳсозии минбаъдаи фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, ташкили дурусти шарикии миёни давлат ва бахши хусусӣ, сода намудани расмиёти соҳаҳои андоз, гумрук, иҷозатдиҳӣ, санҷишҳои молиявӣ, содироту воридоти молу маҳсулот ва ғайра дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки Фонди дастгирии давлатии соҳибкории хурди хусусии истеҳсолӣ таъсис дода шавад. Таъкид гардид, ки ба ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ ахбори раиси Шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.12    №: 135    Мутолиа карданд: 2203
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед