logo

мулоқотҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

19 октябр, нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, Сюзен Мари Эллиот, Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Никитюк Виктор Олегович аз Украина ва Ван Левен Ретер аз Нидерландия, барои намояндагии дипломатӣ кардан аз давлатҳои худ эътимоднома супурданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, онҳоро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд нақши намоён мегузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз сатҳи баланди ҳамёрии пурмазмуни Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат ва амният изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодиро таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, Украинаро шарики муҳими Тоҷикистон дар фазои афзалиятноки пасошӯравӣ номида, бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки дар тӯли 21 соли рушди мустақил ду кишвар густариши зина ба зинаи робитаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии худро таъмин намуда, босамар идома медиҳанд.
Шоҳигарии Нидерландия бошад аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо номида шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Тоҷикистону Нидерландия дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамгироии боз ҳам босамар ба роҳ мемонанд.
Сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия дар навбати худ изҳор доштанд, ки барои рушди босуботи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

www.president.tj


Сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия баъд аз супурдани эътимоднома ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигрон суҳбат карданд.
Сюзен Мари Эллиот, Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, сатҳи кунунии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрикоро тавсиф намуд. Ӯ изҳор дошт, ки дар суҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон доираи васеи ҳамкориҳои ба ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шудааст. Дар гуфтугӯи тарафайн ба сатҳи ҳамкориҳои амниятии ду давлат баҳои баланд дода шуда, густариши равобити минбаъда дар бахшҳои иқтисодӣ, маориф ва фарҳанг таъкид гардидааст.
Сюзен Мари Эллиот, ки дар ин мақом Кеннет Гроссро иваз намуд, изҳор дошт, ки ба сифати намояндаи дипломатии Амрико барои таҳкими ҳарчи бештари ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Никитюк Виктор Олегович, Сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон, аз он ки нахустин намояндаи дипломатии ин кишвар дар мамлакати мост, изҳори хушҳолӣ кард. Ба қавли ӯ, Тоҷикистону Украина шарикони боэътимод буда, равобити деринаи дӯстию ҳамгироӣ доранд. Дипломати украин итминон дод, ки татбиқи санаду созишномаҳои ҳамкории ду давлат, ки  дар сатҳи олӣ ба имзо расидаанд, меҳвари фаъолият қарор дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда ҷиҳати вусъат бахшидани равобити ду кишвар аз худ нақше боқӣ хоҳад гузошт.
Ван Левен Ретер, Сафири нави Нидерландия дар Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бештар рӯи масоили тиҷорат, тавсеи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ табодули назар шудааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон Шоҳигарии Нидерландияро дар қораи Аврупо шарики асосии тиҷоратии худ эътироф мекунад. Зикр шуд, ки ин кишвар аз нигоҳи содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон мақоми дуюмро ба худ ихтисос додааст. Аз ин рӯ, ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои ду давлат дар ин самт ва табодули таҷрибаи кишоварзонро таъкид намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ван Левен Ретер, аз замони истиқрори муносиботи дипломатии Тоҷикистону Нидерландия бори дувум ба мақоми сафири ин кишвар дар ҷумҳурии мо таъйин шуд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.12    №: 135    Мутолиа карданд: 2380
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед