сафарҳо
Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Финляндия
23 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Финляндия сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёров, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Азим Иброҳим, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.12 №: 135 Мутолиа карданд: 2118