суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи нақби Шаҳристон, ноҳияи Шаҳристон, 27 октябри соли 2012
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони муҳтарам!
Дар зарфи бист соли охир, аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азизамон, сарфи назар аз ҳама гирдоби ҳаводис ва шебу фарози ин давра, дар сарзамини мо рӯйдоду корнамоиҳое амалӣ гардиданд, ки барои садсолаҳо аҳамият доранд ва аз насли имрӯза барои ояндагони сипосгузор чун кохи бегазанд, чун нишонаи ватандӯстӣ, ҳимматбаландӣ ва дурандешии ҳамзамонони мо поянда мемонанд.
Яке аз чунин корномаҳои муҳташами даврон эҳёи Роҳи бузурги абрешим, ки ҳанӯз дар аҳди давлатдории ниёкони сарбаланди мо - Сомониён ба авҷи аълои тараққиёт расида буд, вобаста ба талаботи асри бисту як, асри рушди босуръат ва ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Ин амри воҷиб аст, зеро дар шароити рушди кунунӣ, чунонки борҳо таъкид намудаам, пешрафти кишвар бидуни роҳҳои наву замонавии мошингард, роҳҳои оҳан ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ, танзими шабакаҳои муҷаҳҳази коммуникатсионӣ ва алоқа имконнопазир аст.
Ба шарофати Роҳи бузурги абрешим Тоҷикистон аз чаҳорчӯбаи маҳдуди ҷуғрофӣ мебарояд, вале мо ҳамчунин бояд донем, ки тавассути кишвари мо он ба роҳи кӯтоҳтарини байниқитъавии Осиё ва Аврупо табдил меёбад ва ба густариши робитаҳои ҳамаҷониба миёни давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд.
Дар ниҳояти кор ба шарофати роҳҳои навбунёд Тоҷикистон ба истиқлолияти коммуникатсионӣ муваффақ гардида, аз вобастагии иқтисодию молиявӣ озод ва ба мамлакати воҳиди воқеан соҳибистиқлол мубаддал мешавад, ки орзуи ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мост.
Мо доимо дар хотир бояд дошта бошем, ки ин ҳама комёбиҳою музаффариятҳо дар замони истиқлолият ва давлатдории миллии тоҷикон даст доданд. Имрӯз, ки мо ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияе, ки ба таърихи навини миллати мо дар ҳазорсолаи сеюм ибтидо гузошт, омодагӣ мебинем, бояд ҳамеша шукронаи истиқлолият ва давлатдории миллӣ кунем.
Истиқлолият ва давлатдории миллӣ таҳкурсии ҳамаи муваффақиятҳост ва мояи ифтихору сарфарозии мост.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо камоли ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки эҳёи Роҳи бузурги абрешим дар кишвари мо бо расми ифтитоҳи боз як иншооти муҳими стратегӣ – нақби Шаҳристон ба фарҷоми мантиқии худ мерасад.
Дар ин лаҳзаҳои воқеан хотирмони таърихӣ тамоми сокинони мамлакат, ҳозирини арҷманд ва меҳмонони гиромиро бо оғоз шудани фаъолияти нақби васлкунандаи Шаҳристон, ки барҳақ эъҷози неруи зеҳнӣ ва иродаи матини инсонист, самимона табрику муборакбод мегӯям.
Мо шаш сол пеш ба корҳои сохтмонии нақби Шаҳристон оғоз бахшида будем ва ин лаҳзаҳо шоҳид гаштем, ки ин шоҳкории миллӣ бо заҳмати шабонарӯзии мутахассисони ватаниву чинӣ ва азму талоши бесобиқаи насли созандаи мамлакатамон ба анҷом расонида шудааст.
Бо истифода аз фурсат ба муҳандисону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар ин ҷабҳаи созандагии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Ҳамзамон, дар ин рӯзи таърихӣ хосатан ба роҳбарият, мутахассисони роҳсози Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар бунёди нақби Шаҳристон саҳми сазовор гузоштаанд, арзи сипосу миннатдории самимонаи халқи тоҷикро тақдим медорам.
Зеро дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз тавассути дастгириву сармоягузориҳои ин ҳамсояи бузурги мо чандин иншооти муҳими кишвар мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз низ бунёди иншооти гуногун идома доранд, ки нишонаи воқеии ҳамкориҳои байни ду давлати дӯст мебошанд.
Нақби Шаҳристон ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Ватанамон бунёд гардид ва мо имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки дар марҳалаи кунунии рушди кишварамон асосан ҳамаи мушкилоти равобити нақлиётии мамлакатамон бартараф шуда, мутахассисони мо дар ҷодаи бунёди ҳамагуна иншооти коммуникатсионӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтанд.
Татбиқи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - Чанак дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати чинӣ оид ба сохтмони роҳу пулҳо бо сатҳу сифати ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумии лоиҳаи мазкур қариб як миллиарду 430 миллион сомониро ташкил додааст.
Нақби Шаҳристон, ки самараи истиқлолияти давлатӣ ва меҳнати созандаи мардуми куҳанбунёду меҳнатқарини кишварамон маҳсуб мешавад, бо сарфи қариб 430 миллион сомонӣ бунёд гардида, дарозии нақби мошингузар 5253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5289 метрро ташкил медиҳанд. Акнун баъди мавриди истифода қарор гирифтани нақб ҳаракати мунтазами ҳамаи воситаҳои нақлиёт дар тамоми фасли сол таъмин карда мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои тӯлонӣ ҳангоми гузаштан аз ағбаи Шаҳристон, хусусан дар фасли зимистон бар асари боришоти пай дар пай, фаромадани тарма ва садамаҳои зиёди нақлиётӣ талафёбии молу маҳсулот ва ҳатто ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирон ба мушоҳида мерасид.
Аз ин лиҳоз, мавриди истифода қарор гирифтани нақби Шаҳристон ҳамчун неъмати даврони истиқлолият дар раванди таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон мақоми арзандаи худро ишғол хоҳад кард.
Худ қиёс кунед, агар мардум дар солҳои пеш барои убур кардани роҳи душворгузари байни шимолу ҷануби мамлакат то понздаҳ соат масраф менамуданд, ҳоло ин масофаро дар шароити бехатариву бидуни мамоният дар 3-4 соат тай хоҳанд кард.
Ҳамзамон миқдори зиёди сӯзишворӣ сарфа гардида, имконияти ҳамлу нақли молу маҳсулоти ниёзи мардум ва робитаҳои тиҷоратии минтақаҳо, бахусус аз вилояти Суғд тариқи роҳи байналмилалӣ то ағбаи Кулма ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Муҳимтар аз ҳама, минбаъд иртиботи тиҷоратии Тоҷикистон аз тариқи ин шоҳроҳи бузург бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Чину Афғонистон ва Эрону Покистон вусъати нав пайдо намуда, ба паст шудани нархи молу маҳсулоти воридотӣ мусоидат менамояд ва дар самти пайвастан ба роҳҳои тиҷорати обии қитъаи Осиё имкониятҳои иловагӣ ба миён меоянд.
Дар баробари ин, ҳоло аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи нақшаву барномаҳои созандаву ободкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла, кандани нақбҳои мошингузар, таҷдид ва бунёди роҳу пулҳо ва сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Чанд лаҳза пештар, яъне то назди шумо омадан мо бо иштироки сокинони водии зебоманзари Зарафшони зарнисор ҷиҳати таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, ки даҳсолаҳо инҷониб корношоям гардида, барои мардуми минтақа мушкилот эҷод менамояд, ҳусни ифтитоҳ бахшидем.
Умедворем, ки ин лоиҳа дар муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом мерасад ва проблемаҳои рафтуомади сокинони ин гӯшаи зебои диёрамон ҳаллу фасл гардида, ҳамзамон ташрифи меҳмонону сайёҳон ба он боз ҳам афзоиш меёбад.
Чунонки борҳо иброз намудаам, мо аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ бо дарназардошти тамоми инфраструктураи нақлиётии мутобиқ ба меъёрҳои роҳсозии ҷаҳониро яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлатамон қабул кардаем ва бо ҷалби сармояҳои ватаниву хориҷӣ онҳоро дар амал татбиқ карда истодаем. Бахусус, солҳои охир дар бахши сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилии кишвар тадбирҳои мушаххасу манфиатбахш андешида мешаванд.
Алҳол дар кишвар 57 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз нуҳ миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар назар аст, ки дар солҳои наздик як қатор лоиҳаҳо дар ин самти фаъолиятамон амалӣ гардида, дар баробари идома додани бунёди иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ садҳо километр роҳҳо ва нақбу пулҳо таъмиру таҷдид ва сохта хоҳанд шуд.
Дар раванди корҳои сохтмонии нақби Шаҳристон мардуми вилояти Суғд бо истифода аз таомулу анъанаҳои меҳмондӯстии аҷдодиамон ба роҳсозону нақбканон мунтазам кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида, ҳамеша ҳамроҳу ҳамнафаси онҳо буданд ва аз фурсати муносиб истифода намуда, ба ҳамаи соҳибватаноне, ки ба нақбканон кӯмакҳои худро дареғ надоштанд, аҳсант гуфта, сипосгузорӣ менамоям.
Бо ифтитоҳ гардидани нақби Шаҳристон мунтазамии ҳаракати воситаҳои нақлиётии байни тамоми минтақаҳои кишвар пурра таъмин шуда, қисмати таърихии Роҳи бузурги абрешим эҳё мегардад.
Дар ин лаҳзаҳо як нуктаро таъкид бояд кард, ки роҳу пулҳо пайвандгари мардуми минтақаҳои гуногунанд, ба ошноиву дилгармии онон мусоидат менамоянд, рафту омад ва қаробатро таҳким мебахшанд, сабабгори хешу таборӣ мегарданд, ки дар маҷмуъ ин ваҳдати комили як кишвари воҳидро ба вуҷуд меорад.
Ҳозирини гиромӣ!
Рӯйдоди муҳиму хотирмоне, ки мо айни замон шоҳиди он гардидем, на танҳо ба сокинони вилояти Суғд, балки барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти Ватани маҳбубамон падидаи нек буда, аз самараи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, ободкориву созандагӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва аз муташаккилии тамоми мардуми меҳанпарасти мо шаҳодат медиҳад.
Дар зарфи ин солҳо шоҳроҳи Душанбе – Чанак бо сатҳу сифати меъёрҳои ҷаҳонӣ ба истифода супурда шуда, хатҳои баландшиддати интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол” ва “Хуҷанд-Айнӣ” пеш аз муҳлат ба анҷом расиданд.
Бо азму ибтикори Ҳукумати мамлакат мо тавонистем шабакаи ягонаи энергетикии ҷануб ва шимоли кишварро дар лаҳзаҳои ҳассосу зарурӣ бунёд намуда, мавриди истифода қарор диҳем. Яъне ин қадами аввалину устувор дар самти таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.
Бояд зикр намоям, ки дар масири ин шоҳроҳ чанд сол қабл нақби “Истиқлол” ба истифода супурда шуд, ки дар натиҷа робитаи доимии ҳаракати нақлиётии вилояти Суғд дар тамоми фаслҳои сол бо минтақаҳои кишвар таъмин шуда, мушкилоти вазнини рафтуомади аҳолӣ ҳал гардидааст.
Итминони комил дорам, ки нақби Шаҳристон барои боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати рӯзгори аҳолӣ, рушди устувору босуботи бахшҳои иқтисодии Ватанамон нақши арзанда мегузорад.
Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи роҳсозиву нақбкании мутахассисони тоҷик ташаккул меёбад ва дар оянда бо дарназардошти неруи созандаи ақлонии андӯхтаамон бо иқтидорҳои иқтисодии худ мо метавонем ҳамагуна иншооти мураккабро тарҳрезӣ ва бунёд намоем.
Вобаста ба ин, мутахассисону коргарони мушкилнописанде, ки дар шароити вазнини кӯҳсорон дар сохтмони нақб шабонарӯзӣ шуҷоатмандона заҳмат кашидаанд, барои рушду пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистони маҳбубамон корнамоии бузургро сарбаландона ба анҷом расонида, ба наслҳои ояндаи миллатамон чунин рисолати неки нақбсозиву роҳкушоиро ҳамчун рамзи ибрат ва ҳидоят барои садсолаҳо ба мерос мемонанд.
Тавре ки огоҳӣ доред, нақшаву барномаҳои бунёдкориву созандагӣ дар қаламрави мамлакатамон хеле зиёд мебошанд ва умед дорам, ки мо бо азму иродаи матини дучанд ба сохтмони чунин шоҳкориҳои азим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар идома бахшида, ҷиҳати ободиву шукуфоии сарзамини куҳанбунёдамон шабонарӯзӣ заҳмат мекашем ва бо ҳисси баланди худшиносиву ифтихор Ватани муқаддасамонро ба кишвари ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мубаддал месозем.
Бунёди ин иншооти муҳиму стратегии аср, ки васлгари минтақаҳои кишвар маҳсуб мешавад, Ҳукумат ва миллати шарифу тамаддунсози моро водор месозад, ки дар самти татбиқи нақшаву барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ватани азизамон бо кору пайкори тозаи созандаву дастҷамъона саъю талош намоем.
Бори дигар бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ - ба анҷом расидани сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Истаравшан - Хуҷанд - Бӯстон – Чанак ва дар доираи ин лоиҳа ифтитоҳи нақби Шаҳристонро ҳамчун амалӣ шудани ормонҳои деринаи халқамон дар бистуякумин солгарди Истиқлолияти Ватани маҳбубамон ва ба ифтихори таҷлили бистсолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзандаву шоиста ба кулли мардуми кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо сиҳатии комил, саодати рӯзгор, файзу баракат ва пирӯзиҳои тозаро орзу менамоям.
Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамватанони арҷманд!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.12 №: 136-137 Мутолиа карданд: 3610