logo

сафарҳо

Cафари корӣ ба вилояти Суғд

Субҳи 27 октябри соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, зербиноӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат дар вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, дар фазои тантанавӣ ба навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғози расмӣ бахшида шуд.

Навсозии роҳи
Панҷакент - Айнӣ

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи шоҳроҳ 114 км буда, дар доираи ин тадбир ҳамчунин қариб 60 км роҳҳои маҳаллии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент аз нав сохта мешавад ва дар маҷмуъ масофа ба зиёда аз 170 км мерасад.
Зикр гардид, ки барои навсозии роҳи мазкур 650 миллион сомонӣ, яъне қариб яксаду чил миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардида, корҳо бояд дар муҳлати ду-се сол ба анҷом расонда шаванд.
Тибқи нақша паҳнои қисмати асосии роҳи нав аз 12 то 15 метр ва дар дохили шаҳри Панҷакент 20 метрро ташкил медиҳад. Роҳи дохили шаҳр чорхата ё чорқатора шуда, дар чанд ҷой гузаргоҳҳои зеризаминӣ ҳам бунёд меёбанд. Ин лоиҳа ҳамчунин сохтмону навсозии 31 адад пулро бо масофаи қариб 900 метр ва чароғон намудани 41 километр роҳҳои маҳалҳои аҳолинишин ва хариди техникаву таҷҳизоти нигаҳдории роҳро ба маблағи 12 миллион сомонӣ дар назар дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми татбиқи ин лоиҳа то 500 нафар сокини маҳаллӣ давоми 2-3 соли оянда бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, зимни суханронӣ мардуми водии Зарафшон ва кулли диёрро бо ин тадбири фараҳбахш табрику таҳният гуфта, ба Бонки осиёии рушд, ки барои навсозии ин роҳ ба тариқи грант 100 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст, арзи сипос кард.
Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои масъул дастур дода шуд, ки анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳоро дар татбиқи ин лоиҳа таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Бо назардошти ҳузури роҳбарият ва фаъолони шаҳри Панҷакент дар ин чорабинӣ ба кишоварзони он супориш дода шуд, ки ояндаи наздик истеҳсоли картошкаро то ба 100 ҳазор тонна расонанд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба рушди саноат, истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони табиӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва ривоҷ додани сайёҳии экологӣ ва фарҳангӣ дода шуд.
Дар ин маросими тантанавӣ, ҳамчунин Сиаою Жао, муовини президенти Бонки осиёии рушд, иштирок ва суханронӣ намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки ин қитъаи Шоҳроҳи бузурги абрешим дар сатҳи байналмилалӣ навсозӣ шуда, ба густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол мекунад.


Ифтитоҳи расмии нақби
мошингарди Шаҳристон

27 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ, ки ишора ба ифтитоҳи расмии нақби деринтизори Шаҳристон аст, қатори мошинҳои Сарвари давлат ва ҳамроҳони ӯ аввалин шуда, аз ҷануб ба шимоли нақб убур карданд ва аз мавриди баҳрабардории ҳамагонӣ қарор гирифтани ин иншооти муҳими зербинои нақлиётӣ башорат доданд.
Тавре зикр гардид, роҳи мошингарди Душанбе - Чанак бо харҷи қариб як миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд. Барои бунёду таҷҳизи нақби мошингарди Шаҳристон, ки дарозиаш 5253 метр мебошад, бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Ифтитоҳи ин иншооти муҳим, албатта, боиси шодию нишоти мардуми кишвар, хусусан ронандагоне гардидааст, ки мунтазам аз ағбаи душворгузари Шаҳристон убур мекунанд, зеро солҳои тӯлонӣ ҳангоми гузаштан аз ин ағба, хусусан дар фасли зимистон бар асари боришоти пай дар пай, фаромадани тарма ва садамаҳои зиёди нақлиётӣ талафёбии молу маҳсулот ва ҳатто ҳодисаҳои ба ҳалокат расидани ронандагону мусофирон ба мушоҳида мерасид. То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, дар назди мардуми сершумори ба ин муносибат ҷамъомада суханронӣ карда, онҳо ва тамоми аҳолии кишварро бо ин рӯйдоди пурфараҳ-ифтитоҳи нақби мошингарди Шаҳристон, ки ҷузъи муҳиме аз Шоҳроҳи абрешим буд, табрику шодбош гуфт.
Ба муҳандисону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузург саҳми сазовор гузоштаанд, хусусан ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мутахассисони роҳсози ин кишвар изҳори сипос кард.
Аз роҳсозони чиноию тоҷик, ҳамчунин тақозо гашт, ки қисматҳои осебдидаи роҳи мошингарди Душанбе-Чанакро, хусусан дар минтақаҳои кӯҳии он аз нав барқарор созанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ёдовар шуд, ки бунёди нақби Шаҳристон идомаи тадбирҳои ҳаётан муҳими Ҳукумати кишвар, аз ҷумла бунёди шоҳроҳи Душанбе - Чанак ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол”, “Хуҷанд-Айнӣ” ва бисёр лоиҳаҳои бузургҳаҷми дигар мебошад. Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон 57 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи умумии беш аз 9 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад, ки дар доираи онҳо ояндаи наздик боз садҳо километр роҳҳо ва нақбу пулҳо сохта ва ё навсозӣ хоҳанд шуд.


Оғози боздид аз шаҳри
Истаравшан бо шиносоӣ бо кори хоҷагии деҳқонии Иқбол

Нимаи дуюми рӯзи 27 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, нахуст бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Иқболи Ҷамоати деҳоти Чорбоғ шинос шуд.
Чунонки аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ дар кори чорводорӣ, бахусус парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ таҷрибаи хуб касб намудаанд. Вазни зиндаи гӯсфандони ин хоҷагӣ то ба 140 кг мерасад.
Хоҷагӣ 21,5 гектар замини корам дар ихтиёр дорад, ки аз он 5,8 гектараш обӣ мебошад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариши картошка, пиёз, сабзӣ, дигар навъҳои сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ва ҳам ғаллакорӣ таҷрибаи ибратбахш доранд.
Деҳқонони заркори ин хоҷагӣ кишти такрории зироатҳоро васеъ ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ ду ва зиёда ҳосили фаровон ба даст меоранд.


Мактаби нав дар
Қалъачаи Гули Зард

Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаби наву замонавии он иштирок намуд.
Бо буридани лентаи рамзӣ ин даргоҳи илму маърифат расман ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, ин мактаб, ки барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо тамоми шароити муосири таҳсил бо сарфи 4 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ аён гардид, ки мактаб дорои озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ба мисли физикаю кимиё ва биология, синфхонаҳои забономӯзӣ ва омӯзиши асосҳои кори компютер ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Мактаб ҳамчунин толори калони варзишӣ ва майдони васеи варзишӣ дорад, ки барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудаанд. Ошхонаи зебою барҳавои мактабӣ дорои шароити хуби муосир мебошад.
Ифтитоҳи ин мактаб боиси хушнудии зиёди аҳолӣ ва мактаббачагони деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан гардид, зеро, тибқи иттилои масъулин, мактаби пешинаи ин деҳа ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта бо усули ҳашар бунёд ёфта, солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, мардуми маорифпарвару сарфарози Истаравшани бостонӣ ва хусусан деҳаи Қалъачаи Гули Зардро бо мавриди истифода қарор гирифтани ин мактаби нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки хонандагони он бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, оянда дар ободонию тараққиёти Тоҷикистони азиз саҳми намоён мегузоранд.


Ифтитоҳи варзишгоҳ ва иштирок дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ

27 октябр, бегоҳии рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, варзишгоҳи навсозишудаи шаҳри Истаравшанро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангии бахшида ба ифтитоҳи нақби Шаҳристон, анҷоми пурраи навсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак ва дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани худи ҳамин варзишгоҳ иштирок намуд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, барои навсозии варзишгоҳи шаҳри Истаравшан аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ беш аз 13 миллион сомонӣ сарф гардида, он дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст шудааст.
Мардуми сипосгузори шаҳри Истаравшан, хусусан дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим, ки варзишгоҳро лабрез намудаанд, Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлатро бо шодию нишоти бепоён истиқбол гирифтанд.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшанро бо рӯйдодҳои руҳбахшу неруафзои имрӯза, пеш аз ҳама мавриди иситифодаи умум қарор гирифтани нақби мошингарди Шаҳристон шодбош гуфт.
Бо арзи қаноатмандӣ аз ифтитоҳи ин варзишгоҳи бошукӯҳ изҳори боварӣ шуд, ки мардуми заҳматнописанди Истаравшани бостонӣ ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим беш аз пеш саъю талош намуда, бахусус дар роҳи тарбияи дурусти ҷавонон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.


Бинои нави филиали
Агроинвестбонк дар шаҳри Истаравшан фаъол шуд

Субҳи 28 октябр боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, аз шаҳри Истаравшан идома ёфт.
Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахуст бинои нави филиали Агроинвестбонк ифтитоҳ гашт.
Тавре зикр гардид, ин кор, тибқи супориши Президент доир ба кушодани филиалҳои бонкҳои саҳҳомӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, анҷом ёфтааст.
Дар ин филиали бонкӣ 65 нафар кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, сандуқи қарзии филиал дорои 7,7 миллион сомонӣ аст ва то охири сол боз як баробар зиёд карда мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, иброз дошт, ки барои Истаравшан барин шаҳри саноатӣ ва дорои соҳибкорони сершумор ин маблағ ҳам кам аст ва бояд чандин баробар зиёд бошад.
Филиали мазкури бонкӣ ба мизоҷони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла соҳибкорони хурду миёнаи хусусӣ беш аз 10 намуди хизматрасониро пешкаш менамояд.


Маркази тиҷоратию
хизматрасонии «Ситораи Шарқ» дар кушод
 
Дар шаҳри Истаравшан 28 октябр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, бинои чорошёнаи Маркази тиҷоратию хизматрасонии «Ситораи Шарқ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки иттилоъ дода шуд, бинои хуштарҳу зебои ин марказ бо харҷи беш аз 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҳоким Ҳомидов, соҳибкори ҷавони маҳаллӣ, бунёд ёфта, дар он 120 нафар соҳиби кори доимӣ шудааст.
Дар ошёнаи якуми он толори омодасозӣ ва фурӯши либосҳои миллии занона ва арӯсӣ бо гулдӯзию зардӯзӣ ва толори фурӯши либосвории дӯхти корхонаҳои саноатии ватанӣ ҷойгир шудааст. Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлатро либосҳои хуштарҳи пахтагину пашмин, ки дар корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан дӯхта шудаанд, ҷалб намуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар шаҳри Истаравшан беш аз 30 корхонаи саноатӣ фаъолияти босамар дорад, ки аксари онҳо хусусӣ мебошанд. Ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ дар ташаккули буҷети маҳаллӣ низ хеле бузург аст.
Дар ошёнаи дуюми марказ тарабхонаи бо нақшу нигор ва кандакории миллии тоҷикӣ ороёфта ҷойгир шудааст, ки басо зебою дилкаш аст. Дар он аз ҷониби ин соҳибкори саховатманд барои 11 ҷуфт ҷавонони навхонадор ва 33 писарча аз оилаҳои ниёзманд ҷашни арӯсӣ ва хатнасури якҷоя ороста шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ҳамаашон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳо ва волидону наздиконашонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният гуфт.
Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шудааст, ки дар он 70 нафар бону ба кори доимӣ ҷалб шудааст. Аз нисф зиёди онҳо аз оилаҳои камбизоат мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба роҳбарияти Истаравшан дастур дод, ки дӯхти либоси мактабиро пурра дар дохил ба роҳ монанд, зеро шаҳр беш аз  50 ҳазор мактаббача дорад ва маблағи хеле зиёди барои хариди либоси онҳо сарфшаванда набояд берун равад.
Ошёнаи чоруми бино ба тарзи толори варзишӣ ороста шуда, дар он варзишгарони зиёд машғули машқу тамрин буданд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ба ин соҳибкор барои бунёди як толори хуби варзишӣ дар ҷойи дигар замин ҷудо намояд. Дар ин толор бошад, маслиҳат дода шуд, ки боз як коргоҳи дӯзандагӣ омода карда шавад, то ки беш аз 70 нафари дигар бо ин кори сердаромад таъмин гардад.


Боздид аз корхонаи
заршӯии «Апрелевка»
 
28 октябр аз шаҳри Истаравшан Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум омад. Мардуми шукргузори шаҳраки кӯҳкорони Консой ӯро бо арзи сипосу шодмонӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳраки Консой Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахуст ба корхонаи саноатии «Апрелевка», ки бо сармоягузории муштараки ватанӣ ва хориҷӣ аз нав фаъолияти пурсамар ба роҳ мондааст, ташриф овард. Тавре зикр гардид, дар заминаи ин корхонаи дар гузашта овозадор бо сармоягузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати канадагии «Далф» ширкати муштараки истеҳсоли тиллою нуқра бунёд ёфтааст, ки дар он беш аз 850 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. 51% саҳмияи корхона аз Ҳукумати Тоҷикистон ва 49% аз ширкати «Далф»-и Канада аст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин корхона солона 450 кг тилло ва 1,5 тонна нуқра истеҳсол карда мешавад. Барои тавсеа додани кор ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла вусъат додани корҳои геологӣ ва аз худ намудани қитъаҳои нави конҳои тиллою нуқра то соли 2015 бояд 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад. То соли 2015, тибқи нақша бояд истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва нуқра ба 3 тонна расонда шавад. То он вақт шумораи коргарон ба 1200-1300 хоҳад расид. То ҳол барои ташкили хуби истеҳсолот 5 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст ва то охири соли равон боз 5 миллиони дигар сарф мешавад.
Саҳми корхонаи «Апрелевка» дар ташаккули буҷети давлатӣ намоён аст, зеро танҳо дар 9 моҳи соли равон ба буҷети давлат 13 миллион сомонӣ андоз супурдааст. Ғайр аз ин барои ободонии шаҳраки кӯҳкорони Консой ҳар сол аз 800 ҳазор то 1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.
Роҳбарияти корхона барои коргарон ошхонаи зебо, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд намудааст. Тавре аз суҳбат бо коргарон маълум шуд, маоши онҳо аз 1200 то 2000 сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти корхона бо дастури Сарвари давлат уҳдадор шуд, ки аз 1 ноябри соли равон маоши коргаронро 30% зиёд намояд.


«Зари тоҷик» маҳсулоти заргарӣ меофарад

28 октябр дар шаҳраки Консой бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як корхонаи хурди заргарӣ бо номи «Зари тоҷик» ифтитоҳ ёфт.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона ҳам бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки «Апрелевка» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар заргар, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Маоши онҳо вобаста ба сатҳи касбият, сифат ва ҳаҷми корашон аз 500 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металлҳою сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро зиёд намуда, дар давоми 8 моҳи оянда шумораи коргаронро ба 200 нафар расонанд.
Дар паҳлуи корхонаи «Зари тоҷик», ҳамчунин як коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 дӯзандаи маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудааст.
Тавре аён гардид, дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни корӣ, низомӣ, хилъатҳои кормандони соҳаи тиб ва озмоишгоҳҳои илмию амалӣ, болопӯши ҷойхоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти коргоҳ азм доранд, ки дӯхти либоси мактаббачагонро низ ба роҳ монда, ин бозори сердаромадро ба даст дароранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки маоши коргаронро аз 1 ноябри соли равон 20% зиёд намоянд.
Дар саҳни ҳавлии ин корхонаҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаи «Апрелевка» ҷашни арӯсии ду ҷуфт навҷавонони хуштолеъ ва хатнасури 15 писарча аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи Сарвари давлатро пайваста дастгирӣ менамоянд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.


Машварати корӣ
бо роҳбарият ва
фаъолони вилояти Суғд

29 октябр, нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Қайроққум Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят дар 9 моҳи соли равон ва нақшаҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суханронии таҳлилӣ аз рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Суғд дар маҷмуъ изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба таъмини вусъати бештари корҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавии вилоят қариб ба 5,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,8 фоизро ташкил дод ва қисми даромади буҷети вилоят дар ин давра ба андозаи беш аз 111 фоиз иҷро шудааст. Дар баробари ин бо ишора ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷет аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо ва вуҷуд доштани имкону захираҳои иловагӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки барои таъмини босифату саривақтии нақшаҳои даромади буҷети давлатӣ, инчунин кам намудани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз чораҳои мушаххас андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ва аз 21 то 10 адад кам шудани намудҳои андоз ёдовар шуда, ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои ба роҳ мондани низоми нави андозбандӣ миёни кормандони соҳа ва андозсупорандагон корҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳиро ба таври васеъ ба роҳ монанд. Ҳамчунин зарурати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ бори дигар таъкид гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар соли 2011 ва 9 моҳи соли равон бунёд ёфтани 153 корхонаи нави саноатиро бо 4 ҳазор ҷойи корӣ нокифоя номида, таъкид дошт, ки аз имкониятҳои фаровони вилоят дар ин самт боз ҳам васеъ бояд истифода намуд.
Супоришҳои мушаххаси дигар доир ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ, кушодани филиалҳои бонкҳо ва созмонҳои қарзӣ дар тамоми гӯшаю канори вилоят ва ҷумҳурӣ, вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили фаровони меваю сабзавот ва пахта, беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ аз нашъамандию нашъаҷаллобӣ барин тамоюлҳои номатлуб ва дигар корҳои зарурӣ дода шуд.
Дастуру ҳидоятҳои дигар, ҳамчунин зимни шунидани ахбори Қоҳир Расулзода - раиси вилояти Суғд ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба соҳибкорони фаъоли вилояти Суғд доир ба афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ дода шуд.


Фаъол гардидани
ду коргоҳи нави истеҳсолӣ
дар шаҳри Хуҷанд

29 октябр боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Дар яке аз маҷмааҳои истеҳсолии минтақаи саноатии қисмати шарқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ду коргоҳи нави истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдухалил Раҳимов бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бо ин шумораи коргоҳҳои он ба 8 адад расид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар коргоҳҳои гуногуни ин маҷмаа беш аз 200 нафар соҳиби кори доимӣ шудааст.
Нахуст бо буридани лентаи рамзӣ коргоҳи дуюми дӯзандагии ин маҷмааи саноатӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 100 нафар бону ба кори доимӣ ҷалб гардидааст. Дар ин коргоҳ, асосан либосҳои мактабӣ ва ҳамчунин шимҳои ҷинсӣ барои кӯдакон ва занону мардон дӯхта мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба намудҳои гуногуни либоси мактабӣ, ки дар даромадгоҳи коргоҳ ба намоиш гузошта шуда буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бори дигар таъкид дошт, ки дӯхти тамоми либоси мактабӣ бояд дар корхонаҳои ватанӣ ба роҳ монда шавад.
Тамоми либосвории ин корхона аз матоъҳо ва риштаҳои сирф пахтагини истеҳсоли корхонаҳои ресандагию бофандагии ватанӣ дӯхта мешаванд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ин корхона        истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии пахтагин,           ки аз ҷумлаи талаботи доимии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз масъулони соҳаи саноати кишвар аст, аз аввал то охир пурра ба роҳ монда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин аз коргоҳи қаблии дӯзандагии ин маҷмаа, ки барои дӯхти кимано ва дигар анвои либоси варзишӣ махсус кунонда шудааст, дидан карда, ба кори онҳо баҳои баланд дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳар ду коргоҳи дӯзандагии ин маҷмаа дар як сол беш аз 80 ҳазор маҷмуъ либосҳои ҷинс, варзишӣ ва мактабӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти либосвории ин корхона ба талаботи ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ буда, беш аз 90%-аш ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои Аврупо содирот мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо назардошти талаботи зиёд ба либосвории пахтагин дар дохил ва хориҷи кишвар, ба роҳбарияти корхона маслиҳат дод, ки боз як коргоҳи дигари дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ бунёд намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки мағозаҳои фирмавии ин корхона дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони кишвар кушода шаванд. Ба роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва федератсияҳои варзишӣ дастур дода шуд, ки либосвории варзишгаронро аз ин ва дигар корхонаҳои ватанӣ харидорӣ намоянд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо кори коргоҳҳои бофандагӣ шинос шуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки матоъҳои пахтагин барои ҳар ду коргоҳ дар ҳамин ҷо ва аз риштаи корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла корхонаҳои «Нек»-у «Хуҷанд», «Олим-текстайлз» ва «Спитамен - текстайлз» бофта мешавад.
Зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои картонӣ зикр гардид, ки дар ин ҷо дар як сол беш аз 120 ҳазор дона чунин маҳсулот бо тарҳу намо ва андозаи гуногун барои басту банди меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ тавлид меёбад. Ин қуттиҳо ҳам аз ашёи хоми табиӣ бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ истеҳсол мешавад.
Дар як коргоҳи корхона истеҳсоли пенопласт ва зарфҳои калони пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Зикр гардид, ки ин навъҳои маҳсулот то ин вақт пурра аз хориҷи кишвар ворид мешуд.
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар ин маҷмааи саноатӣ як коргоҳи истеҳсоли коғаз расман ба кор дароварда шуд. Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки ин нахустин корхонаи истеҳсоли коғаз дар Тоҷикистон мебошад.
Тавре зикр гардид, дар ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна коғаз тавлид мешавад. Мавриди зикри хос аст, ки дар ин ҷо истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, зеро коғази ин корхона аз коғазпораҳо ва картонҳои партов истеҳсол мегардад. Партовҳои истеҳсолии худи коргоҳ низ гаштаю баргашта аз нав коркард мешаванд.
Роҳбарияти корхона ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар зарфи як соли оянда боз як коргоҳи дигари ба ин монанд бунёд намуда, истеҳсоли маҳсулоти коғазини рӯзгор, аз ҷумла дастпокҳои гигиениро ба роҳ мемонанд.
Бо маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, роҳбарияти корхона тасмим гирифт, ки аз якуми ноябри соли  равон маоши коргаронро 20% афзун намояд. Иттилоъ дода шуд, ки маоши онҳо 20%-и дигар моҳи ноябри соли оянда зиёд карда мешавад.
Бо хушнудӣ зикр гардид, ки солҳои охир бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар вилояти Суғд, авҷ гирифтааст. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар шаҳри Хуҷанд дар зарфи 9 моҳи соли равон 30 корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкорони              хусусӣ бунёд ёфтааст. Ин аст, ки имрӯз 47%-и истеҳсолоти саноатии шаҳри Хуҷанд ба бахши хусусӣ рост меояд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки ин тамоюли судманд бояд аз ҷониби масъулини давлатӣ ҳамаҷониба мавриди дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ қарор дошта бошад, то ки соҳибкорони ватанӣ ба рушди соҳаи саноати кишвар бештар ҳавасманд гарданд.
Соҳибкорони маҳаллие, ки ин коргоҳҳои истеҳсолиро бунёд намудаанд, дар ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои 4 ҷуфти навхонадорон ва 31 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд ҷашни арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъӣ оростанд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз ин амали саховатмандонаи онҳо изҳори хушнудӣ карда, ба ҷавонони навхонадор ва волидону наздикони писарчаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Онҳоро, ҳамчунин бо ин рӯйдоди пурфараҳ табрику таҳният гуфта, аҳли толор ва кулли мардуми кишварро бори дигар ба танзими дурусти расму оини мардумӣ ва худдорӣ аз зиёдаравию исрофкорӣ ҳидоят намуд.
Зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои картонӣ зикр гардид, ки дар ин ҷо дар як сол беш аз 120 ҳазор дона чунин маҳсулот бо тарҳу намо ва андозаи гуногун барои басту банди меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ тавлид меёбад. Ин қуттиҳо ҳам аз ашёи хоми табиӣ бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ истеҳсол мешаванд.


Мактаби хусусии «Иршод»,
як толори варзишӣ ва
майдони яхи сунъӣ
дар шаҳри Хуҷанд

29 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки иттилоъ дода шуд, ин мактаб аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ – падару писар Абдуалӣ ва Абдумалик Қурбоновҳо бунёд ёфта, бо 25 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз барои 500 нафар хонандаи хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Тавре зикр гардид, ин мактаб дар асоси ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, доир ба афзун намудани мактабҳои хусусӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.
Ба иттилои роҳбарияти мактаб омӯзгорону хонандагон тавассути озмун қабул мешаванд. Дар он 65 нафар муаллими соҳибтаҷрибаю хушсалиқа ба кор қабул шудааст. Маоши миёнаи омӯзгорон ба 1200 сомонӣ баробар аст.
Хонандагони мактаб, асосан бо тамоюли гуманитарӣ таҳсил намуда, бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, инглисӣ ва чинӣ машғуланд.
Ошхонаи мактаб бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби таомпазӣ, санитарию гигиенӣ ва ошпазҳои соҳибтаҷриба мебошад.
Толори маҷлисии мактаб дорои 300 ҷойи нишаст ва шароити хуби зарурӣ барои гузарондани дарсҳои умумӣ ва маҳфилҳои гуногуни илмию таълимӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Сипас аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, як толори бузурги варзишӣ ифтитоҳ ёфт.
Тавре аён гардид, ин толор аз ҷониби падари гӯштигири номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки 3 карат чемпиони ҷаҳон доир ба самбо ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ мебошад, бунёд ёфтааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин мард - варзишгари собиқадор, мураббии намудҳои гуногуни гӯштӣ, аз ҷумла самбо 20 –уми декабри соли 2010 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо намояндагони варзишгарони кишвар уҳдадор шуда буд, ки аз ҳисоби худаш ва дигар дӯстони дӯстдори гӯштиаш дар шаҳри Хуҷанд як толори калони варзишӣ бунёд мекунад.
Зимни мулоқоти имрӯза бо хушнудӣ зикр гардид, ки ин ваъдаи ӯ амалӣ гардид ва дӯстдорони зиёди варзиш, пеш аз ҳама гӯштигирон соҳиби чунин толори зебову муҷаҳҳаз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо варзишгарони дар ин ҷо ҷамъомада суҳбати ошкору самимӣ анҷом дода, онҳоро ба машқу тамрини мудом ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи минтақа ва ҷаҳон ҳидоят намуд.
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар паҳлуи маҷмааи варзишии 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин майдони яхи сунъӣ ифтитоҳ ёфт.
Мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирифтани чунин майдон, албатта, боиси шодию фараҳи дӯстдорони чунин навъи варзиши зебою мавзун гардид.
Дар ин ҷо барномаи рангини рақси болои ях намоиш дода шуд.
Тавре зикр гардид, ин майдон бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ замин бунёд ёфтааст. Бару дарозии он 30х40 метр мебошад.
Бо хушнудӣ, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бунёди иншооти гуногуни варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар авҷ гирифтааст. Аз ҷумла танҳо дар шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли равон дар баробари ин майдон боз 12 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз ин раванд, дар маҷмуъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ба муҳайёсозии шароити боз ҳам бештару беҳтар барои тарбияи варзишгарони наврасу ҷавони кишвар ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ дастуру ҳидоятҳо дод.


Иштирок дар ифтитоҳи мактаби нав
дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ

Субҳи 30 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, мактаби замонавии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлатро дар ин деҳаи дурдасти кӯҳистони Зарафшон бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Барои иштирок дар ин маросими тантанавӣ ва мулоқот бо Президенти кишвар дар ин ҷо роҳбарону фаъолони ноҳия, намояндагони сершумори кормандони соҳаи маориф ва мардуми ин деҳа ҷамъ омада буданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бино бо маблағи қариб 4 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети кишвар барои 640 хонанда дар ду баст бунёд гардида, дорои 25 синфхонаи таълимӣ - ду синфхонаи компютерии пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва озмоишгоҳҳои фаннии физика, кимиё, биология ва технологияи ҳунаромӯзӣ мебошад.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки барномаи компютерикунонии мактабҳо дар ноҳияи Айнӣ пурра иҷро гардида, 53 синфхона бо 430 компютеру 90 принтер муҷаҳҳаз шудааст.
Мактаби нави деҳаи Сангистон, ҳамчунин дорои толори калону барҳавои варзишӣ мебошад, ки боиси шодию нишоти на танҳо мактаббачагон, балки ҳамаи дӯстдорони варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар ин деҳа гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулин дастур дод, ки дар назди мактаб, ҳамчунин ошхонаи зебою муҷаҳҳаз ва толори хуби маҷлисӣ бунёд намоянд.
Умуман, ифтитоҳи чунин бинои зебою замонавии мактаб, ки аз 2 ошёна ва шароити хуби таълиму тарбияи насли наврас иборат аст, боиси хушнудӣ ва сипосгузории кулли мардуми деҳа гардид, зеро мактаби пешинаи ин ҷо ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, солҳои охир хеле фарсуда шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни суханронӣ аҳли маорифи ноҳияи Айнӣ, мардуми деҳаи Сангистон ва мактаббачагони онро бо ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат табрику таҳният гуфта, онро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номид ва ба меъморону бинокорони мактаб арзи сипос кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки насли навраси деҳаи Сангистон аз шароити хуби мактаби нав истифода карда, барои аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари зарурӣ ҷаҳду талош меварзанд ва оянда дар таъмини пешрафту шукуфоии мулки бобоӣ ва умуман Тоҷикистони азиз саҳмгузор мешаванд.
Зимни маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух, ки дар охири ҷамъомад сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ доир ба вусъати бештари корҳои ободонию созандагӣ, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 2110
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед