logo

фармонҳои президент

Таъиноти кадрӣ

30 октябр нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета", Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи "Халқ овози", Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони Сафина ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони Сафина, Исроил Носиров аз вазифаи директори гурӯҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари "Минтақаи озоди иқтисодии Суғд" озод шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин Саид Сиддиқов муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Иззатуллоев сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета", Ёқубҷон Абдуманонов сармуҳаррири рӯзномаи "Халқ овози" ва Абдукарим Ҳикматов директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Востокредмет" таъин карда шуданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият", Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд.
Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Насриддинова сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", Исроил Носиров директори гурӯҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуриннисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Хуҷамқулов директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 2821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед