logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, шаҳри Қайроққум, 29 октябри соли 2012

Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки шумо медонед, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бахусус дар марҳалаи кунунии рушди кишварамон роҳбарияти давлат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони кишвар беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон пайваста азму талош менамояд.
Бисёр рамзист, ки дар баробари амалӣ гардидани як қатор лоиҳаҳои бузурги созандагиву ободкориҳоямон имрӯзҳо мову шумо дар мавриди ба истифода супоридани якчанд иншооти муҳими иқтисодӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла оғози бунёду азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент иштирок намуда, муҳимтар аз ҳама шоҳиди рӯйдоди хотирмони таърихӣ, яъне кушодашавии нақби Шаҳристон гардидем.
Бояд зикр намуд, ки аҳолии кишварамон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат корҳои ободкориву созандагиро босуръат идома медиҳад ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ имконият фароҳам омад, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ пурра таъмин карда шаванд.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 25 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз афзоиш ёфтааст, ки саҳми сокинони вилояти Суғд дар ин раванд хеле назаррас мебошад.
Ҳамзамон ба ин, ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда, рушди соҳибкориву фаъол гардонидани нерӯи инсонӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ҳоло имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд.
Аз ин лиҳоз, тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо дарназардошти имконияту воситаҳои мавҷуда, ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои стратегияву барномаҳои қабулшуда ва нақшаву дастурҳои Ҳукумати мамлакат тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Дӯстони азиз!
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавии вилоят қариб ба 5,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,8 фоизро ташкил дода, қисми даромади буҷети вилоят дар ин давра нисбат ба нақша ба андозаи беш аз 111 фоиз иҷро шудааст.
Дар баробари ин, дар вилоят захираву имкониятҳои боз ҳам афзун намудани даромади буҷет мавҷуд буда, аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақшаи баъзе намудҳои андози давлатӣ таъмин нагардидааст.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҳамаи субъектҳои хоҷагидор вазифадоранд, ки ҷиҳати таъмини босифату саривақтии нақшаҳои даромади буҷети давлатӣ, инчунин кам намудани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз чораҳои мушаххас андешанд.
Дар ин раванд, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ дар маҳалҳо низ ҳамчун омили муҳими ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ хеле зарур мебошад.
Соли равон бо мақсади ҳарчи соддаву сабук намудани низоми андозбандӣ ва беҳтарсозии шароити рушди соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷониби мақомоти қонунгузори мамлакат Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул гардида, аз оғози соли 2013 мавриди татбиқ қарор дода мешавад. Тибқи он як қатор андозҳо ихтисор ва муттаҳид гардида, номгӯи андозҳо аз 21 то ба 10 кам карда шудааст.
Аз ин рӯ, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми андозбандӣ тибқи Кодекси андоз дар таҳрири нав байни кормандони соҳа ва андозсупорандагон корҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳиро ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, бори дигар таъкид месозам, ки истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷет самти муҳими фаъолияти сохтору мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Зеро дар вилоят то имрӯз ҳолатҳои камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, хароҷоти ғайриқонунии маблағҳои буҷетӣ ва изофанависӣ ба назар мерасанд.
Ҳамзамон бо ин, дар қаламрави вилояти Суғд 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки иҷрои саривақтиву босифат ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои зикршуда назорати доимии масъулинро тақозо менамояд.
Бо татбиқ гардидани лоиҳаҳои мазкур масъалаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла сохтмону азнавсозии роҳу пулҳо, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва эъмори иншооти маорифу тандурустӣ тадриҷан ҳал гардида, дар маҷмуъ ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон мусоидат менамоянд. Танҳо дар зарфи 12 соли охир дар вилоят дар доираи татбиқи 34 лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ наздики 5 миллиард сомонӣ маблағҳо аз худ карда шудааст.
Вобаста ба ин масъала хотирнишон месозам, ки дирӯз боз як лоиҳаи нави сармоягузорӣ ҷиҳати таҷдиду азнавсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент ба маблағи умумии 650 миллион сомонӣ оғоз карда шуда, чунин иқдомҳои созанда минбаъд низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар идома хоҳанд ёфт.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро мувофиқи нақша ва бо сифати баланд ба роҳ монда, истифодабарии мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро зери назорати доимӣ қарор диҳад.
Бори дигар таъкид месозам, ки дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ омили таъмини рушди иқтисодӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ буда, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои созандаи шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Гарчанде дар вилояти Суғд соли гузашта 65 корхонаи нави саноатӣ бо ду ҳазор ҷойи нави корӣ ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 88 корхонаи нав бо ду ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда бошад ҳам, имкониятҳои вилоят дар ин самт, махсусан дар соҳаҳои истеҳсоли молҳои саноатӣ, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ ва коркарду истеҳсоли маъданҳои кӯҳӣ пурра истифода нашудаанд.
Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва бо истифода аз сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Илова бар ин, бори дигар таъкид месозам, ки тамоми сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи соҳибкорон, махсусан соҳибкории истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва дастгирии соҳибкорӣ пешниҳоди маблағҳо аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 23 фоиз афзоиш ёфта, беш аз як миллиарду 200 миллион сомонӣ қарзҳои гуногун дода шудаанд.
Шумораи қарзгирандагон низ афзоиш ёфта, аз 96 ҳазор нафари соли 2011-ум, имрӯз ин нишондиҳанда ба 140 ҳазор нафар баробар гардидааст, ки ин рақам аз баланд шудани эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Таҳлили мавқеи ҷойгиршавии ташкилотҳои қарзӣ дар ҳудуди вилоят аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар як қатор ноҳияҳои дурдаст то ҳанӯз баъзе мушкилоти дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ба мушоҳида мерасанд.
Доир ба ин масъалаи муҳим, Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 115 фоиз таъмин намудаанд. Аз 276 корхонаи саноатӣ 206 корхона ё 74 фоиз суръати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуда, 66 корхона ё 24 фоизи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш дода, 4 корхона аз фаъолият бозмондааст.
Сабабҳои бозмондани корхонаҳои саноатӣ, аз як тараф, мавсимӣ будани фаъолияти корхона, нарасидани маблағҳои гардишӣ ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти тайёр бошад, аз тарафи дигар, фарсуда гардидани таҷҳизоти технологӣ ва иваз намудани самти фаъолият мебошад. Аммо сарфи назар аз ин, корхонаҳои зикршуда бояд вобаста ба талаботи замон фаъолияти худро мутобиқ гардонида, дар ғанӣ гардидани буҷети мамлакат мусоидат намоянд.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони субъектҳои истеҳсолиро зарур аст, ки бо истифода аз ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.
Сохтору идораҳои дахлдор, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин масъулони вилояти Суғдро зарур аст, ки ҷиҳати коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахтаву пилла ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, барои баланд бардоштани рақобатпазирии молу маҳсулоти истеҳсолшаванда ва пайдо намудани бозори фурӯши онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд. Дар ин раванд зарур аст, ки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо таври васеъ истифода бурда шавад.
Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоии мамлакат омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистонгузаронӣ буда, дар ин ҷода роҳбарони ҳамаи сохтору мақомотро зарур аст, ки ҳолати омодагии иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, шабакаву таҷҳизоти барқиву гармидиҳанда, захираи зарурии сӯзишвориву озуқавориро таъмин намоянд. Инчунин ҷиҳати дар ҳамаи ҷамоатҳо ва деҳоти дурдаст ташкил кардани нуқтаҳои фурӯши ангишту гази моеъ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки махсусан дар ин фасли сол ба муроҷиати мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамарӯза барои ҳалли саривақтии мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Кишоварзони вилояти Суғд ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 фоизро ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ва захираи дусолаи озуқаворӣ бояд ба фаъолияти мунтазами субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳар як оила табдил ёбад.
Зеро имрӯз дар натиҷаи таъсири манфии камобиву хушксолӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва тадриҷан камшавии ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли гандум, ба баландшавии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ оварда расонидааст.
Аз ин рӯ, ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, масъулону фаъолон ва роҳбарони ҳар як хоҷагии кишоварзиро зарур аст, ки ба масъалаи таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, инчунин сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва таъмин намудани талаботи бозори истеъмолии кишвар мунтазам чораҳои судманд андешанд.
Дар вилоят имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 5 ҳазор гектар майдони кишти умумии зироатҳо кам гардидааст. Коҳиш ёфтани майдони кишти зироатҳо асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Айнӣ, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ба вуҷуд омадааст.
Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар миқёси вилоят зиёда аз 8 ҳазор гектар замини корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, беш аз 28 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд.
Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати ҳарчи бештар ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои киштнагардида ва истифодаи самараноки онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Илова бар ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, захира ва дар ин замина таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти дохилӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ва бо риояи агротехника гузаронидани кишт, дастрас ва захира намудани миқдори зарурии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва нуриҳои маъданӣ чораҷӯӣ намоянд.
Барои сари вақт ҷамъоварӣ ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани нигоҳдорӣ ва коркарди он тадбирҳо андешанд.
Бояд қайд намуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъмини эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ беш аз 10 ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст. То аввали октябри соли равон беш аз 6 ҳазор гектари он ба эҳтиёҷмандон тақсим гардидааст, ки дар маҷмуъ 63 фоизи заминҳои ҷудошударо ташкил менамояд.
Тибқи маълумотҳо дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ғончӣ ва Шаҳристон ҳангоми омода намудани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор ба камбудиҳо роҳ дода шудаанд, ки дар натиҷа заминҳои ҷудошуда дар мавзеъҳои хатарноки геологӣ рост омадааст.
То ҳанӯз ҳолатҳои ришваситониву тамаъҷӯӣ аз ҷониби масъулони Кумитаи заминсозӣ дар маҳалҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, нодуруст тақсим кардани заминҳои ҷудогардида ва сарфи назар гардидани оилаҳои воқеан ба замин эҳтиёҷдошта ба мушоҳида мерасанд.
Таъкид месозам, ки замин тибқи қонун моликияти истисноии давлат маҳсуб меёбад ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки бо суистифода аз ваколатҳои мансабиаш заминро ғайриқонунӣ ба аҳолӣ тақсим намояд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани тақсимоти одилонаи замин, алалхусус ба оилаҳои ҷавону воқеан эҳтиёҷманд додани замин, инчунин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳанӯз ҳам баъзе норасоиву камбудиҳо ҷой доранд. Солҳои охир падидаи номатлуби худкушӣ дар байни сокинони вилоят, хусусан ҷавонон рӯ ба афзоиш дорад.
Масалан, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз танҳо дар вилояти Суғд беш аз 220 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар байни фавтидагон ҷавонони синну соли гуногун низ кам нестанд. Ҳол он ки чунин ҳолатҳо дар минтақаҳои дигари кишварамон камтар ба мушоҳида мерасад. Яке аз сабабҳои рух додани чунин ҳодисаҳо аз нокифоя будани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ ва сатҳи пасти фарҳанги оиладорӣ маншаъ мегирад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои маориф, корҳои дохилӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин бо ҷалби шахсиятҳои муътабари шаҳру ноҳия ва шаҳраку ҷамоатҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, махсусан оилаҳои ҷавон ҷиҳати аз байн бурдани чунин ҳодисаҳои номатлуб пурзӯр намоянд.
Дӯстони азиз!
Имрӯзҳо ҳамаи мо дар арафаи истиқболи санаи муҳиму тақдирсози таърихи навини Ватани азизамон – бистумин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакат қарор дорем.
Иҷлосияи мазкур воқеан дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлолу ягона ва демокративу дунявии тоҷикон нақши калидӣ дорад, зеро афрохтани парчами сулҳу субот, фароҳам овардани фазои эътимоду боварӣ дар байни мардум ва муҳимтар аз ҳама, интихоби роҳи дурусти минбаъдаи давлатдориамон маҳз аз ҳамин ҷаласаи таърихӣ маншаъ мегирад.
Давлат ва Ҳукумати кишвар дар оянда низ ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи тамоми минтақаҳои сарзамини муқаддасамон ҳамаи имконоти мавҷударо равона месозад.
Боварӣ дорам, ки дар ин раванд тамоми сокинони Ватани азизамон, аз ҷумла аҳолии сарбаланду шарафманди вилояти Суғд бо заҳмати ватандӯстонаи хеш саҳми худро мегузоранд.
Дар фарҷоми сухан ба шумо – ҳозирини гиромӣ, тани сиҳату барори кор ва ба сокинони иззатманди вилояти Суғд хушрӯзиву рӯзгори обод, зиндагии шоиста ва бурдбориҳои тоза орзумандам!
Ҳамеша шоду пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 3543
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед