суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан, 27 октябри соли 2012
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Имрӯз мо дар ин диёри зебоманзари бостонӣ бо ин мақсад ҷамъ омадаем, ки рӯйдоди бузурги таърихӣ – ифтитоҳи нақби Шаҳристон ва ба анҷом расидани таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Истаравшан - Хуҷанд - Бӯстон – Чанак ва ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшанро якҷоя таҷлил намоем.
Ба ин муносибат мардуми сарбаланди кишварамон, аз ҷумла мардуми фарҳангпарвару меҳнатдӯсти вилояти Суғд ва сокинони ҳимматбаланди шаҳри Истаравшанро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тани сиҳату рӯзгори пурфайз ва хонадони осудаву иқболи баланд орзумандам.
Чунонки маълум аст, мо дар замони истиқлолияти давлатӣ бо мақсади расидан ба ҳадафи бузурги стратегиамон, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани соҳаи нақлиёти кишвар як қатор барномаву нақшаҳои мушаххас қабул намуда, ҷиҳати суръат бахшидани корҳо дар самти тармиму таҷдид ва бунёди роҳу пулҳои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ дошта иқдомоти хеле зиёдро амалӣ намудем.
Аз ҷумла дар вилояти Суғд дар даҳ соли охир барои бунёду азнавсозии иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 5,3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст.
Танҳо аз ҳисоби амалишавии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин давра беш аз 4,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки дар натиҷа садҳо иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор гирифта, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудаанд.
Мавриди зикри хос аст, ки барои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Чанак як миллиарду 430 миллион сомонӣ харҷ гардида, дар фосилаи ин роҳ бо заҳмати бесобиқаи мутахассисони ватанӣ ва ҳамкорони кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 20 километр нақб бунёд карда шудаст.
Дар саросари кишвар бошад, бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд таъмиру таҷдид ва бунёди роҳҳои нав, аз қабили Мурғоб - Кулма, Душанбе – Қӯрғонтеппа - Данғара -Кӯлоб, Дӯстӣ - Панҷи Поён, Душанбе -сарҳади Қирғизистон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Айни замон корҳои азнавсозӣ дар роҳҳои мошингарди Шоҳон - Зиғар, Кӯлоб - Қалъаи Хумб, Душанбе -Турсунзода, Айнӣ - Панҷакент ва сохтмони нақби Чормағзак бомаром идома дорад.
Бо назардошти ин, имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки мо мардуми тамаддунсоз ва меҳнатқарину сарбаланди тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва бо азму талоши созандаи хеш Ватани маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидем ва дар ин асос заминаи мусоидро барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ фароҳам овардем.
Аслан агар гӯем, ки дастовардҳои солҳои охир дар кишвари мо маҳз ба шарофати истиқлолият, давлатдории миллӣ ва ваҳдату ҳамдилии мардум ба вуҷуд омадаанд, ҳақиқати бебаҳс хоҳад буд. Зеро, чунонки қаблан ҳам гуфта будам, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо неруи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фазои мусоид ва хушбинонаро фароҳам овард.
Ободкориҳо ва сохтмонҳои азим дар саросари мамлакат, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе – Истаравшан - Хуҷанд - Бӯстон – Чанак натиҷаи ҳамин сиёсати пайгиронаи Ҳукумат ва азму талоши мардуми мо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ аст. Барои ин, мо бояд ҳамеша шукронаи истиқлолият кунем, ки дар роҳи фатҳу кушоишҳо чароғи роҳнамо ва тоҷи заррини миллати шарафманди тоҷик аст. Мо бояд ин андешаро ҳамеша ба ҷавонон, ки ояндаи кишвар дар дасти онҳост, талқин кунем ва ғояи ваҳдати миллиро тарғибу ташвиқ намоем. Зеро тинҷиву амонӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмии мардум асоси ҳама гуна пешрафт ва ободии мамлакат мебошанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои шукуфоӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани Ватанамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз корҳои зиёдеро ба сомон расонем.
Дар ин раванд, ният дорем, ки дар шафати роҳҳои ба тозагӣ бунёдгардидаи аҳамияти байналмилалидошта инфрасохтори нақлиётии муосирро бунёд намуда, барои омадурафти озоду бемонеаи шаҳрвандон ва рушди тиҷорати ватанӣ тамоми шароитҳои заруриро фароҳам созем.
Бинобар ин, оғози таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент, азнавсозии роҳи Душанбе - Чанак, ифтитоҳи нақбҳои «Истиқлол»-у Шаҳристон ва дар заминаи он эҳё гардидани роҳи бузурги абрешим, бунёди варзишгоҳ барои ҳаждаҳ ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Истаравшан аз ҷумлаи дастовард ва корномаҳое мебошанд, ки дар бистуякумин солгарди бузургтарин ҷашни саодати миллатамон -Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба истиқболи бистсолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакат ба мардуми шарафманди тоҷик насиб гардидааст.
Зиёда аз ин, ифтитоҳи нақби Шаҳристон ва ба ин васила ба марҳалаи ниҳоӣ расидани бунёди шоҳроҳи бузурги Душанбе - Чанак дар самти амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон, яъне раҳоӣ бахшидани кишварамон аз бунбасти коммуникатсионӣ беҳтарин туҳфа барои тамоми мардуми тоҷик аст.
Бо ифтитоҳи нақби Шаҳристон, агар аз як тараф, вилояти Суғд ба марказ ва қисмати ҷануби мамлакатамон пайванди доимӣ касб кунад, аз тарафи дигар, Тоҷикистон минбаъд бо кишварҳои ҳамҷавори Чину Афғонистон ва Эрону Покистон, инчунин бо минтақаи Аврупо пайваст гардида, қисмати бостонии Шоҳроҳи бузурги абрешим эҳё мегардад ва ба ин васила ин мероси бузургу қадимаи халқҳои Осиё ҳамчун пайвандгари иқтисодиёти кишварҳои дорои тамаддуни бостонӣ бо мазмуну муҳтавои тоза арзи ҳастӣ менамояд.
Аз ҷониби дигар, нақби Шаҳристон ҳамчун пайвандгари қалбҳои миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб гардида, инчунин дорои аҳамияти муҳими стратегӣ мебошад ва дар ояндаи наздик ба роҳи транзити байналмилалӣ табдил меёбад.
Тавре ки дар хотир доред, моҳи августи соли гузашта ҳангоми сафари кориам ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва сохтору мақомоти дахлдор дастур дода будам, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин варзишгоҳи имрӯзаро азнавсозӣ намоянд.
То имрӯз ҷиҳати иҷрои корҳои таҷдиду азнавсозии варзишгоҳи шаҳри Истаравшан аз ҳисоби маблағҳои буҷет беш аз 13 миллион сомонӣ масраф гардида, барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, ҳамчунин гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ 18 ҳазор ҷойи нишаст омода карда шудааст.
Дар робита ба ин, мехоҳам ба муҳандисону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар азнавсозии ин варзишгоҳи бошукӯҳ саҳм гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён намоям.
Боварии комил дорам, ки мардуми саодатёру заҳматпешаи Истаравшани бостонӣ ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва оммавигардонии варзиш, ҳамчунин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим беш аз пеш саъю талош намуда, бахусус дар роҳи тарбияи дурусти ҷавонон ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.
Ҳозирини муҳтарам!
Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки нақши Суғди бостонӣ ҳамчун яке аз давлатҳои қадимаи тоҷикон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он хеле бузург будааст.
Бо вуҷуди он ки дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ қаламрави Суғди бостон, аз ҷумла шаҳри Истаравшан ва мардуми он мунтазам мавриди тохтутози аҷнабиён қарор гирифта бошад ҳам, хушбахтона иродаи қавӣ ва неруи шикастнопазири суғдиён имконият надоданд, ки чароғи фарҳанги аҷдодамон дар ин куҳандиёр хомӯш гардад.
Баръакс, гузаштагони шарафманди ин диёри куҳан касбу ҳунари аҷдодӣ ва анъанаву ойинҳои миллиамонро аср ба аср ба наслҳои баъдина бо рангу тобиши боз ҳам гуворову зебо ба мерос мегузоштанд. Ин аст, ки имрӯз низ мардуми олам Истаравшанро ҳамчун шаҳри ҳунармандону тоҷирони ҳимматбаланд эътирофу эҳтиром мекунанд. Ҳоло дар шаҳрҳои бузурги як қатор мамолики хориҷӣ амали устоҳои чирадасти ин мулки бостонӣ натанҳо ҳамчун ёдгориҳои меъморӣ, балки муаррификунандаи фарҳанги волои тоҷикон дар ақсои олам арзи вуҷуд намудаанд, ки ин боиси ифтихори тамоми мардуми тоҷик мебошад.
Дар Ватани азизамон бошад, нақши дастони ҳунармандони шаҳри Истаравшанро мо қариб дар ҳамаи иншооти маъмуриву фарҳангӣ баръало мушоҳида мекунем.
Бояд қайд намоям, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон низ саҳми мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони шаҳри Истаравшан дар раванди татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва беҳтар гардонидани хизматрасонии муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ хеле назаррас мебошад.
Аз таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан бармеояд, ки солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешрафту дастовардҳо хеле зиёданд.
Боиси қаноатмандист, ки дар қаламрави вилоят ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо молҳои аввалиндараҷа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳамзамон ба ин, дар шаҳри Истаравшан бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби корхонаҳо ва тоҷирону соҳибкорони ватанӣ таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ ворид гардидааст.
Танҳо дар давоми ҳашт моҳи соли равон дар вилояти Суғд беш аз 100 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳамчун амали созанда қобили пайравӣ ва дастгирист.
Дастовардҳои кишоварзон ва соҳаҳои иҷтимоии вилоят низ дар соли равон хеле назаррасанд. Айни замон талаботи аҳолии вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ асосан таъмин буда, баъзе намудҳои сердаромади бахши кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот ба кишварҳои хориҷӣ содирот карда мешавад, ки барои боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Соли равон дар қаламрави шаҳри Истаравшан чандин муассисаи нави таълимиву табобатӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, иншооти хизматрасонӣ ва маданиву маишӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Боварии комил дорам, ки мардуми бо нангу номуси вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонӣ минбаъд низ дар самти мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони озоду сохибихтиёр, инчунин ҷиҳати истиқболи сазовори бистумин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ватандӯстонаи хешро мегузоранд.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар тамоми сокинони вилояти Суғдро ба муносибати анҷоми корҳои азнавсозӣ дар роҳи мошингарди Душанбе – Истаравшан - Хуҷанд - Бӯстон – Чанак, ифтитоҳи нақби Шаҳристон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани варзишгоҳи шаҳри Истаравшан самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саодати рӯзгор, комёбиҳои тоза ва файзу баракати ҳамешагиро орзу менамоям.
Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.12 №: 136-137 Мутолиа карданд: 3562