logo

сафарҳо

Дурнамои муносиботи Тоҷикистону Финляндия дурахшон аст

Вохӯрӣ бо намояндагони
ҷамъияти тоҷикони Финляндия


Шоми 23 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ҳелсинки – пойтахти Финляндия шуд.
Боздиди нахустини Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз Финляндия бо мулоқоти судманди ӯ бо ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин мамлакат оғоз ёфт.

Дар оғози вохӯрӣ хотиррасон гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, пайваста зимни сафарҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқотҳои судманд анҷом диҳад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо 124 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, барои фароҳам овардани заминаи зарурии ҳамкории гуногунҷанба бо онҳо қариб 1,5 ҳазор шартномаву дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба имзо расондааст.
Аз марҳилаи “шиносоии мутақобила” ва “интизории қадамҳо ба сӯи якдигар” гузашта, ба масири рушди бемайлон ворид шудани робитаҳои Тоҷикистону кишварҳои Аврупо заминаи хуб барои густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла бо ҷалби ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин қитъа номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимнан изҳор дошт: “Мо ҳавасманди ҷалби ҳамдиёрони бурунмарзиамон ба равандҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон буда, хоҳони онем, ки онҳо шарикони доимии Ҳукумати кишвар дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд”.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки «давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳали кору зиндагиашон, бо қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад».
Дар мулоқот суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Зимни он Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба суолу дархостҳои ҳамзабонону ҳамватанони муқими Финляндия посух гуфта, ба масъулини дахлдор аз ҳайати ҳамроҳи худ барои татбиқи амалии пешниҳодҳои муфиди онҳо дастуру ҳидоятҳо дод.
Ба ҳамватанони муқими Финляндия, ҳамчунин асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллии тоҷикӣ, китобу маводи дигари муаррификунандаи ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон тақдим шуд.

Натиҷаҳои мулоқоту
музокироти сатҳи олии
Тоҷикистону Финляндия


Субҳи 24 октябри соли 2012 барномаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Финляндия бо мулоқоту музокирот бо Нийнистё Саули, Президенти ин кишвар, идома ёфт.
Мулоқоти роҳбарони сатҳи олии ду мамлакат бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди қасри Президент Нийнистё Саули, Сарвари давлати Финляндия, истиқбол гирифт.
Маросими истиқболи расмӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт.
Масоили ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Финляндия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Нийнистё Саули баррасӣ шуд.
Муҳокимаи муфассали масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.
Таъкид гардид, ки захираҳои фаровони табиию неруи инсонии Тоҷикистон ва сармояву технологияҳои муосири Финляндия заминаи хуб барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд аст.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои Тоҷикистону Финляндия номида шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки Тоҷикистону Финляндия доир ба масоили зиёди амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, обию энергетикӣ, экологӣ, ҳифзи иқлими сайёра аз гармшавӣ ва таъмини дастрасии васеи аҳолии ҷаҳон ба оби поки ошомиданӣ мавқеи ягона ва ё ба ҳам наздик дошта, дар ин самт ҳамгироии судманд ба роҳ мондаанд.
Баъди анҷоми музокироти расмӣ як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Финляндия баҳои баланд доданд.
Нийнистё Саули, Президенти Финляндия, аз ҷумла изҳор дошт: «Финляндия ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои ин аз тамоми имкону захираҳои ду кишвар омодаем босамар истифода барем».
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷойгоҳ ва нуфузи хоси Финляндия дар умури сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар ҳавасманд аст».

Мулоқот бо Ээро Ҳейнялуома,
Раиси Порлумони Финляндия


Нимаи дуюми рӯзи 24 октябри соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ээро Ҳейнялуома, Раиси Порлумони Финляндия, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои байнипорлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи ғании парламентаризми Финляндия ва татбиқи амалии дастовардҳои ибратбахши он дар Тоҷикистон амри судманд хоҳад буд.
Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки барои барпо намудани робитаи доимии судбахш аз ҳисоби вакилони мардумӣ гурӯҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистону Финляндия таъсис медиҳанд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба таҳкими робитаҳо бо порлумони Иттиҳоди Аврупо ва муассисаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо сурат гирифт.

Дидор бо Петри Яааскелайнен,
Ваколатдори порлумонии
Финляндия оид ба ҳуқуқи инсон


Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Ҳелсинки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо Петри Яааскелайнен, Ваколатдори порлумонии Финляндия оид ба ҳуқуқи инсон, мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти Институти ваколатдори Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки тайи собиқаи кӯтоҳи он, яъне аз соли 2009 ба ин сӯй, барои кори пурсамари ин муассиса заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст.
Таъкид гардид, ки таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз самтҳои афзали ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст.
Хотиррасон шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2350 созмони ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ, зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ, 8 ҳизби сиёсӣ, 400 рӯзномаю маҷалла (250-тоаш хусусӣ) ва 44 шабакаи радиотелевизионӣ, ки 28-тоаш ғайриҳукуматӣ аст, озодона фаъолият мекунанд.
Аз ҳамкории босамар дар чаҳорчӯби барномаи 30-моҳаи Вазорати корҳои хориҷии Финляндия – «Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати судӣ дар Осиёи Марказӣ» ва дигар робитаҳои ду кишвар дар ин самт изҳори қаноатмандӣ шуд.

Суҳбат бо Катайнен Юрки,
Сарвазири Финляндия


Субҳи 25 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҳелсинки бо Катайнен Юрки, Сарвазири Ҷумҳурии Финляндия, мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз мулоқоту музокироте, ки дирӯз бо Президент, Раиси Порлумон ва Ваколатдори порлумонии Финляндия оид ба ҳуқуқи инсон анҷом дод, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкории судманди ду кишвар дар самтҳои афзали муайяншуда бояд густариш ёбад.
Катайнен Юрки, Сарвазири Финляндия, бо назардошти мавқеи калидии ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи худ ва имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид дошт, ки Финляндия ва ширкатҳои сершумори он ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ дар масири Шоҳроҳи абрешим ҳавасманд аст.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар ин минтақа ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат карда, ба манфиати ҳамагон аст.

Шиносоӣ бо кори Пажӯҳишгоҳи экологии Финляндия

Дар шаҳри Ҳелсинки 25 октябри соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Пажӯҳишгоҳи экологии Финляндия ташриф оварда, бо дастовардҳои илмию техникии ин кишвари пешрафтаи аврупоӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, идоракунии обҳои фаромарзӣ ва истифодаи пурсамари ин неъмати гаронбаҳои табиӣ бевосита шинос шуд.

Боздид аз Хадамоти
геологии Финляндия

Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин ба Хадамоти геологии Финляндия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуд.
Зимни суҳбатҳои созанда таъкид гардид, ки бо назардошти захираҳои фаровони маъданҳои кӯҳӣ ва дигар канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон Финляндия метавонад бо он ҳамкории пурсамар ба нафъи ҳар ду кишвар дошта бошад. Бо қаноатмандӣ аз нахустин натиҷаҳои ҳамкорӣ, ки аз соли 2010 ба ин сӯ ба чашм мерасад, ба густариши бештар ва пурсамари чунин ҳамкорӣ ҳар ду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 2030
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед