logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ, 1 ноябри соли 2012

Омӯзгорону хонандагон ва падару модарони азиз!
Муассисаи таълимие, ки ҳоло мо дар саҳни он қарор дорем, соли 1944-ум, яъне дар давраҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд гардида, 68 сол инҷониб самаранок фаъолият дошта, дар таълиму тарбияи фарзандони имконияташон маҳдуди кишварамон саҳми арзанда дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳои бениҳоят душвор падару бобоёни мо бо вуҷуди ниҳоят кам дастрас будани адабиёти таълимиву асбобу ашёи хониш ва шароити таълимӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҷиҳати раҳо бахшидани мардуми кишвар, алалхусус ҷавонони имконияти маҳдуддошта аз гирдоби бесаводӣ дар бунёду фаъолияти ин мактаб - интернат донишу маҳорат ва истеъдоди хешро дареғ надошта буданд.
Ин кори хайру савобро давлату Ҳукумати кишвар дар давраи соҳибистиқлолии Ватанамон идома дода, сол аз сол дар самти беҳтар намудани раванди таълим ва фароҳам овардани шароити мусоиди моддиву маишии мактаб-интернатҳо чораву тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Айни замон шароити зист ва таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар мактаб-интернатҳои мамлакат рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҳоло дар мамлакат 84 мактаб - интернат ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон машғул буда, бо дастгирии Ҳукумати кишвар сатҳу сифати дониш дар ин муассисаҳои таълимӣ тадриҷан беҳтар гардида, солҳои охир иштироки хонандагони мактаб - интернатҳо дар озмуну олимпиада ва дигар чорабиниҳои таълимиву тарбиявӣ назаррас мегардад.
Ҳамзамон бо ин, то имрӯз таъмиру азнавсозии мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт, Нуробод ва Ҷалолиддини Румӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет бо сифати хуб ба анҷом расида, ҷиҳати васеъ намудани ҷои зист ва қабулу фарогирии ҳамаи кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, таъмири мактаб-интернати низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор бо маблағи қариб як миллиону 200 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Мактаб - интернати кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати қариб ду ҳазор метри мураббаъ ҷойгир буда, дорои 27 синф, аз ҷумла ду синфхонаи компютерӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад ва дар он 250 нафар хонандаи синну соли гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 68 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар муассисаи мазкур 56 нафар омӯзгору мураббии баландихтисосу таҷрибанок ва 34 нафар коргари техникӣ назорати доимии кӯдаконро таъмин намуда, бо онҳо машғулиятҳои гуногуни таълимиву тарбиявӣ мегузаронанд.
Ҳамзамон дар муассиса маркази касбомӯзӣ амал мекунад ва хонандагон аз рӯи панҷ касб - дӯзандагӣ, устои сартарош, пойафзолдӯзӣ, гаҷкорӣ ва рассомӣ таълим гирифта, баъди хатми таълимгоҳ соҳиби ҳуҷҷати тахассусӣ мегарданд.
Бояд хотирнишон сохт, ки танҳо дар давоми бист соли охир қариб 300 нафар хонанда мактаб – интернати мазкурро бомуваффақият хатм намуда, аз ҷумлаи онҳо 81 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар тибқи касбҳои омӯхтаашон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд.
Махсусан мехоҳам таъкид намоям, ки муассисаи мазкур ҳатто дар замони нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва омӯзгорону дигар кормандони соҳаи иҷтимоии кишвар ягон рӯз фаъолияти худро қатъ накардааст.
Пас аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон барои мактаб - интернатҳои мамлакат нақшаҳои нави таълимӣ таҳия гардида, ҷиҳати аз худ намудани касбу ҳунарҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Алалхусус касбҳои сартарош, дӯзанда, қаннод, дуредгар, кафшергар омӯзонида шуда, хатмкунандагон дорои сертификат ва шаҳодатнома мегарданд.
Мактаб - интернати ноҳияи Рӯдакӣ дар зарфи 35 сол умуман таъмир нагардидааст ва солҳои охир дар вазъияти садамавӣ қарор дошт. Соли 2012 бо ибтикор ва саҳмгузории бевоситаи ашхоси саховатпешаи ҷамъияти “Ситора трейдинг” дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ бинои хобгоҳи дуошёна, ошхона, маҷлисгоҳу толори варзишӣ ва синфхонаҳои он бо сатҳу сифати баланд аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардид.
Дар баробари ин, тамоми таҷҳизоти ошхонаву толори варзишӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир ҷиҳозонида шуда, роҳравҳои ҳавлии мактаб мумфарш ва барои истироҳату сайру гашти хонандагон мусоид гардонида шудаанд. Ҳамзамон бо ин, бо дастгирии ҷамъияти мазкур катҳои хоби кӯдакон пурра иваз карда шуда, 16 компютер, ду адад тахтаи электронӣ, ду таҷҳизоти наворбардорӣ ва тамоми синфхонаву толори маҷлисгоҳ бо мизу курсӣ, ҷевонҳо ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Ҳаммому хонаҳои истироҳатӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон низ дар доираи талаботи стандартҳои сохтмонӣ таъмир гардида, бо телевизору дастгоҳҳои наворбардорӣ ва ҷевону роҳаткурсиҳои замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Хонандагони муассиса чаҳор маротиба бо хӯроки гарм таъмин буда, илова бар ин, аз ҷониби сарпарастону шахсони саховатпеша низ мунтазам ёрии ғизоӣ расонида мешавад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба чунин шахсони ватандӯсту саховатпеша, ки ба хонандагони муҳтоҷу маҳдудияти ҷисмонидошта ёрии бевоситаи моддиву молиявӣ мерасонанд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Дар баробари ин, айни замон дар синфхонаҳои мактаб-интернат норасоии китобҳои махсуси дарсӣ бо забони давлатӣ ва маҷмуи маводи аёнӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ супориш дода мешавад, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати бартарафсозии норасоиву камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешанд.
Феълан дар муассисаи мазкур бо мақсади табодули таҷрибаи корӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор ва расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон 4 иттиҳодияи методӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин маъмурияти мактаб барои сайқал додани савияи донишу маҳорати касбии омӯзгорон семинарҳои дастурдиҳӣ, аз ҷумла «Забони имову ишора», «Тарзи дуруст мондани овоз ва ислоҳи нуқсонҳои нутқӣ» ва «Омӯзиши компютер» ташкил намудааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки қаблан мутахассисони мактаб-интернатҳои махсуси мамлакат, аз ҷумла равоншиносон, дефектологу логопед ва сурдапедагогҳо дар кишварҳои хориҷӣ тайёр карда мешуданд ва имрӯз барои омода намудани чунин ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар имкониятҳо мавҷуд мебошанд. Бинобар ин, Вазорати маориф ва Академияи таҳсилот вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати тарбия ва омода намудани мутахассисони зикршуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бояд қайд кард, ки соли 2011 қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба тасвиб расидааст, ки тибқи он заминаҳои ҳуқуқии таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда шуда, ҷиҳати дар мактабҳои маҳаллӣ ва мактаб-интернатҳо ба таҳсил фаро гирифтани ҳамаи наврасони имконияташон маҳдуд тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда мешаванд.
Санади мазкур имконият медиҳад, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд сарфи назар аз шакли бемориву норасоии ҷисмонӣ якҷо бо кӯдакони солим таҳсил намоянд, то ки дар ҷомеа худро ҳамчун узви баробарҳуқуқ эҳсос кунанд. Ҳоло дар назди Вазорати маориф доир ба таҳияи китобу барномаҳои таълимӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардида, кор дар ин самт оғоз шудааст. То имрӯз бештар аз 20 номгӯи китобу барномаҳо таҳия ва барои нашр пешниҳод гардидаанд.
Бо вуҷуди ин, раванди таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳои махсус ҳоло талаботи моро қонеъ гардонида наметавонад. Зеро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсил ва ба таври васеъ ба илмҳои гуногуни замонавӣ фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд мо бояд корҳои зиёдро ба сомон расонем.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва Академияи таҳсилотро зарур аст, ки барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти таълимии мактаб - интернатҳои кишвар барои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз тамоми захираҳои мавҷудаи омӯзишиву кадрӣ самаранок истифода намоянд. Илова ба ин, ҳар як фарди ватандӯсти мамлакат бояд фаромӯш насозад, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ин ҳифзу дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат мебошад.
Аз ин рӯ, мо бояд аз тақдиру қисмат ва ҷараёни зиндагии шахсони барҷомонда, маризону бепарасторон ва хусусан фарзандони нуқсонҳои ҷисмонидошта дар канор набошем ва нагузорем, ки онҳо дар ҷомеа худро танҳо эҳсос кунанд. Чунки раҳму шафқат, сила кардани сари ятимону ранҷурон, дастгирии барҷомондагон ва нигоҳубини маъюбон хислати азалии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, аз фарҳанги пурғановату эътирофшудаи миллати мо сарчашма мегиранд.
Дар тӯли чанд соли охир дар баробари ҷудо гардидани маблағҳои буҷетӣ барои интернатҳо тибқи супориши Президенти мамлакат муассисаву корхонаҳо ва тоҷирону соҳибкорони саховатпеша дар арафаи ҷашну идҳо ба мактаб - интернатҳо маводи ғизоӣ, китоб, ашёи хониш ва сару либос мадад мерасонанд.
Дар кишвар шумораи маъюбону бепарасторон чандон зиёд нестанд ва бо истифода аз фурсати муносиб аз шахсони саховатпеша, тоҷирону соҳибкорон даъват менамоям, ки хайру саховат ва эҳсонкориву ёрии худро нисбат ба чунин эҳтиёҷмандон на танҳо дар рӯзҳои ҷашну идҳо, балки ба таври доимӣ расонанд.
Дар хотима ба ҳамаи шумо – омӯзгорону хонандагони азиз ва ҳозирини иззатманд сиҳатии бардавом, рӯзгори хуш ва дар кору фаъолияти пурмасъули омӯзгориатон барору муваффақият таманно менамоям.

Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.12    №: 138    Мутолиа карданд: 3654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед