ҳукумат
Дар маҷлиси Ҳукумат беш аз
50 масъала баррасӣ шуд
29 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 50 масъала баррасӣ шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳоро диданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ таъингардидаро ба кори покизаю садоқатмандона ба нафъи давлати Тоҷикистон ва мардуми он ҳидоят намуд.
Сипас Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи тадорукоти ин ҷашни пурифтихор тасдиқ карда шуд.
Нақшаи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қариб 90 чорабинии фарҳангӣ ва илмию маърифатии оммавӣ ва корҳои бузурги созандагию бунёдкориро, ки ба ҳукми анъанаи накӯ даромадаанд, дар бар мегирад.
Сохтмон ва ба истифода додани биноҳои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Чойхонаи миллии Тоҷикистон, ба итмом расондани сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чанок, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ - Панҷи Поён ва нақбҳои Шаҳристону Шаршар, бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, як нерӯгоҳи миёнаиқтидор ва 43 нерӯгоҳи хурди обӣ, анҷом додани таҷдиди 4 агрегати Нерӯгоҳи обии Норак, сохтмони хатти 500-киловолтаи интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи 500-киловолтаи Душанбе, хатти 220-киловолтаи «Тоҷикистон-Афғонистон», сохтмони як силсила корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои гуногуни кишвар, барқарор ва пурра ба кор даровардани корхонаи азими «Тоҷикхимпром» дар ноҳияи Ёвон, сохтмон ва ба кор даровардани корхонаи нави кабелбарории шаҳри Душанбе, таъсиси филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи техникии Харков дар шаҳри Душанбе, таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои духтарони ятим, сохтмони садҳо иншооти нави соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзишу туризм, барқарор намудани як силсила қалъаю кӯшк ва дигар мавзеъҳои таърихӣ ва аз худ намудани ҳазорҳо гектар замини нав дар шаҳру ноҳияҳои гуногун аз ҷумлаи силсилаи тадбирҳои бузургҳаҷми созандагию бунёдкорианд, ки дар чаҳорчӯби чорабиниҳои «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ хоҳанд шуд. Таҷлили 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, омода ва чоп кардани Энсиклопедияи миллии Тоҷик ва ҷилди якуми китоби 6-ҷилдаи Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ташкил ва гузарондани анҷумани навбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва доир намудани ҷамъомадҳои тантанавӣ, намоишҳои театрӣ, семинару конфронс, озмуну фестивал ва маҳфилҳои илмию адабӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои сершумори фарҳангии бахшида ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хоҳанд буд, ки ба тарбияи маънавии аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии онҳо аз таъриху фарҳанги пурғановат ва давлатдории миллии тоҷикон равона мегарданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар таҳияи нав маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Тибқи нишондодҳои қонуни нав низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ҳадди беш аз 50 дар сад тағйир меёбад.
Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Илтимосномаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара оид ба таъсис додани деҳоти Вахиё ва илтимосномаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи таъсис додани шаҳраки Мирзо Турсунзода дастгирӣ ёфта, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Мутобиқи талаботи ин қонун амали муқаррароти кодексҳои андоз ва гумрук ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 29 июли соли 2010 боз дошта мешавад.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» тағйиру иловаҳо пешниҳод гардид, ки ҳадаф аз онҳо муҳайё намудани шароити хуби замонавӣ барои табобати шаҳрвандон аст.
Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 1310 - солагии Имоми Аъзам тасдиқ карда шуд, ки он маҷмӯи чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла чопи китобҳо ва ташкили намоишгоҳҳои доимамалкунандаи китоб дар бораи рӯзгор ва эҷодиёти Имоми Аъзам, семинару конфронс ва маҳфилҳои дигари илмию оммавиро дар бар мегирад.
Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташаккули «Равзанаи ягона» оид ба расмиёти содиротию воридотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи генералии татбиқи Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015, Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Қоидаҳои низоми нигаҳдории мавзеъҳои муҳофизати объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ ва қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда тасдиқ карда шуданд.
Тибқи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 қариб 2 миллион дона пӯст дар дохили кишвар коркард хоҳад шуд. Барои муқоиса бояд таъкид намуд, ки соли 2007 ҳамагӣ 6 ҳазор дона пӯст дар дохили кишвар коркард шудааст. Коркарди аввалияи пашм бошад, дар соли 2015 то ба 6495 тонна расонда мешавад. Дар соли 2007 танҳо 340 тонна пашм мавриди коркарди аввалия қарор гирифта буд. То соли 2015 корхонаҳои саноатии соҳа барқарор гардида, корхонаҳои нав низ бунёд меёбанд, то ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз пӯсту пашм ба маротиб афзун шавад.
Мутобиқи қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз қабул шуд, аз 1 марти соли 2009 Вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда мешаванд. Дорандагони Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд Вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд.
Вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомонӣ бароварда шуда, бурдҳояшон ба андозаи 1500, 1000, 500, 300, 200, 100, 40 ва 20 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар мӯҳлати 10 соли муомилоти вомбарг 60 тиражи бозиҳо гузаронда мешавад, яъне ҳар сол 6 тиражӣ ё дар ду моҳ як бор.
Қарорҳо дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои духтарони ятим, Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун» қабул карда шуданд.
Дар Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун, ки тибқи маълумотҳо бинои таълимӣ ва хобгоҳаш аллакай омодааст, мутахассисони техникии сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳамчунин танзиму нигаҳдории шабакаҳои гуногуни барқӣ барои кор дар иншооти зиёди гидроэнергетикии имрӯзу оянда сохташаванда омода мегарданд.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2008 ва банақшагирии корҳо дар соли нав дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6319