logo

сафарҳо

"Баҳористон" маъвои соҳибдилон гардид

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар ифтитоҳи бинои нави осоишгоҳи "Баҳористон" дар шаҳри Қайроққум
18 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.
Дар  фурудгоҳи  шаҳри  Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлатро бо шукру сипос аз сиёсати сулҳсозию ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо эҳтирому самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳ ва рӯнамоии бинои нави осоишгоҳи овозадори «Баҳористон» иштирок намуд.
Дар саҳни ҳавлии осоишгоҳ миёни Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва иштирокдорони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони мардумии Шӯрои Олии даъвати солҳои 1990-1995 ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ки дар он солҳои вазнин ба халқу ватани худ хизматҳои пурарзиш намудаанд, суҳбати самимии тӯлонӣ сурат гирифт. Президенти мамлакат  ба ҳамаи онҳо бори дигар барои хизматҳои шоёнашон дар пешгирӣ аз ҷангу хунрезии солҳои 90-уми асри гузашта, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва дубора сарҷамъ намудани мардуми парешоншудаи Тоҷикистону аз нав бунёд намудани асосҳои давлатдории навини тоҷикон арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Ба роҳбарияти осоишгоҳи "Баҳористон" дастур дода шуд, ки барои истироҳату фароғат ва солимгардонии онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.
Сипас бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави 6-ошёнаи осоишгоҳи "Баҳористон" расман мавриди истифода қарор гирифт. Зимни шиносоӣ бо шароити тиббии ташхису муолиҷа, ки бо истифода аз навтарин тарзу усул ва технологияҳои ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино дорои 250 ҷойи хоб буда, дар он 100 нафар мутахассиси хуби тиббию хизматрасонӣ бо кори доимӣ таъмин гардидааст. Шумораи умумии кормандони осоишгоҳ кунун ба 400 нафар расид.
Бо ифтитоҳи ин бино кунун осоишгоҳи "Баҳористон" имкон дорад, ки дар як баст то  ба  800  нафар  хизматрасонии  хушсифат  пешниҳод  намояд.  Дар  фасли  тобистон  бошад  имкон  ҳаст,  ки  шумораи истироҳаткунандагон то ба ҳазор нафар дар  як  баст  расонда  шавад.
Зимни шиносоӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони навин бар асари авзои сангини ҷомеа осоишгоҳи "Баҳористон", ки он вақт Хонаи истироҳатии Қайроққум номида мешуд, ба мисли ҳамаи истироҳатгоҳҳои дигар ба ҳолати ногувор гирифтор шуда буд, вале баробари барқарору пойдор гардидани сулҳу субот ва рӯ ба рушд овардани иқтисодиёти кишвар ва ҳам беҳшавии некуаҳволии мардум ин муассиса умри дубора пайдо намуд.
Мавриди зикри хос аст, ки сабабгори асосии умри дубора пайдо намудану пешсафи ин соҳа шудани осоишгоҳи "Баҳористон" ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудани Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, гардид. Беҳуда нагуфтаанд, ки қадами Сарвари кишвар файзу барор меорад.
Баҳори соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бори нахуст аз ин осоишгоҳ дидан карда, бо ҳолати ҳузнангези он шинос шуд. Баъд аз ин бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ин осоишгоҳ ба тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон гузашт ва тармиму навсозии он оғоз ёфт.
Аллакай моҳи марти соли 2011, яъне баъди  як  сол  бо  иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бинои аввали он пас аз навсозии куллӣ бо шароити муосири табобату истироҳат мавриди баҳрабардорӣ  қарор  гирифт.  Эмомалӣ   Раҳмон, Сарвари давлат, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонии бинои табобатӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон барои ба сатҳи муосири байналмилалӣ баровардани шароити истироҳату табобат дар он дастуру маслиҳатҳои муфид дод. 25-уми майи соли 2011 дар осоишгоҳи "Баҳористон" нахустин мавсими истироҳатии баъди навсозӣ оғоз ёфт ва ин рӯз чун зодрӯзи дуюми ин муассиса сабт гардид.
Дар заминаи иҷрои дастуру маслиҳатҳои иловагии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  дар ҳудуди осоишгоҳи "Баҳористон" бинои дуюми боҳашамати табобатӣ ва иншооти зиёди фароғат, варзиш ва дилхушӣ қомат афрохта, моҳҳои август ва сентябри соли 2011 мавриди баҳрабардории умум қарор гирифтанд.
Афзалияти волои осоишгоҳи "Баҳористон" ва дигар истироҳатгоҳҳои ин мавзеъ, албатта, қарор доштани онҳо дар соҳили Баҳри тоҷик - обанбори неругоҳи Қайроққум мебошад. Вале ин афзалият қаблан хуб истифода намешуд.
Аз ин хотир, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар соҳили назди осоишгоҳи "Баҳористон" пляжи зебою нотакроре сохта шуд, ки новобаста аз паст ё баланд шудани сатҳи оби баҳр ҳамеша пур аз об, оби софу тоза аст.
Табобат ва шифобахшии беморон дар осоишгоҳи "Баҳористон"дар асоси 8 барномаи махсус - "Асаби ором", "Ҳаракати озод", "Нафаси озод", "Бемориҳои рагу дил", "Узвҳои ҳозима", "Солимии мард", "Саломатии зан" ва "Зебоии пӯсту бадан" ба роҳ монда шудааст.
Дар ин ҷо ҳамчунин дастгоҳҳои навтарине насб шудаанд, ки ҳар яки он то 20-30 намуди ташхис, муоина ва ё муолиҷаро анҷом медиҳад. Табобату тавонбахшӣ бо лойи шифобахши кӯли Сакии Қрим, муми кӯҳӣ ё худ озакирит, реги маҳаллӣ, шахта ё худ ғори намакин аз намаки кӯҳи Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ, амалиётҳои гуногуни обӣ, аз қабили масҳи обӣ, обпошӣ бо фишори баланд, бо оби маъдандори сулфурӣ ва бо буғшифоию гиёҳшифоӣ ба роҳ монда шудааст. Бахши муҳими табобатии ин осоишгоҳро гиёҳшифоӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши сершумори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Табибони пуртаҷрибаи осоишгоҳ, ки аксарият дар Олмон ва Чин бозомӯзӣ шудаанд, бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва роҳу воситаҳои беҳтарини муолиҷавӣ ба беморон шифо мебахшанд. Таҷҳизоту воситаҳои пешқадами тиббии "Баҳористон" аз Олмон, Итолиё, Британияи Кабир, Чехия, Белгия, Чин ва дигар давлатҳо дастрас шудаанд.
Осоишгоҳи "Баҳористон" имрӯз дар миёни ҳамаи муассисаҳои ин соҳа пешсафу пешқадам аст, зеро танҳо дар 8 моҳи соли равон ба он наздики 15 ҳазор истироҳаткунанда аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва зиёда аз 30 кишвари хориҷӣ ташриф овардааст.
Осоишгоҳи "Баҳористон" дар амал собит менамояд, ки Тоҷикистон бо кӯҳҳои сар ба фалаки худ, ки 93% тамоми сарзамини онро ташкил медиҳанд, барҳақ дорои иқтидори бузурги рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ ва саёҳат ба хотири барқарорсозии саломатӣ мебошад.
Осоишгоҳҳои Тоҷикистони офтобрӯя бо мардуми соҳибфарҳангу меҳмоннавози кишвар шуҳрати ҷаҳонӣ доштанду доранд. Аз ин хотир, роҳбарияти осоишгоҳи "Баҳористон" барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати хизматрасонӣ минбаъд низ пайваста дар ҷустуҷӯи навгонию навовариҳо хоҳад буд, то ки дар фазои рушдёбандаи бозори хизматрасонии Тоҷикистони рӯ ба пешрафту шукуфоӣ бо рақибони худ, яъне осоишгоҳҳои дигар рақобати солиму омӯзанда дошта бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.12    №: 143-144    Мутолиа карданд: 2163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед