logo

илм

Абдуҳамид Ҷӯраев - ситораи тобони илм

Абдуҳамид Ҷӯраев соли 1951 мактаби  таҳсилоти миёнаро бо медали тилло ва соли 1956 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, муддати ду сол ба ҳайси муаллим дар факултети физикаву математикаи донишгоҳи номбурда ба фаъолият пардохт. Сипас барои дастёбӣ ба уфуқҳои равшантари дониш дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи В. Стеклов (ш. Москва) таҳти роҳбарии академик И. Векуа таҳсилро ба ҳайси унвонҷӯ идома дод. Соли 1962 баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Душанбе баргашт ва пажӯҳишро дар шуъбаи физикаю математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон давом дод.

Ӯ солҳои 1962-1964 ба ҳайси муовини мудири шуъбаи физикаю математикаи АИ Тоҷикистон, солҳои 1964-1970 муовини директори Институти физика ва техникаи ба номи С. Умаров, солҳои 1970-1973 мудири шуъбаи математика бо маркази ҳисоббарории ин муассисаи илмии кишвар фаъолият намуд. Солҳои  1973-1987 аввалин директори Институти математика бо маркази ҳисоббарории АИ Тоҷикистон буд, ки он бо саъю талоши ӯ таъсис ёфт.
Аз соли 1987 то соли 2005 шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии Институти математикаи АИ ҶТ-ро роҳбарӣ намуд.
Дар муддати кӯтоҳ як силсила тадқиқоти муҳимро ба поён расонида, дар 35-солагӣ ба дифои рисолаи докторӣ муваффақ шуд. Ӯ аввалин риёзидони  тоҷик мебошад, ки соҳиби унвони дараҷаи баланди илмӣ - доктори илмҳои физика ва математика гардидааст.
Соли 1968 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардида, соли 1970 ба унвони илмии профессор соҳиб ва соли 1973 узви пайваста (академик)-и АИ Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар муддати 15 соле, ки сарвари Пажӯҳишгоҳи математика бо маркази ҳисоббарорӣ буд, Тоҷикистон яке аз марказҳои намуна ва пешрафтаи математика шинохта шуд. Маҳз ба хотири чунин пешрафт донишмандон, ситораҳои тобони илм, академикҳо  М. Келдиш, А. Тихонов, В. Владимиров, С. Николский. В. Илин, А. Самарский, барандаи ҷоизаи Нобел, профессор Мессебауэр, професорон Вендланд ва Ҳейндрих Бегер ба Душанбе, ба ин пажӯҳишгоҳ ташриф овардаанд, ки далели қадру манзалат ва пояи баланди илмии пажӯҳишгоҳу сарвараш мебошад.
Академик А.Ҷӯраев бо донишмандони бузурги Олмон, Ингилистон, Амрико, Шветсия, Ҷопон, Италия, Чин, Испания ва Фаронсаву Полша ҳамкориҳои муназзаму пурсамар дошт.  Бузургтарин марказҳои илмии Аврупои Ғарбӣ, Амрико, Ҷопон ва амсоли ин академики тоҷикро  барои ҳамкориҳои муштараки илмӣ ва ё хондани маърӯзаҳо  даъват менамуданд.
Академик А.Ҷӯраев дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа низ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ қариб 50 соли умрашро дар синфхонаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон сарф кардааст. Аксарияти риёзидонони тоҷик аз  сабақҳо ва дастгириҳояш баҳравар гардида,  соҳиби унвонҳои илмии номзаду доктори  илм ва профессору академик шуданд.
Академик Абдуҳамид Ҷӯраев аз донишмандоне ба шумор меравад, ки барои насли оянда осори бузурги илмӣ мерос гузоштааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 таълифоти илмӣ буда, аз ҷумла 5 монографияи пурарзиш ба табъ расонидааст. Дар онҳо роҳи ҳалли як силсила масоили физикаю риёзиро, ки дар чаҳорчӯбаи назарияи умумӣ намеғунҷиданд ва ҷиҳати таҳқиқи онҳо меъёри ягонаву аслие вуҷуд надошт, муқаррар ва имкони татбиқи онҳоро низ моҳирона муайян кардааст. Ӯ кашшофи самтҳои мухталифи то замонаш номаълуми илми математика мебошад. 
Нимаи солҳои 60-ум олим назарияи масъалҳои канориро барои системаҳои ғайриклассикии (намуди таркибии) муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии тартиби якум дар соҳаҳои маҳдуди ҳамвор кашф намуд. Дастовардҳои дар ин самт ҳосилшудаи  А.Ҷӯраев дар китоби якуми ӯ "Системы уравнений составного типа" (нашриёти "Наука", Москва, соли 1972) ва тарҷумаи он ба забони инглисӣ "Systems of Equations of Composite Type" дар нашриёти "Longman, Harlov" -и  Ингилистон нашр шудааст.
Аввалҳои солҳои 70-ум ин донишманд  дар соҳаҳои муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ ва муодилаҳои интегралии сингулярӣ (махсус) ба кашфиёти оламшумуле муваффақ мегардад. Ӯ назарияи нави муодилаҳои интегралии сингуляриро дар соҳаҳои маҳдуди ҳамворӣ кашф намуда, татбиқи онро дар ҳалли масъалаҳои канорӣ барои системаҳои умумии эллипсӣ ва инчунин барои системаҳои ғайриклассикӣ (намуди таркибӣ) дар соҳаҳои бисёрчена,  ки гузориши дурусти онҳо  ба худи А.Ҷӯраев тааллуқ дорад,  арзёбӣ намудааст. Натиҷаҳои дар ин самт ҳосил намудаи академик дар китоби дуюмаш "Метод сингуляных интегральных уравнений" (нашриёти "Наука", Москва, соли 1987 ва тарҷумаи инглисии он "Metods of Singular Integral Equations" нашриёти "Longman, Harlov", соли 1992)  ҷамъбаст шудаанд.
Охирҳои солҳои 90-ум А. Ҷӯраев дар ҳамкорӣ бо донишманди машҳури олмонӣ Ҳ. Бегер бори аввал дар ҷаҳон таҳқиқи хосиятҳои як навъ муодила ва системаҳои муодилаҳои эллипсии бозмуайяншударо дар заминаи назарияи функсияҳои якчандтағйирёбандаи комплексӣ ба роҳ монданд.  Натиҷаҳои таҳқиқоти онҳо дар ин ҷода дар китоби пурарзишашон "An Introduction to Several Complex Variadles and Differential Equations" ("Введение во многие комплексные переменные и дифференциальные уравнения"), нашриёти "Addison Wesley Longman" (Ингилистон ва ИМА, соли 1997) нашр гардиданд.
Китобҳои чорум ва панҷуми академик А.Ҷӯраев "Вырожденные и другие проблемы" ("Degenerate and other Problems") дар нашриёти Лангмани Ингилистон соли 1992 ва "Сингулярные уравнения с частными производными" ("Singular Partial Differential Equations") дар нашриёти Chapman and Hall/CRC (ИМА) соли 2000 чоп шуд. 
Ӯ беш аз 40 сол дар бузургтарин симпозиуму конгрессҳо ва анҷуманҳои математикони ҷаҳон ширкат ва суханронӣ намудааст. Ба забони инглисӣ  аз минбарҳои баланд аз бозёфту пешрафтҳои тозаи математикаи Тоҷикистон навид дода, шуҳрати диёрро  афзун мекард. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 2001 ӯ дар Анҷумани ҷаҳонӣ бахшида ба 100-солагии ҷашни Нобел бо маърузаи илмӣ донишмандони оламро аз кашфиётҳои нави хеш огоҳ намуд.
Аз соли 1983 ҳамчун аъзои таҳририяи маҷаллаи бонуфузи байналмилалии "Complex variables" "Комплексные переменные" (ИМА), Ингилистон ва ҳайати Президиуми бунёди байналмилалии математикаи ISAAC (бо намояндагиҳо дар Амрикову Олмон) шинохта шуда буд.   Инчунин доктори ифтихории донишгоҳҳои Кембриҷ (Ингилистон), Берлин, Штутгарт, Дармштат (Олмон), Хелсинки (Финландия), Брюссел (Белгия) буд.
Академик А. Ҷӯраев то охирин рӯзҳои ҳаёташ дар Институти математикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст ва тамоми асарҳои ӯ, чи дар кишвар ва чи дар хориҷи он, зери муҳри (грифи) Институти математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд.
Фаъолияти илмию педагогии ӯ бо чандин мукофотҳои давлатӣ низ қадр карда шудааст. Аз ҷумла Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1997), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино  (2001) мебошад.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2012 ва пешниҳоди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд Институти математикаи ба номи академик Абдуҳамид Ҷӯраеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  номида мешавад.

М. ИЛОЛОВ,
президенти АИ ҶТ, академик,
С. ОДИНАЕВ,
ноиби президенти АИ ҶТ,
академик,
З. РАҲМОНОВ,
директори  Институти
математикаи АИ ҶТ,
узви вобастаи АИ ҶТ,
Ҷ. САФАРОВ,
доктори илмҳои физика ва математика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.12    №: 143-144    Мутолиа карданд: 5498
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед