сафарҳо
Сафари корӣ ба Туркманистон
4 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёров - роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хо-риҷӣ, Эркин Раҳматуллоев - мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.12.12 №: 150 Мутолиа карданд: 2089