logo

сафарҳо

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария

7 декабр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он, ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёров, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Матлубхон Давлатов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Амир Катаев, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

* * *
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он иштирок ва суханронӣ менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар маросими шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо намояндагон аз тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 157 кишвари ҷаҳон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад ва бо шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи давлатҳои аъзои созмон ба 158 адад мерасад, ки саҳми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмони мазкур нақши муайянкунанда дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти зарурат ва моҳияти узвият дар ин созмон, соли 2001 ба Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мактуби дархостиро оид ба аъзо шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ирсол намуд ва Шӯрои Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар ҷаласаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми кишвари нозирро пешниҳод намуд ва Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъсис дода шуд. Аз соли 2001 то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир дар ҷаласаҳои Шӯрои генералии созмони мазкур иштироки фаъолона дошт.
Рӯйдоди таърихӣ - маросими дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо 10 декабри соли равон дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯро бо Паскал Лами, директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, мулоқоти хоса анҷом медиҳад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2012    №: 153    Мутолиа карданд: 1353
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед