logo

маориф

Барзагови гӯсфандхӯр

ё чаро кӯдакони мо китобҳои дарсии идеалӣ надоранд?
 
И. Абдуллоев, З. Абдуллоев, Б. Боронов, З. Дорғабеков, китоби дарсии "Забони модарӣ" барои синфи 3, нашриёти "Huoerquosi Yiqi Trading Co., LTD", (Чин), с. 2012.
 
 
Дар панҷ соли охир бори дуюм аст, ки раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъалаи кайфият ва мазмуни китобҳои дарсии синфҳои ибтидоиро дар ҷаласаҳои васеи худ ба муҳокима мегузорад. Банда низ ба ҳайси узви раёсати ин иттиҳодия бори дуюм муваззаф шудам, ки китоби "Забони модарӣ" барои синфи 3-юмро баррасӣ намоям.
Китоби мавриди тақризи мо ҳам аз ҷиҳати мазмун, ҳам ороиш, ҳам фарогирии мавзуъ ва интихоби матнҳо нисбат ба китоби пештараи дарсии "Забони модарӣ" барои синфи сеюм хеле комил ва камғалат аст. Барои мисол, агар фақат дар матнҳои шеърии китоби гузашта зиёда аз 500 ғалати гуногун роҳ ёфта бошад, дар тамоми матнҳои назмию насрии китоби кунунӣ ин гуна ғалатҳо аз 80 адад бештар нест.
 
Муваффақиятҳои бадастовардаи муаллифон дар таҳриру такмили чунин китоби муҳим боиси хушнудист. Бинобар ин, дар матлаби мазкур таваҷҷуҳи муаллифони китоб ва хонандагонро танҳо ба камбуду нуқсонҳои боқимондаи он ҷалб менамоем, то дар оянда ҳангоми таҷдиди чоп ба эътибор гирифта шаванд. Китоби дарсӣ бояд комил, идеалӣ ва оинаи ибрати якумрии кӯдаконе бошад, ки аз он дарс азбар мекунанд.
Аввал хатоҳои имлоиро баррасӣ мекунем.
Ба чопи китоб 19 марти соли 2012 иҷоза дода шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ"-ро 4 октябри соли 2011 тасдиқ кардааст. Бо он ки омодакунандагон то ба нашр иҷоза ёфтани он расо панҷ моҳ вақт доштаанд, аз чи бошад, ки риояи қоидаҳои имлои нав, бахусус дар мавриди пеш аз ҳарфи "ҳ" ва аломати сактаъ "ъ" наомадани ҳарфи "ӯ"-ро сарфи назар кардаанд. Аз ин рӯ, то замоне, ки ин китоб дар дасти кӯдакон аст, онҳо калимаҳои амсоли "муътадил"-ро боз "мӯътадил" ва "муҳлат"-ро "мӯҳлат" хоҳанд навишт. Мо ҳам дар матлаби мазкур барои хислати умумӣ доштанашон ин қабил хатоҳоро ба назар нагирифтем.
Ғалатҳои дигари имлоӣ аз ин дастанд:
а) ноҷо истифода шудан ё истифода нашудани аломатҳои китобат. Чунин мушкил бештар бо аломати "," пеш омадааст, зеро дар ҳудуди 25 маврид дар имлои ин аломат ба хато роҳ дода шудааст. Мисолҳо барои намуна аз ин ғалатҳо: "оғӯш кушода пешвоз гирифт" (с. 30). (Пас аз "кушода" вергул меояд). "ба берун, назди Гург омад" (с.98). (Дар ин маврид "," гузошта намешавад). "Моро матарсон ки," (с. 122). ("," бояд пеш аз пайвандак меомад).
Дар дасташ - халтаи бор,
Ба ман нигоҳ мекард ӯ. (с. 75).
"донис - тан" (с. 148). (Аломати "-" бемавқеъ омадааст).
"Мо чӣ мехӯрда бошем" (с. 119). (Аломати "?" дар охир наомадааст). "Чаро омадӣ, эй сиёҳдили хонасӯз!". (Ба ҷойи "!" ё "?" гузоштан лозим буд, ё "?!"). "меҳмонхонаҳои Серена, Сомонӣ, Вахш, Авесто" (с. 207). (Номи меҳмонхонаҳо бояд дар "" гирифта мешуд. Як ҷумла пештар кохи "Ҷомӣ" дар "" омада, ки дуруст аст).
Чунин ғалатҳо дар саҳифаҳои китоб зиёда аз 30-тоанд. Барои исботи даъвоямон муроҷиат кунед ба саҳифаҳои 8, 24, 30, 60, 103, 122, 139, 155, 161, 163, 165, 186, 192, 207, 208, 257, 262, 279, 295, 307, 315, 316…
б) афтидан, зиёд омадан ё иваз шудани ҷойи ҳуруф.
"воалайк ассалом" (с. 73), дурусташ "ваалайк"; "… бо ҳам наздик шудем…" (с. 123), (ба ҷойи "бо" "ба" бояд бошад); "модоме ки…" (с. 138), дурусташ "модом ки"; "Ӯро Мурғи дарознӯк мегуфтанд" (с. 146), бояд дар ин маврид "Дарознӯк" навишта шавад; "Дар оғӯши ин давра парваридаем" (с. 164), ҳарфи "е" дар калимаи "парваридаем" барзиёдист ва вазни мисраъро халалдор кардааст; "рӯҳбоҳ" (с. 98), дурусташ "рӯбоҳ"; "Иллоҳо" (с. 69), дурусташ "Илоҳо"; "Ғаззолӣ" дар ҳама ҷо ба шакли "Ғазолӣ", "Абӯалӣ ибни Сино" ба шакли "Абӯалӣ Сино" омада, ки нодуруст аст; "гулом" (с. 279), "чӯрааш" (с. 290), "фурӯд" (с. 274), "авф" (с. 293), дурусташ "ғулом", "ҷӯрааш", "фуруд", "афв" ва ҳоказо. Дар баъзе мисраъҳо дар навишти калимаҳо ғалат рафта, вазни шеърҳо хароб гаштааст. Мисол:
"Эй дил, бигзор, Ҳуҷҷат, шоириро" (с. 339). Шакли дурусти ин мисраи Носири Хусрав чунин аст: "Зи дил бигзор, Ҳуҷҷат, шоириро".
Ё "Зи чуғдон чандин маҳрум будан" (с. 340). Шакли дурусти ин мисраи Мавлавӣ чунин аст: "Зи чуғдон чанд ин маҳрум будан".
Ё
"Қади туро, бари туро
Қадам - қадам навиштаам" (с. 342). Мисраи дуюм бояд чунин бошад: "Қадам - қадам наваштаам", чун "наваштан" раҳ паймудан аст.
Ҳамин гуна хато дар китоб дар ҳудуди 30 адад ба назар расид.
в) Харобии мантиқ дар матнҳо.
Мисолҳо:
"Маънои Ватан моликият аст" (с. 8, аз "Азизномаи Лутф"). Маънои "Ватан" макони зист аст, на моликият. Ватанро баръакси моликият харидаву фурӯхта намешавад.
"Хусусиятҳои ин оби шифобахш шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст" (с. 24). "Хусусият" шуҳрат пайдо намекунад.
"Дар ин бобат Ҷомӣ чун шохи пурмева пурбор буд" (с. 65). Ҷумла натанҳо бемантиқ, балки хандаовар аст.
"Барра … фарбеҳ ва хушҳол калон мешавад" (с. 167). Хушҳолӣ танҳо хоси инсон аст.
"Ин пири ҳақиқат зиёда аз сад асари худро ба инкишофи илмҳои замонааш бахшидааст" (с. 194). "Пир" танҳо дар "тариқат" мешавад, зинаи "ҳақиқат" ба "пир" ниёз надорад. Аҳли илм ҳам ҳеҷ гоҳ ба инкишофи илми замонаш (на замона) асари худро намебахшад.
"Гулоб барои кори солими ҷигару талхадон доруи хуб аст" (с. 121). Кор муътадил мешавад, на солим.
"Дар пеш кӯҳи қуллабаланд менамуд. Барои ҳамин кӯҳро ағбаи Анзоб меноманд" (с. 214). Агар аз чунин мантиқ кор мегирифтанд, яъне "кӯҳи қуллабаланд"-ро "Анзоб" ном мениҳоданд, тамоми ағбаҳои Тоҷикистонро Анзоб мегуфтанд.
Дар китоб на танҳо ҷумлаву ибораҳои бемантиқ, балки, мутаассифона, матнҳои бузурги бемантиқ ва ҳатто мазҳакаомез ҷой дода шудаанд. Таваҷҷуҳ кунед ба матнҳои "Омӯзгори сарбоз" (с. 312), "Меҳри устод" (с. 22), шеъри "Мукотиба" (с. 316), "Шер ва барзагов" (с. 321).
Дар матни "Омӯзгори сарбоз" сухан дар бораи шахсе меравад, ки баъди ҷанг бо 1000 крони чехӣ ва 100 сӯми шӯравию ифтихорнома қадр шудааст, ки ба қавле "кирои гап" намекунад. Гузашта аз ин, корномаи ҷангии ин қаҳрамон он будааст, ки ҳангоми набард ба лаби рӯд обхӯрӣ меравад ва чун бармегардад, мебинад, ки мавқеъашро бо гулӯлаборон ба хок яксон кардаанд. Ӯ шукрона мекунад, ки дар ин соати наҳс обхӯрӣ рафтааст вагарна, яқинан ҳалок мешуд. Албатта, зинда мондани қаҳрамони ҳикоя боиси хурсандист, вале агар ба ҷойи ин манзара лаҳзае аз ҷонфидоии ӯ дар майдони ҷанг оварда мешуд, судаш барои кӯдакон бештар мебуд.
Дар матни "Меҳри устод" ҳам ҳодиса боварибахш ба назар намерасад. Доро, ки дар синфи сеюм мехонад, пояшро бо дос мебурад. Муаллимаш ба ӯ дору мефиристад ва ҳамсинфаш онро ба пойи Доро мебандад. Меҳри муаллим дар дили Доро ҷой мегираду рӯзи дигар ба мактаб меравад. Албатта, таваҷҷуҳи устод ба ҳоли шогирдаш кори хубест, аммо аз ҷониби ӯ фиристодани дору ба Доро каме муболиға ва аз ҷониби як кӯдаки синфи сеюм баста шудани захми по иғроқи маҳз аст. Ҷумлаи охирӣҳам гӯиё ба он далолат мекунад, ки агар меҳри муаллим дар дили Доро ҷой намегирифт, шояд ӯ ба мактаб намерафт.
Доди бемантиқиро дар байни матнҳои китоб ҳикояи "Шер ва барзагов" (с. 321) додааст. "Боре Шер хост Барзаговро хӯрад … ва роҳи ҳиларо пеш гирифт. Шер ба … Барзагов гуфт:
- Ман гӯсфанди фарбеҳ куштам, агар иштиҳо дорӣ, ба меҳмонӣ биё…".
Ҳама гуна асари бадеӣ, ҳатто масалу афсона ҳам дар асоси талаботи қонунҳои мантиқ сохта мешавад. Баръакси ҳол, он ба ҷуз ҳазён чизе нест. Наход муаллифи ин ҳикоя, ки номаш зикр нашудааст, фикр накарда бошад, ки барзагов ҳайвони гӯштхор нест ва шер ҳам агар ӯро ба доми худ кашидан мехост, наход ӯро ба хӯрдани гӯшти гӯсфанд ташвиқ намояд? Агар мегуфт, ки ман бароят алафи тар ё ягон гуна тарит омода кардаам, хонанда ҳам ба фиреби шер бовар мекард.
Чизи дигаре, ки дар китоб нохушоянд ба назар мерасад, он аст, ки мураттибон забони матни классиконро таҳрир кардаанд. Ин амалро ба хотири фаҳмо шудани забони онҳо барои кӯдакон иҷро карда бошанд ҳам, ба назари мо, агар ба ҷойи таҳрир ба шакли луғат ин гуна калимаҳоро шарҳ медоданд, беҳтар мешуд.
Мисол: "Эй маликзода, ҳамаи ин бойигариро падарат барои ҳоҷате намондааст" (с. 15, аз Саъдии Шерозӣ). Ё "ҳар ду дар чуқурии чоҳ афтоданд" (с. 98, аз Кошифӣ). Ҳамчунин "то ки аъзоҳои бадан осуда шаванд" (с. 27, Унсурулмаолии Кайковус).
Тасаввур кунед, ки Саъдӣ вожаи "бойигарӣ", Кошифӣ "чуқурӣ", Кайковус "аъзоҳо"-ро истифода бурдааст!
Агар мураттибон ба ҷойи таҳрири осори бузургони адабиёт ва бад-ин васила нишондани доғ бар ҳусни ҷовидониашон баъзе ҷумлаҳои хароби муаллифони маълуму номаълуми китобро сайқал медоданд, он боз ҳам комилтару зеботар мешуд.
г) Заъфи баён ва харобии услуб.
Боиси таассуф аст, ки аз ин даст ғалатҳо низ китоб орӣ нест. Ба ин мисолҳо таваҷҷуҳ кунед:
"Таркиби об ва буғ аз 18 навъи моддаҳои кимиёвии муолиҷавӣ иборат буда, ба бемориҳои гуногун шифо мебахшад" (с. 24). "Таркиб" худ "иборат" аст ва "18 навъ модда" бояд навишт. Яъне, ҷумла бояд тахминан чунин бошад: "Об ва буғ аз 18 навъ моддаи кимиёвӣ иборат буда, ба бемориҳои гуногун шифо мебахшанд".
"Одам аз кисапурӣ набояд сарафрозӣ кунад" (с. 65). Ба ҷойи "кисапурӣ" "сарватмандӣ", ба ҷойи "сарафрозӣ" "фахр" бояд гуфт.
Дар саҳифаи 111 ҳикояте бо номи "Танбал" омада, ки аз аввал то охир дар ҳусни баён нуқс дорад. "Марде дар зери дарахте дароз кашида буд, то ки истироҳат кунад. Роҳгузаре мореро дид, ки дар наздики пойи мард ҳаракат мекард. Ӯ фавран фарёд кард…". Дар ин се ҷумла феъли "кардан" се бор ба кор рафтааст. "Дар наздики пойи мард ҳаракат" кардан ҳам дар ҳусн нуқс дорад. Умуман, мантиқи матн талаб мекунад, ки ба ҷойи "марде", "марди танбале" гуфта шавад.
"Сипас духтари худро бо Собит ақди никоҳ намуд" (с. 176). Ҷумла табиӣ нест ва бояд ин тавр бошад: "Сипас духтари худро ба никоҳи Собит даровард".
"Аз хавфи истеъмоли як луқмаи себи бе ризои соҳибаш хӯрда…" (с. 176). Ҳусни ин ҷумла аз пайиҳам омадани муайянкунандаҳо костааст ва ба "себ" рабт додани "луқма" ҳам сохта ба назар мерасад. Шояд ба ин тарз хубтар мебуд: "Як пора себе, ки бе ризои соҳибаш хӯрд…".
Чунин мисолҳоро боз ҳам овардан мумкин аст, вале бо ҳамин иктифо мекунем.
д) нуқсҳои дигар.
Дар байти зерин пеш аз калимаи "нахӯрд" вожаи "худ" афтида, ба вазн латма ворид кардааст:
Некбахт он касе, ки доду  бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки нахӯрду надод. (с. 56)
Дар саҳифаи 67 вожаи "чармдаст" шарҳ мехоҳад.
Дар боби "Муҳити зист" се матн дар саҳифаҳои 103-104, 105, 113 қариб такрори ҳамдигаранд.
Дар саҳифаи 139 вожаи "нуқл" ин тавр шарҳ дода шудааст: газак, чизи аз ширинӣ, намакӣ (?), туршӣ тайёр кардашуда. Ба ҷойи "намакӣ" бояд "шӯрӣ" меомад.
Баъзе шеърҳо қофияҳои ноқис доранд. Масалан, дар шеъри саҳ. 44 "пурнур" бо "ташаккур" ва "ангур" бо "бихӯр" қофияҳои ноқис ба вуҷуд овардаанд.
Шеърҳои саҳифаҳои 279 ва 336 (муаллифонашон Ғуломи Раҷаб ва Нуъмон Розиқ) аз ҷиҳати вазн ва ҳусни сухан ғалатҳои дурушт доранд.
Умеда духтури хушрӯ, (мафоӣлун мафоӣлун)
Сиёҳчашму дарозмӯ. (наздик ба мафоилун фоилун)
Хандида медарояд, (мустафъилун фаулун)
Гирёнда мебарояд. (мустафъилун фаулун).
Чунон ки мебинем, ҳамин чор мисраъ се вазн дорад ва мисраи "гирёнда мебарояд" билкул хандаовару ноҷост.
Ва шеъраки
Орзуи ширини маро (наздик ба мустафъилун мустафъилун)
Аз ҳар варақ додӣ, китоб. (мустафъилун мустафъилун)
Дар хонаву дар мактаб (мафъулу фоилотун)
Ҳамсуҳбати сози манӣ (мустафъилун мустафъилун) низ дар ду вазн гуфта шудааст.
Чунон ки зикр кардем, навиштан ва таҳияи китоб барои кӯдакон кори ниҳоят мушкил ва масъулиятнок аст. Агар чор муаллифу панҷ нафар узви ҳайати мушовараву таҳрири китоб, яъне ин нуҳ донишманди саршиноси кишвар, ҳангоми вероиш матнҳои онро ҷиддитар баррасӣ мекарданд, фикр мекунам, он ҳатман ба китоби идеалии дарсӣ табдил меёфт.
 
Ато Мирхоҷа,
шоир, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.12    №: 154    Мутолиа карданд: 6873
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед