logo

сафарҳо

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия

15 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Туркия шуд.
Тайи ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон бо Президенти ин мамлакат Абдулло Гул, Сарвазири он Реҷеп Тайип Эрдоган, Раиси Парлумони Туркия Ҷемил Чичек ва дигар намояндагони воломақом мулоқотҳо анҷом дода, масоили ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни муносиботи ду давлат ба имзо хоҳанд расид.
Зимни ин сафар ҳамчунин форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, иштирок дар маросими "Шаби Арӯс", ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад ва боздид аз Донишгоҳи ба номи Мавлоно дар назар аст.

Зиёрати оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қуния

Субҳи 17 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда, нахуст оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро зиёрат кард ва бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Мавлоно мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қуния бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар ин шаҳри зебои бостонӣ ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш, аз ҷумла намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон нахуст оромгоҳи шоир, олим ва мутафаккири бузурги олами Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро зиёрат намуда, барояш дуою фотиҳаи накӯ карданд. Тавре аён гардид, оромгоҳи ин пири ботадбир, ки зиёратгоҳи маҳбуби мардуми кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб аст, ҳамеша пур аз зоирон мебошад.
Шоҳбайтҳое, ки дар болои дари даромадгоҳи оромгоҳ ва деворҳои чор паҳлуи он навишта шудаанд, аз эътиқоду эҳтироми баланди бузургони гузаштаю имрӯза ба осори ҷаҳоншумули Мавлоно гувоҳӣ медиҳанд:
Каъбат-ул-ушшоқ бошад ин мақом,
Ҳар кӣ ноқис омад, ин ҷо шуд тамом.

Сарвари  давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо оромгоҳ ва осорхонаю қадамҷоҳои дигари Мавлонои Балх, ки ҳамагӣ зиёратгоҳҳои мубораки муридону ихлосмандони ин донишманди оламшумуланд, шинос шуд.

Эмомалӣ Раҳмон доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлоно шуд
 
17  декабр дар шаҳри Қуния Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Мавлоно ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд.
Дар даромадгоҳи донишгоҳ меҳмони олимақомро ректори ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Туркия Баҳаттин Адам истиқбол гирифт. Пас аз ворид шудани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори маҷлиси донишгоҳ сурудҳои миллии ду кишвари дӯст садо доданд.
Дар оғози мулоқот қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Мавлоно доир ба сарфароз гардондани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ қироат шуда, шаҳодатномаи ин унвони ифтихорӣ ба ӯ тақдим гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои чунин қадршиносии олӣ арзи сипос карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ҷаҳду талош меварзад.
Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба нақши таълимоти ҷаҳоншумули Мавлоно дар рушди робитаҳои Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид: "Мавлавии Рум боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо ва умуман тамоми башарият аст. Ва ба яқини комил осори адабӣ ва фалсафию ирфонии ӯ минбаъд ҳам роҳи мову шуморо ба сӯи оянда мунаввар хоҳад кард. Рӯҳи бузурги Мавлавӣ дар ҳамбастагӣ бо пайвандҳои таърихии мардумони Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои хайрхоҳона ва созандаи кишварҳои моро низ шодоб менамояд".

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик

17 декабр дар Донишгоҳи Мавлоно Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин ва дигар мактабҳои олии Туркия таҳсили илму дониш мекунанд, суҳбати самимӣ анҷом дод.
Тавре зикр гардид, дар мактабҳои олии Туркия наздики 350 донишҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногун таҳсили илм мекунад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва истифодаи босамари имконоти фарохи муҳайёгардида ҳидоят намуда, аз ҷумла таъкид дошт: "Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки шумо намояндагони миллати тоҷик, ворисони Мавлонои бузург мебошед, ки ҷисми покаш дар хоки ин сарзамин нуҳуфтааст. Ин воқеият агар, аз як тараф, боиси сарфарозии шумо бошад, аз тарафи дигар, ба дӯшатон масъулияти азими пайвандгари анъанаҳои чандинасраи дӯстиву рафоқати халқҳои моро вогузор менамояд. Аз имкониятҳое, ки барои таҳсилу касбомӯзии шумо дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст, пурра истифода намоед, забон омӯзед ва дар ин замина ҷаҳонбинии худро васеъ гардонед".
Донишҷӯён низ дар навбати худ қавл доданд, ки хуб таҳсили илм карда, нақши пайвандгарии фарҳангу тамаддуни ду миллатро ба таври шоиста иҷро мекунанд ва ҳам мутахассисони баландпоя шуда, оянда ба Тоҷикистони азиз содиқона хизмат менамоянд.

Иштирок дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркия

Яке аз чорабиниҳои муҳим дар шаҳри Қунияи Туркия, ки 17 декабр бо иштироки бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду давлат буд.
Барои иштирок дар ин анҷуман беш аз 300 нафар соҳибкорон аз 2 кишвар ҷамъ омаданд, ки нишона аз таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкорӣ дар ин сатҳ аст.
Зимни суханронии худ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди босуръату бонизоми ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар зиёда аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 ба андозаи беш аз 180 миллион доллар афзуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки асосан дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолияти судманд ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳмгир мебошанд.
Сарвари  давлати  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкону захираҳои фаровони истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду мамлакатро бевосита муаррифӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафари навбатии расмии ӯ ба Туркия ва мулоқоту музокироти сершумор бо роҳбарияти олии кишвар ва дигар сохторҳои он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид гардид, ки соҳибкорону тоҷирони ду ҷумҳурӣ метавонанд дар ин раванд саҳми намоёну муассир дошта бошанд, зеро дар Тоҷикистон имрӯз фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ муҳайё гардидааст.
Дар охири анҷуман 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноат ва тиҷорати Туркия;
Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-Колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмоли Туркия доир ба ҳамкорӣ дар сохтмони Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Реҷеп Тайип Эрдоган

17 декабр, нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуд.
Сарвари  давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: "Боиси қаноатмандӣ аст, ки муносибатҳои муосири миёни кишварҳои мо имрӯз дар фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ муваффақона ҷараён дошта, фарогири ҳамаи самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошанд".
Истифодаи босамари имконоти фаровони то ҳол истифоданашуда дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва дигар арсаҳо муҳим дониста шуд.
Ба саҳми арзишманди Агентии ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Туркия, дафтари он дар Тоҷикистон ва Комиссияи муштараки иқтисодӣ баҳои баланд дода шуд.
Ҳар ду ҷониб аз иқдоми нав дар хусуси таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Туркия таъсис додани Шӯрои ҳамкорӣ, ки раванди пешбурди самтҳои стратегии ҳамкории миёни ду кишварро ба уҳда хоҳад гирифт, ҷонибдорӣ намуданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки татбиқи амалии имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт ва иҷтимоию гуманитарӣ ба нафъи ҳар ду тараф хидмат хоҳад кард.
Сарвазири Туркия аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки он метавонад омили афзоиши ҳаҷм ва тавсеаи сохтори гардиши мол миёни ду кишвар гардад.
Пас аз анҷоми мулоқот 2 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:
Протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия;
Эъломияи муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкорӣ.
Тавре зикр гардид, ба Шӯрои ҳамкории ду давлат аз ҷониби Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷониби Туркия Сарвазири он Реҷеп Тайип Эрдоган роҳбарӣ хоҳанд кард.

Тавофуқот дар бунёди 3 корхонаи нави саноатӣ бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ

Тибқи 4 санади нави ҳамкорӣ, ки 17 декабр дар охири анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, дар Тоҷикистон бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия 3 корхонаи саноатӣ бунёд меёбад.
Ёддошти тафоҳуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-Кола Ичечеки Туркия бунёди як корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногунро бо ҷалби 70 миллион доллари амрикоӣ дар назар дорад.
Тибқи Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе як Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо сохта мешавад.
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкати «Фаровон»-и Тоҷикистон ва ширкати туркии «Дегирменчи Кардешлар» бошад, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори шабонарӯзии 150 тонна маҳсулот ва анбори ғалла бо ғунҷоиши 18 ҳазор тонна бунёд хоҳад ёфт. Корхона бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 150 кас соҳиби кори доимӣ мегардад.
Танҳо ҳамин рӯз миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба имзо расидани 9 санади дигар рӯзи 18 декабр дар назар аст.

Ширкат дар маросими "Шаби Арӯс"

Бегоҳии 17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Туркия дар маросими "Шаби Арӯс", ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар рӯзи вафоти ин шоиру орифи оламшумул мебошад, иштирок намуд.
Ин маросим аз қироати пораҳо аз Маснавии маънавии Мавлои Балх, ғазалиёти ирфонии ӯ ва ашъори дигари тоҷикию туркӣ аз дигар шоирон, ки дар васфи ин мутафаккири олами Шарқ суруда шудаанд ва ҳамчунин рақсу чархиши самоъ иборат аст.
Тавре аён гардид, забони асли Мавлоно, яъне форсии тоҷикӣ имрӯз ҳам дар маросими самоъ ва ё Мавлонохонӣ мақоми хос дорад.
Тибқи маълумоти муҳаққиқони маҳаллӣ дар "самоъ" пӯсти сурх дар рӯи фарш нишонаи ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст. Мавлавиҳо, яъне пайравони Мавлоно дар оғози "самоъ" ба пӯсти сурх салом дода, ба ҷояшон гузашта менишинанд.
Ба болои пӯсти сурх Шайх омада менишинад ва заминро чун ба вақти саҷда дар намоз мебӯсад.
Мавлавиҳое, ки либоси сиёҳ дар бар доранд, зиндагии дунявиро таҷассум менамоянд. Лаҳзае, ки онҳо ба "самоъ" медароянд, либосҳои сиёҳро аз тан меафкананд. Ин маънои аз ҳаёти дунявӣ дур шуда, ба ҳаёти охират ворид шуданро дорад.
Сипас як нафар сарсамоъкор назди Шайх омада, барои "самоъ" иҷозат мепурсад ва бо иҷозати ӯ мавлавиҳо ба "самоъ" оғоз менамоянд.
Дар лаҳзаи "самоъ" самоъкунанда дасти рости ба тарафи боло ва дасти чапи ӯ ба поён чарх мезанад.
Ин кор маънои онро дорад, ки Худо чи файзу баракате, ки диҳад, мо онро ба мардум ва бандагонаш мерасонем.
Самоъ бо тиловати оят аз Қуръони Карим ба охир мерасад ва дар охир мавлавиҳо боз ба пӯсти сурх салом дода, пушташонро нагардонда, тарки саҳна мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.12    №: 155    Мутолиа карданд: 2144
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед