logo

муҳоҷират

Тадбирҳои нав барои дастгирии муҳоҷирон

Имсол аз Тоҷикистон наздик ба 700 ҳазор нафар барои кор ба хориҷа сафар намуд, ки 52102 нафараш ноболиғ мебошад. Азбаски аксари онҳо ихтисос надоранд, бинобар наёфтани ҷойи кор ва надонистани забон ба мушкилоти гуногун мувоҷеҳ мешаванд.
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила вохӯриро бо сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор ва Шаҳринав доир намуд. Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират, иброз дошт, ки 75 дарсади муҳоҷирони корӣ дар деҳот зиндагӣ намуда, панҷоҳ фоизи онҳо, алалхусус ҷавонон, ягон ихтисос надоранд. Надонистани забонҳои хориҷӣ ва ҳуқуқҳои худ бошад, боиси сарсониву саргардониашон мешавад. Имрӯз рақобати бозори меҳнатро дар мамолики хориҷӣ ба инобат гирифта, бояд муҳоҷирони кориро ҳаматарафа омода намоем. Пеш аз ҳама онҳоро ба омӯзишгоҳҳои  касбҳои техникӣ фаро гирем, то соҳиби касбу ҳунар шаванд. Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтааст, ки таълими забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро дар деҳот ба роҳ монда, омӯзгоронро бо маблағ таъмин намояд.  Вале барои баланд бардоштани сифати таълим сохторҳои соҳаи маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бетараф набошанд.
Воқеан, дар ҷаҳони муосир муҳоҷирати корӣ омили тарбияи мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя  аст. Аксари мамолики дунё, назири Чин бо 100 миллион, Покистон, Филиппин, Ҳиндустону Туркия бо даҳҳо миллион муҳоҷири корӣ таҷрибаи беш аз 80 - сола доранд.
Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун ниҳоди навтаъсис тайи як соли охир бо таъсиси намояндагиҳо дар мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин барои робитаи бевосита доштан бо муҳоҷирони корӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иқдом намуда истодааст. Ба гуфтаи масъулони хадамот, ҳанӯз камбудию норасоиҳо дар ин самт зиёд буда, натиҷагирӣ аз чунин суҳбату вохӯриҳо барои беҳтар намудани шароити  буду боши муҳоҷирон мусоидат хоҳад кард.
Иштирокдорони вохӯриҳо ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонро дар хориҷа муҳим шумурда, пешниҳод карданд, ки дар шӯрои маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рӯйхат ва суроғаи ҷойи кори муҳоҷирон тартиб дода шавад. Ба оилаҳое, ки фарзандони ноболиғи худро барои кор ба хориҷа мефиристанд, суҳбат намоянд ва ба ояндаи чунин наврасон бетараф набошанд.
Бобохон Холов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Раҳмони Раҳим, сокини ноҳияи Ҳисор бар ин назаранд, ки дар маҳаллаҳо шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шаванд.
Сафиаллоҳ Девонаев зикр кард, ки аз 1 январи соли 2013 тибқи қарордоди Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия, муҳоҷирони корӣ иҷозатнома барои корро дар Тоҷикистон дастрас менамоянд. Чунин тартиби коргузорӣ бори нахуст дар ИДМ байни Тоҷикистону Русия амалӣ мегардад. Виктор Соболев, намояндаи Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки имрӯз 90 дарсади муҳоҷирони корӣ Русияро интихоб мекунанд. Ин боварию эътимод моро муваззаф месозад, ки ҳар чи бештар ба онҳо наздик бошем, мушкилашонро сари вақт бартараф намоем. Бояд муҳоҷирон бо миёнравҳои ношинос ҳамкорӣ накунанд. Баръакс, дар асоси шартномаи дуҷониба фаъолият карда, ҳуқуқи худро ҳифз намуда тавонанд.
- Барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ мо тадбирҳои муассир андешидем,- иброз дошт Асрор Одинаев, намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Маскав. - Пайваста  ба ҷойи кори муҳоҷирон рафта, бо шароити кору зиндагиашон шинос мешавем. Агар мушкилие  дошта бошанд, дар ҷояш ҳал мекунем. Барои дастрас кардани иттилоъ ва барқарор намудани робитаи доимӣ бо муҳоҷирон ҳафтаномаи "Муҳоҷир" таъсис ёфта, сайти махсус дар интернет кушода шудааст.
Ба гуфтаи Толиб Шарифов, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират, барои фиристодани мутахассисону коргарон ба ҷумҳуриҳои Украина, Беларус ва Давлати Қатар шартнома баста, гурӯҳҳои аввал фиристода шуданд. Бо Вазорати меҳнати Куриёи Ҷанубӣ  низ ҷиҳати ба кор ҷалб намудани 100 нафар мутахассиси ҷавон гуфтушунид сурат гирифт. Ҳоло дар ин кишвар 1400 ҳамватани мо кору зиндагӣ мекунад.
Дар вохӯриҳо муоинаи тиббии муҳоҷирони корӣ баъди бозгашт ба ватан, роҳандозии корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид. Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба пурсишҳои сершумори иштирокдорони вохӯриҳо посух дода, онҳоро дилпур сохт, ки барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон аз тамоми имконоти мавҷуда кор мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ" барои дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифтани ин раванд мусоидат хоҳад кард.

М. ҲАНАФИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.12    №: 155    Мутолиа карданд: 26866
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед