logo

мулоқотҳо

Мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Туркия дар сатҳи олӣ

Аз субҳи 18 декабр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара идома ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст оромгоҳи Мустафо Камол Отатуркро зиёрат намуда, ба арзишҳои волои таърихию фарҳангии роҳбарият ва мардуми Ҷумҳурии Туркия ҳусни эҳтиром ба ҷо овард.

Маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри Президенти Туркия баргузор гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими расмии истиқбол бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат, парондани 21 шиллик аз тӯпхонаҳо ва дигар муқаррароти протоколӣ бо шукӯҳи хоса ҷараён гирифт. Зимни мулоқоти хоса  сарони  ду  давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, муҳтавои муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ду ҷониб судбахш изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, илму техника ва ҷалби сармоя баррасӣ шуданд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар ҳузури сарони ду давлат 9 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Туркия;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизион ва радиои Туркия;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва чорводории Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати маъданҳои кӯҳӣ;
Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Туркия;
Барномаи табодули фарҳангӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2013 ва 2014.
Дар охир аз ҷониби сарони ду давлат Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид.
Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Туркия иборат аз 50 санад буд. Тайи ин сафар дар маҷмӯъ боз 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз натиҷаҳои умедбахши ин боздид гувоҳӣ медиҳанд. Ин аст, ки сарони ҳар ду давлат зимни нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия изҳори хушнудӣ карда, онро таконбахши рушди минбаъдаи муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш маънӣ доданд.
"Мо аз имконоти фарохи Тоҷикистон, хусусан дар соҳаҳои гидроэнергетика ва маъданҳои кӯҳӣ хуб огоҳем ва ба густариши ҳамкорӣ дар ин бахшҳо манфиатдорем," - изҳор дошт Абдулло Гул ва афзуд, ки "Туркия аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба истифодаи босамари захираҳои обиаш низ пуштибонӣ мекунад".
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулло Гул ва дигар мақомоти роҳбарии Туркия барои ҳусни ният ва ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун арзи сипос карда, дурнамои муносиботи дӯстии ду кишварро умедбахш номид.
Аз Абдулло Гул даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари дӯстона ташриф биёрад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.12    №: 156    Мутолиа карданд: 2351
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед