logo

сафарҳо

Ҳузури Президент Хонаи кӯдаконро мунаввар сохт

26 декабри соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо шароити зисту таълими онҳо бевосита шинос шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо аз соли 1959-ум мактаб-интернати шаҳри Турсунзода фаъолият дорад. Соли 1993 қисмате аз он ба Хонаи кӯдакони бепарастор табдил дода шуда, 2 бинои таълимиаш ба ихтиёри мактаби рақами 2 гузаштааст. Вале Хонаи кӯдакони бепарастор солҳои охир аз нигоҳубини нокифоя ба ҳолати ногувор гирифтор шуда буд.
Аз ин хотир дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкорию созандагии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2012 роҳбарияти шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ ба тармиму навсозии он пардохта, дар муддати кӯтоҳ аз нав ободу зебояш намуданд.
Ҳамин тариқ, бо саъю кӯшиши даст- ҷамъона ё худ тавассути шарикии босамари давлат ва бахши хусусӣ бинои асосии Хонаи кӯдакон, ки иборат аз 50 ҳуҷра мебошад, пурра тармиму навсозӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори бинокорон баҳои хуб дода, бо тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон суҳбат намуд.
Тавре аён гардид, тамоми ҳуҷраҳо бо асбобу анҷоми таълимӣ ва истироҳату фароғат, аз ҷумла мизу курсӣ, компютер, тахтаи синфӣ, рахти хоб, роҳаткурсиҳо, ҷевони либос, телевизор ва ғайра муҷаҳҳаз шудааст. Утоқҳои санитарӣ бо ҷойи шустушӯй ва ташноб низ дар дохил буда, бино тавассути шабакаи ягона ва мустақили гармидиҳӣ гарм карда мешавад.
Танҳо барои шабакаи гармидиҳӣ, ки технологияи олмонӣ аст, наздики 300 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Ҳамагӣ дар навсозии бино беш аз 2 миллион сомонӣ маблағ харҷ шудааст.
Ҳамин тариқ, шабакаи обу корез низ навсозӣ шудааст, ки солҳои зиёд боз хизмат хоҳад кард.
Дар Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода ба 173 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат 31 нафар омӯзгор таълим медиҳад, ки 57 нафар духтар ва 116 нафар писар мебошад. 7 нафари онҳо ятимони бепадару модар, 57 кас бепадар, 19 нафар бемодар ва боқӣ аз оилаҳои камбизоату бемор ва волидони ҳабсшуда мебошанд.
Тарбиятгирандагони синни мактабӣ дар 4 мактаби атрофи ин муассиса дарс хонда, дар хонаи умумиашон истиқомати доимӣ доранд. Ду нафар аз тарбиятгирифтагони Хонаи кӯдакон, ки яке духтару дигарӣ писар аст, имрӯз дар омӯзишгоҳҳои касбӣ таҳсили илм ва ҳамзамон дар ин ҷо кор мекунанд.
Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон, ба ин Хонаи кӯдакони бепарастор як зумра таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва ашёи рӯзгор, аз қабили компютерҳо, телевизорҳо, мошинҳои ҷомашӯӣ ва ба ҳар як тарбиятгиранда велосипед, ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона ва ширинию хӯрокворӣ тақдим намуда, ҳамаи онҳоро бо арафаи соли нави мелодии 2013 табрику таҳният гуфт.
Ба ҳар як тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони бепарастор либосҳои зимистонаи гарму шинам дода шуд, ки туҳфаи шахсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар толори Хонаи кӯдакон тарбиятгирандагони ин муассиса ҳунари шеъру сурудхонӣ ва рақсу дилхушии худро намоиш доданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо Хонаи кӯдакон ва суҳбати бевосита бо омӯзгорону тарбиятгирандагони он ба масъулин барои боз ҳам ободу зебо ва ба талаботи рӯз мутобиқ намудани шароити он дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, дар ҳудуди ҳамин муассиса, ки дар майдони 3 га ҷой гирифтааст, дар давоми 2 сол барои 640 хонанда мактаб-интернат барои хонандагони ятиму бепарастор бо тамоми шароити муосири таълимӣ ва будубош бунёд ёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.13    №: 1-2    Мутолиа карданд: 2114
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед