қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2012"
Моддаи 1. Ба моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 11, мод. 773; с. 2012, № 3, мод. 229; № 4, мод. 279; № 5, мод. 352; № 6, мод. 464; мод. 465; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2012, № 902; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2012, № 903) қисми понздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Таҷҳизоти маълумотҷамъкунӣ барои шиносномаҳои биометрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарордод байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Muhlbauer - Plast 1, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зиёд кардани марказҳои маълумотҷамъкунӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ворид мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 октябри соли 2012 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 январи соли 2013, № 934
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2012, № 1013
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.01.13 №: 3-8 Мутолиа карданд: 3605