logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.2, мод.703; мод.704; с.2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с.2008, №6, мод.459; с.2008, №10, мод.818; с.2011, №3, мод.160; №6, мод.458; с.2012, №4, мод.250; №7, мод.695; мод.724; №8, мод.818), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 10:
- дар банди 38) аломати нуқта  ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
-  банди 39) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"39) Мамнӯият ва маҳдудиятҳо - чораҳои ҳимояи манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдои хориҷӣ, воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содироти он аз ин қаламрав, аз ҷумла системаи чораҳои назорати содирот, тасдиқи мутобиқат ба стандартҳо ва талабот оид ба бехатарии мол, аз ҷумла регламентҳои техникӣ, талаботи байторӣ, фитосанитарӣ, карантинӣ, санитарию эпидемиологӣ, фармасевтӣ ва радиатсионӣ, инчунин сертификати мутобиқат, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.".  
2. Банди 3) қисми 3 моддаи 80 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3) агар нисбати мол ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати интиқоли ин мол тавассути қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда бошанд;".
 3. Қисми 5 моддаи 131 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"5. Декларатсияи гумрукӣ ба мақоми гумрук бояд ҳамзамон бо ҳуҷҷатҳое пешниҳод гардад, ки дар асоси онҳо декларатсияи гумрукӣ пур карда шудааст. Ба ин гуна ҳуҷҷатҳо мансубанд:
1) ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои шахси пешниҳодкунандаи декларатсияи гумрукиро тасдиқ менамоянд;
2) шартномаҳои хариду фурӯши байналмилалӣ ё дигар шартномаҳое, ки ҳангоми анҷоми аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ баста шудаанд, дар мавриди аҳдҳои яктарафаи иқтисодии хориҷӣ бошад, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мазмуни ин гуна аҳдҳоро ифода мекунанд, инчунин ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ;
3) ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл);
4) ҳуҷҷатҳое, ки риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳоро тасдиқ менамоянд;
5) ҳуҷҷатҳое, ки супоридан ва (ё) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳоро тасдиқ менамоянд.".
4. Ба  қисми 3 моддаи 147 баъд аз калимаи "баъди" калимаи "соли" илова карда шавад.         
5. Дар банди 2) қисми 1 моддаи 149 калимаҳои "иҷозатномаҳо, сертификатҳо, рухсатномаҳо ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигари" ба калимаи "ҳуҷҷатҳои" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 314 калимаҳои "рухсатномаҳои зарурӣ, иҷозатномаҳо, сертификатҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари" ба калимаи "ҳуҷҷатҳои" иваз карда шаванд.
7. Матни моддаи 345 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Намудҳои зерини воридоти мол аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд:
1) воридоти пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;
 2) воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
 3) воридоти моле, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кӯмаки башардӯстона, воридоти моле, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешавад;  
4) воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд. Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилӣ ба он мутобиқи номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
5) воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ (қарзӣ) амалӣ мешаванд;
7) воридоти мол барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
8) воридоти мол барои иҷрои корҳо, ки барномаҳои корӣ ва сметаҳои хароҷот тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон                     "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тасдиқ гардидаанд. Дар сурати ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти)  моли мазкур боҷҳои гумрукӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки тибқи  пешниҳоди онҳо воридоти мол аз  пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
9) воридоти мол (ба истиснои моли зераксизӣ) тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳанд;
10) воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия;
11) воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
8. Банди 2) қисми 1 моддаи 488 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2) бинобар расидан ба синни ниҳоие, ки моддаи 5001 Кодекси мазкур муқаррар намудааст;".
9. Дар моддаи 494:
- дар қисми 2 калимаҳои "рухсатии солонаи давомнокиаш 30 рӯзи тақвимӣ,"  ба калимаҳои "рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсолаи давомнокиаш 30 рӯзи тақвимӣ" иваз карда шаванд;
- дар матн ва бандҳои қисми 3 калимаи "муздноки" ба калимаи "пардохтшавандаи" ва калимаи "корӣ" ба калимаи "хизматӣ" иваз карда шаванд. 
 10. Ба Кодекс моддаҳои 5001 ва 5002 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 5001. Маҳдудиятҳо вобаста ба синну сол, ки барои хизмат дар мақомоти гумрук муқаррар шудаанд
1. Кормандони мақомоти гумрук то расидан ба синни зайл  ба адои хизмат дар ин мақомот ҳуқуқ доранд:
1) сержанти хурди хадамоти гумрук, сержанти хадамоти гумрук, сержанти калони хадамоти гумрук, старшинаи хадамоти гумрук, лейтенанти хурди хадамоти гумрук, лейтенанти хадамоти гумрук, лейтенанти калони хадамоти гумрук, капитани хадамоти гумрук -  50 солагӣ;
2) майори хадамоти гумрук, подполковники хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук - 55 солагӣ; 
3) генерал-майори хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук - 60 солагӣ.
2. Кормандони мақомоти гумрук - занҳо бо хоҳиши худ метавонанд панҷ сол пештар аз мӯҳлати дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ба нафақа бароянд.
3. Мӯҳлати адои хизмат дар мақомоти гумрук барои кормандони мақомоти гумрук, ки ба синни ниҳоии муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда расидаанд, аз ҷониби роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ метавонад то ду сол тамдид карда шавад, ба истиснои кормандоне, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Дар ин сурат бо корманд шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад.
Моддаи 5002. Кӯмакпулии яквақта ба кормандони аз хизмат ҷавобшудаи мақомоти гумрук
Ба кормандони мақомоти гумрук ҳангоми ҷавоб шудан аз хизмат ва баромадан ба нафақа кӯмакпулии яквақта барои собиқаи хизматӣ  пардохта мешавад:
- то 5 сол - ба андозаи 1 маоши таъминоти пулӣ;
- аз 5 то 10 сол - ба андозаи 2 маоши таъминоти пулӣ;
-  аз 10 то 20 сол - ба андозаи 3 маоши таъминоти пулӣ;
- зиёда аз 20 сол ба андозаи 4 маоши таъминоти пулӣ.".        
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.     

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 906

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 декабри соли 2012, № 996


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки
Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 427


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 3794
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед