logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009  "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ.1, мод.828) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 1 калимаҳои "ва динӣ" ба калимаҳои   ", инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва  иттиҳодияҳои динӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 4 қисми 10 бо мазмуни зайл илова  карда шавад:
"10. Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
3. Дар моддаи 6:
- ба номи модда пас аз калимаҳои "Боҷи давлатӣ" калимаҳои "ва пардохт" илова карда шаванд;
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, ба модда қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Барои нигоҳдории Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи мазкур ё додани маълумотнома дар бораи  мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳисоби мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маблағ пардохт карда мешавад.".
4. Дар моддаи 11:
- ба қисми 1 банди 9) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"9) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқии таъсисёбанда.";
- дар банди 8) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
- дар қисмҳои 5 ва 6 рақами "5)" ба рақами "6)" иваз карда шавад.
5.  Дар қисми 3 моддаи 25 калима ва рақами "банди 1)" ба калимаҳо ва рақамҳои "бандҳои 1), 3), 5), 6) ва 7)" ва калимаҳои "соҳибкории худ" ба калимаи "соҳибкорӣ" иваз карда шаванд.
6. Ба банди 4) қисми 4 моддаи 27 пас аз калимаҳои "мӯҳрҳо (тамғаҳо)" калимаҳои "дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз - санади санҷиши хотимавӣ" илова карда шаванд.
7. Дар қисми 1 моддаи 34:
- ба банди 1)  пас аз калимаҳои "Қонуни мазкур" калимаҳои "ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова  карда шаванд;
- банди 7) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7) Агар андозсупоранда ва (ё) шахси масъули андозсупоранда ҳамчун муассис ва (ё) роҳбари дигар шахси ҳуқуқие бошад, ки ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шудааст.";
- дар банди 6) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур  пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 912


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 ноябри  соли 2012,  № 988

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ
ва соҳибкорони инфиродӣ"
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,  № 443


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 3712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед