logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с. 2005, №3, мод.120; с. 2006,  №7,  мод.343; с. 2007, №6, мод.433; с. 2008, №1,қ.2,
мод. 14; №6,  мод.  457;  №10,  мод. 816; с. 2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 821) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун боздорад ва бекор намояд;".
2. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаи "фармони" ба калимаҳои "санади дахлдори" иваз карда шавад. 
3. Моддаи 101 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 101.Қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қарор дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷозатномадиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.
2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома инҳо нишон дода мешаванд:
- мӯҳлати амали иҷозатнома;
- шарт ва талаботи иҷозатномадиҳӣ;
- мӯҳлати пешниҳоди иҷозатнома барои имзо;
- муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор ҷиҳати аз номи Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба имзо расонидани иҷозатнома;
- ӯҳдадории бастани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ;
- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
3. Рад карда шудани дархости довталаби иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои  иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо санади дахлдори мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад.".
4. Дар моддаи 14:
- қисми 4 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
"4. Мақоми иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома,  инчунин оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ба фаъолият шурӯъ накардани иҷозатномадор ва аз ҷониби иҷозатномадор ба имзо нарасонидани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ бекор кунад.".
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова  карда  шавад:
"6. Қарори боздоштан ва бекор кардани амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи муқаррароти моддаи мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.";
- қисмҳои 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд. 
5. Ба моддаи 141 баъд аз калимаҳои "ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома" калимаҳои ", қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии  сарватҳои зеризаминӣ" илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 17:
- ба сархати ҳаждаҳум баъд аз калимаҳои "таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда" калимаҳои "(ба истиснои сохтмони манзили шахсӣ барои эҳтиёҷоти шахсии худ)" илова карда шаванд;
- сархати сию якум бо мазмуни зайл илова  карда шавад:
"- фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 911


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ
ба баъзе намудҳои фаъолият"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2012,  № 928


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 440


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 3726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед