logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.166; с.2007, №6, мод. 429; с.2010, №3, мод.158; с.2011, №6, мод.452; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №900) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун ва бобҳои он бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Ба сархати панҷуми қисми 3 моддаи 11 пас аз калимаи "Конститутсияи" калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шавад.
3. Қисми 1 моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Делои шахсии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи хадамоти кадрии мақоми дахлдори давлатӣ тартиб дода шуда, рафти адои хизмати давлатӣ дар он қайд карда мешавад.".
4. Дар қисми 2 моддаи 18 калимаи "онҳо" ба калимаи "онро" иваз карда шавад.
5. Дар қисми 2 моддаи 21 калимаҳои "муайян менамояд" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "мегардад" калимаҳои ", муайян менамояд" илова карда шаванд.
6. Қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 муттаҳид карда шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Тартиби пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатиро, ки маълумотро дар бораи хизматчиёни давлатӣ дар бар мегирад, мақоми ваколатдор дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд.".
7. Ба моддаи 24 баъди калимаи "қарори" калимаи "(амри)"  илова карда шавад.
8. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 28 пас аз калимаи "фармон" калимаи ", фармоиш" илова карда шавад.
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 914

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2012,  № 935

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 448


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 3697
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед