logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон    аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490;  с. 2003, № 12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143;         с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8, мод. 809) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои "созмону муассисаҳо, ташкилотҳо" ба калимаҳои "корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 5:
- ба сархати ҳафтуми қисми дуюм пас аз калимаҳои "аз вазифа озод шудан" калимаҳои ", ба нафақа баромадан" илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "дошта, бо ягон санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор ё маҳдуд карда намешаванд" ба калимаи "доранд" иваз карда шаванд. 
3. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи "панҷоҳ" ба калимаи "бист" иваз карда шавад.
4. Дар банди 2 қисми якуми моддаи 18:
- зербанди б) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"б) бо сабаби ба нафақа баромадан;";
- зербандҳои б), в) ва г) мутаносибан зербандҳои в), г) ва д) ҳисобида шаванд.
5. Дар моддаи 19:
- дар қисми дуюм калимаҳои "бист" ва "даҳ" мутаносибан ба калимаҳои "сию панҷ" ва "бисту панҷ" ва калимаҳои "бист сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ доштан" ба калимаҳои "сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ доштан" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои "даҳ", "бист сол аст, бо майлу хоҳишаш нафақа ё баробари ҳаштод" ва "навад" мутаносибан ба калимаҳои "бисту панҷ", "сию панҷ сол аст, баробари панҷоҳ" ва "шаст" иваз ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаҳои "бист сол собиқаи корӣ дорад, бо майлу хоҳишаш нафақа ё баробари ҳаштод" ва "мутобиқи талаботи қисми чоруми ҳамин модда" мутаносибан ба калимаҳои "сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз он ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ доштан, баробари шаст" ва "ба андозаи шасту панҷ фоизи музди меҳнат" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, №  926

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар боари қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи судҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.  ЗУҲУРОВ
ш.  Душанбе, 8 ноябри соли 2012, № 958


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,  №  421


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 3900
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед