logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 16) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар қисми 1 калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "Номгӯи" ва "мебошад" мувофиқан ба калимаҳои "Номҳои" ва "мебошанд" иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардидааст, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон ва беморон дар артишҳои амалкунанда, дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон, беморон ва киштишикастагон аз ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ дар баҳр, дар бораи муносибат бо асирони ҳарбӣ, дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг (минбаъд - Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ (ғайрибайналмилалӣ), (минбаъд- Протоколҳои иловагӣ (с.1977) ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона мусоидат менамояд.".
2. Дар моддаи 2 калимаҳои "санадҳои байналмилалии" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалии" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 3 калимаи "Конвенсияи" ба калимаи "Конвенсияҳои" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 5:
- дар қисми 1:
- дар сархати якум пас аз калимаҳои "Ҳилоли Аҳмар" калимаҳои "(минбаъд-Ҳаракат)" илова карда, калимаҳои "азобу шиканҷаи" ба калимаи "азоби" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои "ҳаракат" ва "бунёдии ҳаракат" мувофиқан ба калимаҳои "Ҳаракат" ва "асосии Ҳаракат" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар" ба калимаи "Ҳаракат" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи "аввали" ба рақами "1" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 6:
- сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сенздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- ба фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- ба мақомоти давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияҳои Женева (с. 1949) ва Протоколҳои иловагӣ (с.1977) бармеоянд, мусоидат мекунад;
- таълимот дар бораи ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳо ва идеалҳои Ҳаракатро паҳн менамояд;";
- дар сархати чордаҳум калимаи "иштирок" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "иҷтимоӣ" калимаҳои "иштирок мекунад" илова карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои "ташкил намудан ва кӯмак расонидан" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "дидаанд" калимаҳои    ", расонидани кӯмакро ташкил менамояд" илова карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "расонидани кӯмак" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "дидаанд" калимаҳои "кӯмак мерасонад" илова карда шаванд;
- сархати ҳабдаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- вазифаҳои дигарро, ки аз принсипҳои асосии Ҳаракат бармеоянд, иҷро менамояд.".
6. Дар моддаи 7:
- дар сархати дуюм калимаи "ҳуқуқи" ба калимаи "ҳуқуқҳои" иваз карда шавад; 
- дар сархати панҷум калимаҳои "Конвенсияи Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагӣ ба он (с.1977)" ба калимаҳои "Конвенсияҳои Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагӣ (с.1977)" иваз карда шаванд; 
- дар сархати шашум калимаҳои "Принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар" ба калимаҳои "принсипҳои асосии Ҳаракат" иваз карда шаванд; 
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "ба роҳ мемонад" ба калимаҳои "амалӣ менамояд" иваз карда шаванд; 
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- вазифаҳои дигарро, ки Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977), ҳуҷҷатҳои Ҳаракат, инчунин Қонуни мазкур ба зиммаи он вогузор намудаанд, иҷро мекунад.".
7. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 9 калимаҳои "Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар" ба калимаи "Ҳаракат" иваз карда шаванд.
8. Матни моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Аломат ва номи Ҳилоли Аҳмар аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мутобиқи Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977), Оинномаи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар оид ба истифодаи аломат ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" истифода мешаванд.".
9. Дар моддаи 11:
- аз қисми 3 калимаҳои "иҷроия ва намояндагии" хориҷ карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд ҳамаи маълумоти пешбининамудаи Конвенсияҳои Женева (с.1949) ва Протоколҳои иловагиро (с.1977) оид ба шахсоне, ки тибқи Конвенсияҳо ва Протоколҳои мазкур ниёзманди ҳимоя мебошанд, дар муддати 15 рӯз баъд аз муқаррар кардани сарпарастии ин шахсон пешниҳод намоянд.". 
10. Ба қисми 1 моддаи 12 пас аз калимаи "фаъолияти" калимаи "Ҷамъияти" илова карда шавад.
11. Дар қисми 2 моддаи 13 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
12. Аз матни моддаи 14 калимаҳои "иҷроия ва намояндагии" хориҷ карда шаванд.
13. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои "шарти" ва "муқаррар карда мешавад" мувофиқан ба калимаҳои "шартҳои" ва "муайян карда мешаванд" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 923


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 октябри соли 2012, № 947

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,  № 450


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 3812
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед