logo

илм

Дар паноҳи меҳри фурӯзон

Дар зиндагӣ шахсоне ҳастанд, ки дар ҷомеа муҷтаҳиду ҳидоятгар ва пешсафанд ва аҳли ҷомеаро аз қафои худ мебаранд ва барои башарият чароғи роҳу нури дидагонанд. Арбоби илму техника, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова аз зумраи он ашхосест, ки бо корномаи илмии худ дар пешрафту шукуфоии илми забоншиносӣ басо корҳои мондагор кардааст.

Агар ба корномаи илмии профессор М. Қосимова назар афканем, мебинем, ки то чӣ андоза ин бонуи гиромӣ дар пешрафти илми забоншиносии тоҷик саҳм гузоштааст ва умри азизашро пайи омӯзишу пажуҳиш, таълифи китобу мақолаҳо, таълими шогирдон ва тайёр кардани олимони ин соҳа гузаронидааст ва ин бесабаб нест. Ӯ дар хонадоне ба камол расидааст, ки сарварони он дар рушду нумӯи кишвар саҳми босазое гузоштаанд ва бо корашон тавонистанд ҷовидонӣ дар қалби мардум бимонанд. Падари муаллима - Набии Фахрӣ яке аз саромадони матбуоти тоҷик буда, бо ғайрату неруи ҷавониаш тавонист навгониҳое ба ҷомеаи тоҷик ворид созад. Ӯ яке аз аввалин муаллимони замони шӯравӣ дар шаҳри Конибодом буд ва ҳамзамон бо рӯзномаҳо ҳамкорӣ дошт. Бо заҳмати зиёд аз шаҳри Пенза дастгоҳҳои чопро оварда, чопи нахустин рӯзномаро (1932-1935) бо номи "Болшевики Конибодом" ба роҳ мемонад. Ӯ аввалин тоҷике буд, ки дар нашрияи "Правда"    бозомӯзӣ кардааст.
Силсилаи мақолаҳои ӯ бо номи "Сабзаи навхез" аз ҷумлаи нахустин мақолаҳое буданд, ки ошкоро сухан дар бораи нуқсонҳои осори адибони давр мерафт. Набии Фахрӣ бо қалами тезаш худро қурбони ашхоси нотавонбин, дасисабоз ва муғриз кард. Некӣ ҷовидон аст ва ин буд, ки меҳнату заҳмати Набии Фахрӣ пас аз маргаш қадрдонӣ шуда, мақолаҳо дар бораи фаъолияти касбӣ ва ҳизбиаш чоп шуданд. Барои поси хотири сарсупурдаи миллати тоҷик соли 1997 дар таҷлили 90-солагиаш матбааи шаҳри Конибодом  ба номи Набии Фахрӣ бо лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.
Модари  Мукаррама Қосимова - Мунаввара Қосимова дар шаҳри Конибодом аз аввалин бонувони омӯзгор буд. Маҳз бо меҳнату ғайрати ӯ ду соли маҳви бесаводӣ дар Конибодом самари хуб овард, аз ҷумла ӯ тавонист духтарони зиёдеро ба хондан ҷалб намояд. Ӯ дар радифи аввалин бонувони роҳбар дар ҷомеаи тоҷик буда, дар зинаҳои гуногуни вазифаҳои давлатӣ кору фаъолият кардааст. Мунаввара  Қосимова аз ҷумлаи аввалин занҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар вазифаи вазири саноати ҷумҳурӣ (1950-1953)   фаъолият кардааст. Солҳои 1954-1957 вазири саноати хӯрокворӣ, солҳои 1957-1959 сардори Управленияи саноати хӯроквории республика, солҳои 1963-1968 ҷонишини раиси Совети хоҷагии халқи Тоҷикистон кор кардааст. Мунаввара Қосимова нахустин бонуи тоҷик аст, ки дар мактаби партиявии шаҳри Маскав таҳсил намудааст. Ӯ дар тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занҳои фаъолу босавод саҳми босазое гузоштааст. Мунаввара Қосимова якчанд маротиба аъзои КМ ПК Тоҷикистон ва депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Мукаррама Қосимова тавонист мисли волидайнаш бо меҳнату заҳмати худ дар ҷо-меа пешсаф бошад ва соҳиби иззату обрӯ гардад. Мавсуф дар ҷомеа пеш аз ҳама чун олими соҳаи забоншиносӣ маъруф аст.
Пас аз хатми бомуваффақияти донишгоҳ Мукаррама Қосимова дар аспирантура таҳсил мекунад. Соли 1962 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи "Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик" ҳимоя  намуд. Аз соли 1956 то соли 2003 ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори  факултети филология, декани факултети филологияи ДДТ, ходими калони илмӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ ва мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ кору фаъолият кардааст. Аз соли 2004 профессори мушовири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ мебошад.
Бо ибтикори М. Қосимова дар ДМТ Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) ташкил шуд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009  роҳбарии ин марказро ба уҳда  дошт. 
М. Қосимова аввалин зан - доктори илми филология дар Тоҷикистон аст ва мутахассиси варзидаи таърихи забони адабӣ, забони муосири тоҷик, муқоисаи забонҳо, истилоҳотшиносӣ, хат ва имлои алифбои арабиасоси тоҷикӣ мебошад.
М. Қосимова аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДМТ то соли 2012 ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди АИ Тоҷикистон дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи филология нақши амиқе дорад. Муҳаққиқ имрӯз мактаби илмии худ ва дар омода намудани мутахассисони варзидаи илми забоншиносӣ саҳми бузургу беназир дорад. Бо роҳнамоиву ҳидояти ин олими нодирафитрат то кунун 42 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардааст. Алҳол ӯ узви Комиссияи аттестатсионии назди Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Китобҳои ӯ ба шогирдон барои омӯхтану ба осонӣ дарк кардани нозукиҳои забон мадад мерасонад ва барои устодон дар таълим воситаи заруру муфид мебошанд. Китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва васоити таълимии ӯ аз қабили "Матни классикӣ" (васоити таълим барои студентон), "Хрестоматия оид ба матни классикӣ",  "Маҷмуаи  машқҳо  аз  забони  тоҷикӣ",  дастур барои муаллимони мактабҳои миёна,  "Практикум  аз  забони  ҳозираи  тоҷик", "Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ" (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов), "Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби забони тоҷикӣ" (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов)  "Хат ва  имлои матни классикии тоҷик", "Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ" (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова), "Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ" (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова, С. Собирҷонов, С. Ҳошимов, Т. Шокиров, А. Ҳасанов), "Краткий русско-таджикский тематический учебный словарь" (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова), "Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он" (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ),  "Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ", "Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик", "Об дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ", "Забон ва муъҷизаи он", "Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд", Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ (маълумоти мухтасар), "Таърихи забони адабии тоҷик" (асрҳои IX-X) китобҳои рӯйимизии шогирдон, омӯзгорон ва дӯстдорони забону адаби тоҷикӣ мебошанд. Ин ҳам мусаллам аст, ки таълими алифбои ниёгон барои насли имрӯза бе устоди фозил ва дастуру китоби дарсӣ корест душвор, бинобар ин, китоби дарсии "Хат ва имлои матни классикии тоҷик", ки бо назардошти матлаби забономӯзон ва ҷомеаи муосир бо сифати баланди илмӣ ва методӣ бо такмилу иловаҳо панҷ маротиба интишор шудааст. Мавсуф дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Ӯ  дар риштаи таърихи забони тоҷикӣ  сермаҳсултарин олим  маҳсуб меёбад, М. Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда, ба қалами ӯ зиёда аз 180 номгӯи асар ва интишороти илмӣ  тааллуқ дорад.
М. Қосимова дорандаи нишони "Мактаби олии СССР". Барои муваффақиятҳои шоиста дар фаъолияти меҳнатӣ" медалҳои "Барои меҳнати шоиста ва "Ветерани меҳнат" мебошанд.
Профессор М. Қосимова аз зумраи он рӯшанфикрони тоҷик  аст, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ саъю кӯшиши зиёд кардааст. 
Тоза нигоҳ доштани забон ва риояи қонуну қоидаҳои имло, риояи меъёрҳои дастурии забони тоҷикиро ҳамеша таъкид мекунад. Тақризҳои ӯ ба китобҳои дарсӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ, мақолаҳои танқидӣ дар боби  забони воситаи ахбори омма далели ин гуфтаҳоянд.
Пажӯҳишҳои М. Қосимова дар бахши сарфу наҳви забони тоҷикӣ, ки аз мубрамтарин ва печидатарин масоили забоншиносии муосири тоҷик ба шумор меравад, самтҳои басо афзалиятнок ва самарбахшро ибтидо гузошт.
Дар баробари ин омӯзиш ва таҳлили дигар масоили мансуб ба луғатшиносӣ ва сарфу наҳви забон, аз қабили калимасозӣ, аъзои ҷумла, таҳлилу таснифоти луғавии манбаъҳои забон ва осори бадеӣ, имконоти услубии воҳидҳои морфологиву  категорияҳои луғавӣ бевосита аз тарафи худи муҳаққиқ ва дар пайравии ӯ аз тарафи шогирдони сазовор хазинаи гаронбаҳоеро барои илми забон бунёд кард. Натиҷаи пажӯҳишҳои М. Қосимова ва бо ҳидояту роҳнамоии ӯ кӯшишу талошҳои шогирдон имрӯз маҳсули заҳмати як пажуҳишгоҳи бузургеро мемонад, ки барои  мардуми  Тоҷикистон  ва пажуҳишгарону  дӯстдорони забони  ноби  тоҷикӣ  эҳдои бузургу беназирест.
Ҳамчунин М. Қосимова дар тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи забоншиносӣ барои мактабҳои олӣ саҳми босазое дорад ва ҳамзамон фикру андешаҳояшро дар бобати  хубтару беҳтар ва самаранок тайёр кардани мутахассисон иброз медорад ва дар ин мавзӯъ мақолаҳое низ ба чоп расондааст. Аз ҷумла "Тайёр кардани мутахассисони варзида дар мактабҳои олӣ" (2006), "Баъзе андешаҳо дар бораи тайёр кардани мутахассисон - олимони соҳаи филология барои мактабҳои олӣ" (2008).
Маҳз меҳру садоқат ба миллату Ватан аст, ки ин бонуи пуркор ва дилсӯз   масоили гуногуни мубрам ва ҳалталабро аз ҳаёти ҷомеа ба миён мегузорад ва боз худ ҷӯёи роҳи ҳалли онҳо мешавад. Профессор М. Қосимова тайи солиёни дароз аъзои раёсати  Ассотсиатсияи занони маълумоти олидор буда, дар роҳи ҳалли мушкилоти занон дар зиндагӣ, тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занҳо ҳамоиш ва мизҳои мудаввар баргузор кардааст. Бо заҳматҳои ӯ чанд китоб дар бораи зан - модар, аз ҷумла:  "Зинда бош эй зан, ки моро зиндагонӣ додаӣ", "Ман ситоиш мекунам зан-модари фарзонаро", "Панд гир аз рӯзгори ода-мӣ" интишор шудаанд. Зери роҳбарии муаллима 12  нафар бонуи муҳаққиқ сазовори унвони илмии номзадӣ ва докторӣ гардида, дар мактабҳои олии кишвар ва хориҷ аз он сарбаландона фаъолият дорад.
Профессор Мукаррама Қосимова бо хирад, дониш ва  меҳнатдӯстии худ тавонист дар ҷомеаи мо саҳми назаррас ва бузурге гузорад ва месазад, ки ҳаёти наҷибу бобаракати ӯ ва хонадонаш, ки дар шукуфоии ватанамон заҳмат кашидаанд, барои ҳамагон дарси ибрат бошад.

Фарангис ШАРИФОВА,
Зайниддин МУХТОРОВ, муаллимони
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.13    №: 11-12    Мутолиа карданд: 5837
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед