logo

илм

Муҳаққиқи дақиқкор

Мукаррама Қосимова соли 1933 дар оилаи яке аз поягузорони журналистикаи тоҷик шодравон Набии Фахрӣ таваллуд шудааст. Тавассути падари меҳрубону зиёиёни тоҷик, аз ҷумла Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Бобоҷон Ғафуров, Фотеҳ Ниёзӣ, ки дар хонаи онҳо мунтазам меҳмон мешуданд, меҳраш ба забону адабиёти тоҷик афзудан гирифт ва соли 1950 ӯро ба шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин овард. Баъди хатми факултаи филологияи тоҷик, соли 1955 ба аспирантура дохил шуда, роҳи душвори илм ва мушаххасан соҳаи забоншиносиро интихоб намуд.
Соли 1962 дар мавзӯи "Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик" рисолаи номзадӣ ва соли 1982 дар мавзуи "Ҷумлаҳои содаи насри асри XI" рисолаи доктории худро бомуваффақият дифоъ намуд. Дар робита бо мавзуи ҷумлаҳои содаи насри классикии як қарни мушаххас ду монографияи илмӣ: "Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои содаи насри асри XI" (1976) ва "Структура ва семантикаи ҷумлаҳои содаи насри асри XI" (1986) ба нашр расонидааст. Ғайр аз ин дар атрофи масоили забони тоҷикӣ мақолаҳои сершумори илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ чоп кардааст. Аз ҷумла - мақолаҳои илмӣ: "Як навъи ибораҳои феълӣ", "Ифодаи мафҳуми тасдиқ дар ҷумлаҳои сода", "Ҳиссачаи -мӣ", "Мухтасар оид ба як хели ҳол дар забони адабии тоҷик", "Мухтасар оид ба ибораҳои изофии номӣ" ва ғайра; корҳои методӣ: "Маҷмӯаи машқҳо аз забони тоҷикӣ", дастур барои муаллимони мактабҳои миёна, "Практикум аз забони ҳозираи тоҷик" (Морфология ва синтаксис); "Маҷмуаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ" ва ғайра.
Дар ҷодаи корҳои илмии таълимӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Мукаррама Қосимова таълими хати ниёгон барои донишҷӯёни факултаҳои филологӣ ба ҳисоб меравад. Ҳосили фаъолияти муаллима дар ин самт китоби дарсии "Хат ва имлои матни классикии тоҷик" мебошад, ки солҳои 1969, 1976, 1989 ва 2000 чаҳор нашрро дидааст. Нашри чаҳоруми навтарин бо илова, таҷдиди назар ва таҳрири нав, соли 2000, яъне дар замони истиқлоли миллӣ анҷом ёфтааст.
Бинобар ин, аҳамияти китоби дарсии мазкур дар ин аст, ки онро на танҳо мушаххасан донишҷӯёни филолог, балки доираи васеи омӯзандагон метавонанд истифода намоянд. Махсусан, он ба нафароне, ки алифбои ниёгонро аз тариқи худомӯзӣ фаро гирифтанианд, хеле муфид аст.
Солҳои охир дар байни бархе аз гурӯҳҳо ақидае матраҳ мешавад, ки истилоҳи забони тоҷикиро бо хати ниёгон пайвастан нодуруст аст. Тибқи ин ақида ҳар матне, ки бо алифбои арабиасос ба забони модарии мо навишта шудаасту мешавад, онро ҳатман бояд форсӣ гуфт. Ба фикри мо, ин ақида яктарафа аст ва истилоҳи забони тоҷикиро бо алифбои ниёгон пайвастан дуруст мебошад.
Ба ин асоси илмӣ, китоби М Қосимова "Хат ва имлои матни классикии тоҷик" номгузорӣ шуда, алифбои ниёгон "алифбои арабии тоҷикӣ" ном гирифтааст. Бояд гуфт, ки истилоҳи "алифбои арабии тоҷикӣ" дар китоби муътабари "Фарҳанги забони тоҷикӣ" низ истифода шудааст. Ба фикри мо, истилоҳҳои "алифбо ё хатти ниёгон" ва ё "алифбо ё хатти классикии тоҷикӣ"-ро нисбат ба матнҳои фарҳангу адаби ҳазорсолаи форсу тоҷик ва истилоҳи "алифбо ё хатти арабиасоси тоҷикӣ"-ро дар мавриди матнҳои давраҳои навин метавон ба кор бурд.
Фаъолияти ташкилотчигӣ ва таълимии Мукаррама Қосимова аз соли 1959 то ин вақт, ба ҳайси муаллимаи кафедраи забони тоҷикӣ, узви шӯрои илмӣ, декан, дотсент, профессор, раиси шӯрои илмӣ, мудири кафедра, раиси шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ, пеш аз ҳама бо факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз ҳамин даргоҳ ӯро ба ҷодаи илми филологияи тоҷик раҳнамун сохт ва ӯро соҳиби иззату икром гардонд.    
Аз ин лиҳоз, М. Қосимова на танҳо олими нуктасанҷи соҳаи забоншиносии илми филологияи тоҷик, балки ташкилотчии бомаҳорати илму таълим ва устоди сахтгири донишҷӯён - филологони оянда аст. Агар падари муаллима аз аҳли қалам бошад, пас модари ӯ - Мунаввара Қосимова аз қабили занони фаъоли ҷумҳурӣ, корманди пешқадами давлатӣ, ҳизбӣ ва ташкилотчигӣ будааст. Аз ин рӯ, ба Мукаррама Қосимова аз падар қалам ва аз модар ташкилотчигӣ мерос мондааст.
Бешак, ташкилотчии риштаи илму таълим будани муаллима паҳлуҳои мухталиф дорад, вале қабл аз ҳама дар тарбияи шогирдони зиёди соҳаи забон ифода ёфтааст.
М. Қосимова ҳамчун забоншиноси касбӣ рӯ ба масъалаҳои умдаи забони матбуоти имрӯзаи тоҷикӣ овард ва соли 2005 китоби пурарзиши "Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан"-ро ба табъ расонд. Муаллифи китоб таъкид менамояд, ки "забони ахбори омма ҳоло беҳтару хубтар, тозатару рангинтар шудааст. Дар воситаҳои ахбори омма журналистони босавод кам нестанд. Забони онҳо равон, суфта ва сайқалёфта буда, аз ҷиҳати корбурди калимаву таркиб, ибораороиву ҷумласозӣ ҷолибанд". Аммо, дар баробари ин дастовардҳо ишора мекунад, ки мутаассифона "аксар маводи ахбори омма аз ғалатҳои мухталиф ва баъзан ғалатҳои фаҳш орӣ нестанд".
Ин суханон нишонаи ғамхории муаллима нисбат ба забони модарӣ ва мушаххасан нисбат ба забони васоити ахбори омма мебошад. Аз ин назар, дастурҳои амалии китоби "Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан" барои ҳар як журналист зарур буда, бояд ба китоби рӯйимизии мутахассисони соҳаи ВАО табдил ёбад. 
Роҷеъ ба фаъолиятҳои пурсамари муҳаққиқи дақиқкори илми забоншиносии тоҷик Мукаррама Қосимова метавон соатҳо ҳарф заду саҳифаҳои зиёде навишт. Ба ин хотир, чанд андешаи худро ин ҷо хотима дода, ба муаллимаи азиз саломатӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро орзу менамоем.

Н. СОЛЕҲОВ,
Р. САЛИМОВ,
М. АБДУЛЛОЕВ,
устодони Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.13    №: 11-12    Мутолиа карданд: 5630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед