logo

ҳукумат

Дурнамо ва нақшаҳо барои соли 2013 мушаххас шуданд

Субҳи 15 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он дастовардҳои соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дурнамою нақшаҳои мавҷуда барои оянда мушаххас гардиданд. Барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президент, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони расмӣ ҷамъ омаданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид кард, ки соли 2012 барои Тоҷикистон, новобаста ба буҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли бобарор ва заҳмати созандаю ободкорона буд. Ба гуфти ӯ дигаргуниҳо барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои молӣ идома ёфта, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012 шунида шуд. Тавре зикр гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар сари аҳолӣ 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст.
Рушди иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби соҳаҳои саноат 10,4 фоиз, кишоварзӣ 10,4 фоиз, гардиши савдои чакана 16,9 фоиз ва хизматрасонӣ 15,3 фоиз таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил дод. Нақшаи иҷрои даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёд аст.
Тибқи ҳисобот, корҳо барои расидан ба се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ босубот идома доранд. Аз ҷумла навсозии техникию технологии неругоҳи барқи Варзоб-1 анҷом ёфта, неругоҳҳои барқи Норак, Қайроққум ва Сарбанд босуръат идома доранд.
Хатҳои нави интиқоли неруи барқ бунёд ёфта, хатҳои мавҷуда навсозӣ мешаванд. Соли 2012 таҷдиди дастгоҳи комплекси тақсимкунии элегазии 220 кВ-и Неругоҳи барқи обии Норак, ки технологияи навтарин мебошад, идома ёфта, дастгоҳи комплексии тақсимкунии элегазии 500 кВ оғоз гардид. Ҳаҷми умумии маблағгузории ин иншоот зиёда аз 100 млн. доллари америкоӣ мебошад.
Соли 2012 сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ-2 дар шаҳри Душанбе бо иқтидори 100 МВт оғоз ёфт. Ин маркази мазкур ҳамчунин масоҳати 1 млн. 330 ҳазор метри мураббаъро бо гармӣ таъмин хоҳад кард. Ҳамзамон садҳо км роҳҳои мошингард навсозӣ шуда, нақбу пулҳо, иншооти зиддитармавӣ ва ғайра бунёд меёбанд.
Доир ба нишондодҳои рушди иқтисодӣ, молиявӣ ва беҳсозии сиёсати пулию қарзӣ, ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, андоз, гумрук, омор, Бонки миллӣ ва "Амонатбонк" гузориш доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки миёни Вазорати молия, "Амонатбонк" ва мақомоти андоз ва гумрук шабакаи ягонаи иттилоотии электронӣ фаъол гардидааст, ки шаффофияти кори онҳоро таъмин менамояд.
Ба Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки шабакаи электронии "Равзанаи ягона" ташкил дода, пардохтҳои гумрукиро бевосита дар постгоҳҳои наздисарҳадии худ қабул намояд, то ки ҳам шаффофияти кор таъмин гардад ва ҳам амалиёти содироту воридоти молу маҳсулот саҳлу сабук шавад.
Тибқи гузоришҳо, дар соли 2012 аз ҷониби бонкҳои Тоҷикистон ба андозаи наздики 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки 52,5 фоизи он ба соҳибкорони истеҳсолӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011 450,0 млн. сомонӣ ё 1,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Доир ба рушди энергетика ва саноати кишвар ба таври муфассал вазири энергетика ва саноат гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2012 истеҳсолоти саноатӣ 10,4 фоиз афзуда, ҳаҷми умумии он ба 9,7 миллиард сомонӣ расид. Cоли 2012 дар маҷмӯъ истеҳсоли нерӯи барқ 16,9 млрд.кВт.соатро ташкил дод, ки он нисбат ба соли 2011 4,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар давраи тобистони соли ҳисоботӣ 666,7 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 476,8 млн.кВт.соат зиёд аст.
Дар гузориши раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 57 лоиҳаи давлатии сармоягузории хориҷӣ амалӣ мегардад. Маблағи умумии онҳо баробар ба 9,5 миллиард сомонӣ буда, 36,4 фоизи он грант мебошад. Танҳо дар соли 2012 10 созишномаи грантӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба имзо расид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷалби сармояи хориҷиро афзун намуда, баҳисобгирии ҳаҷми онро дуруст ба роҳ монанд.
Зимни ҳисоботи вазири нақлиёт зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва саҳмгузории соҳибкорон 224 км роҳҳои мошингард навсозӣ шуда, 74 пул бунёд ёфт. Ғайр аз ин дар доираи 18 лоиҳаи инвеститсионӣ корҳои зиёди дигар доир ба навсозии шоҳроҳҳои мошингард ва бунёди пулу нақбҳо идома дорад. Ба роҳбарияти вазорати нақлиёт ва корхонаю муассисаҳои ин соҳа доир ба беҳсозии хизматрасонӣ, аз ҷумла дар бахши ҳавопаймоӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ахбори вазири кишоварзӣ, аз ҷумла оварда шуд, ки маҷмӯи умумии маҳсулот дар ин соҳа дар соли 2012 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 16,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки 10,4 фоиз нисбат ба соли 2011 зиёд мебошад. Дар соли 2012 дар майдони зиёда аз 10 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки дар оянда барои таъмини бозори истеъмолӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд. Инчунин дар ин давра дар майдони 2,8 ҳазор гектар ҷангалзор бунёд ёфтааст. Барои ҳосили соли 2013 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар масоҳати зиёда аз 200 ҳазор гектар кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ ва дар масоҳати 12,3 ҳазор гектар кишти барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2011 мутаносибан 13 ва 15 фоизӣ зиёд мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рушди чорводорию парандапарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ таъмин карда шавад.
Зимни гузориши вазири маориф ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба онҳо доир ба таъсиси марказҳои таҳсили калонсолон ва ҳунаромӯзии онҳо, пеш аз ҳама, ҳунарҳои коргарӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки бо ин роҳ бояд ба соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кор намудани аҳолии қобили заҳмат мусоидат карда шавад.
Ба вазири тандурустӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои бартараф намудани норасоии теъдоди табибон ва дигар кормандони соҳа тавассути зиёд намудани шумораи донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио дастур дода шуд, ки пахши пураи барномаҳои шабакаҳои ватании телевизион ва радио дар тамоми қаламрави кишвар таъмин гардад. Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин ба роҳбарони идораҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, дин, сохтмон ва меъморӣ, алоқа, муҳоҷират, хоҷагии коммуналӣ, Тоҷикматлубот ва ғайра дода шуд.
Зимни гузориши раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2012 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот ба 8,7 миллиард сомонӣ расид. Нақшаи даромад ба буҷет ба андозаи 105,7 фоиз таъмин гардид. Дар соли ҳисоботӣ дар вилояти Суғд 170 корхонаи хурди истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи корӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт. Соли 2013 бошад, тибқи нақшаҳои пешакӣ, 120 корхонаи хурди истеҳсолӣ бо 4455 ҷойи корӣ ба кор дароварда мешавад. Истеҳсоли картошка соли 2012 дар вилояти Суғд ба 381 ҳазор тонна расид. Дар соли 2013 ин нишондод ба 400 ҳазор тонна бояд расонда шавад.
Дар гузориши раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ 104,3 фоиз иҷро шуд. Тайи як сол дар вилоят 132 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 3315 ҷойи корӣ бунёд ёфта, дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа 42,6 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардидааст. Дар соли 2012 31 км роҳҳои марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шудааст ва имсол ин кор идома меёбад. Сохтмони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ дар вилояти Хатлон такон ёфтааст. Танҳо дар ноҳияи Қумсангир 20 мактаб бо 118 синфхона ва 12 бунгоҳи тиббӣ бунёд ёфта, 6 беморхонаи деҳотӣ тармим шудааст.
Зимни гузориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, аз ҷумла зикр гардид, ки дар доираи нақшаю барномаҳои давлатӣ ва бо харҷи маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ тайи чанд соли охир дар қаламрави вилоят 80 иншооти нав бунёд ёфта, сохтмони 60-тои дигар идома дорад. Танҳо дар соли 2013 11 иншооти бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, ки бо харҷи 80 миллион сомонӣ маблағи ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд. Дар соли 2012 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдони кишти картошка 6600 гектар ва истеҳсоли он 8 ҳазор тонна афзуда, ҳаҷми солонаи он ба 57 ҳазор тонна расид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он барои истифодаи босамари маблағҳои буҷетӣ, вусъати корҳои ободонӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва наздик будан бо мардум супоришҳои мушаххас дод. Дастуру ҳидоятҳои мушаххас, ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дода шуд.
Тавре аз гузориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев маълум гардид, дар соли 2012 истеҳсоли маҳсулот дар пойтахти кишвар 1,1 миллиард сомонӣ афзун гардидааст ва саҳми соҳибкорони хусусӣ дар он беш аз 66 фоизро ташкил медиҳад. Тайи соли ҳисоботӣ дар 17 кӯчаи шаҳри Душанбе 551 ҳазор метри мураббаъ роҳи мошингард навсозӣ гардид ва минбаъд ҳар сол аз 20 то 40 км роҳҳои пойтахт навсозӣ хоҳанд шуд.
Дар охири маҷлис Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор дод ва вазифаҳои ояндаро барои иҷрои босамари дурнамою нақшаҳои амалкунанда мушаххас намуд.
Дастур дода шуд, ки барои таъмини иҷрои босифати дастуру супоришҳои дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида нақшаи мушаххаси чорабиниҳо таҳия ва амалӣ карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.13    №: 13    Мутолиа карданд: 4927
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед