маориф
Ихтисосҳои нав ифтитоҳ гардиданд
Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2012 дар донишкада ихтисосҳои нави ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора, таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқӣ, таҳсилоти ибтидоии забони русӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, забони хитойӣ, информатика, забоншиносӣ ва технологияи иттилоотӣ бо се забон (русӣ, англисӣ, олмонӣ) ифтитоҳ гардиданд.
Дар соли таҳсили 2012-2013 тибқи квотаи президентӣ 29 духтар ва 13 писар донишҷӯ шуданд. 13 устоди донишкада дар 7 конфронси байналмилалӣ баромад кард. 10 монография, 77 мақолаи илмӣ, 39 мақолаи илмию методӣ, 17 дастури илмию методӣ, 13 китоби дарсӣ, чор шумораи маҷаллаи илмӣ - назариявии "Паёми Донишкадаи забонҳо" ва 10 шумораи рӯзномаи "Паёми донишҷӯ" нашр гардид. Дар лингвапарки донишкада "Фарҳанги забони тоҷикӣ" -и нашри соли 1969 ва дискҳо дар бораи Тоҷикистону донишкада бо 10 забон таҳия шуд.
Пешниҳод гардидааст, ки номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишкадаи забонҳо ва тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дода шавад.
Рамзия БЕҲРОНОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.13 №: 14 Мутолиа карданд: 5807