logo

маориф

Кириллӣ беҳтар ё арабӣ?

Изҳороти ахири Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар, дар бораи хати форсии арабиасос  бори дигар баҳсҳои зиёдеро дар доираи коршиносону адибон ба миён овард. Нуриддин Саидов дар робита ба ҳамин мавзуъ дар ҳузури хабарнигорон андешаи худро чунин баён доштааст: "Яъне касе дар Тоҷикистон мухолифи омӯзиши хати ниёгон нест ва хуб аст, ки равшанфикрон ба хотири ошноии хубтар ба мероси аҷдод хати форсиро бидонанд, вале ин кори шахсии ҳар нафар аст ва саросар аз сириллик ба форсӣ гузаштани кишвар дар ҳоли ҳозир зарур нест".
Нуриддин Саидов ягона нафаре нест, ки муқобил будани худро ба иваз кардани алифбои кишвар баён дошта бошад. Аммо ҳар нафаре, ки то имрӯз чунин мавқеъ интихоб намудааст, дар расонаҳои  мустақил зери тозиёни танқид қарор гирифта, дар баъзе мавридҳо ӯро хоини миллат ва ё  пантуркист меноманд, ки аз ҳақиқати ҳол фарсахҳо дур мебошад. Яке аз чунин мақолаҳо бо сарлавҳаи "ТУРКТОЗиҳои Иброҳим Усмон ё Эмомалӣ Раҳмон?" дар матбуоти даврӣ ба нашр расида буд.
Мақолаҳо дар   ин мавзӯъ хеле зиёданд, аммо дар ин росто аҳсант ба профессор  Иброҳим Усмонов, ки аз аввал то имрӯз дар ақидаи худ устувор боқӣ мондааст. Ӯ ба дарки масъулияти баланди олимӣ ва бо эҳсоси ватандӯстиву миллатпарастӣ бар зидди ҳамаи онҳое, ки хати форсии арабиро кӯр-кӯрона аз худ кардаанд ё аз фарти дӯстиашон бо шаҳрвандони Эрону Афғонистон аз хати кириллӣ рӯ гардондаанд, дар муқовимат қарор дорад.
Ба ақидаи  Иброҳим Усмонов барои  миллати тоҷик ҳам хати арабӣ бегона аст, ҳам хати кириллӣ: "Мо, мутаассифона, дар таърихамон хеле дар масъалаи хат паропар кардем. Гарчи мо аввалин мардуми хатдори олам ҳастем, зеро "Авесто"-ро дар қарни 14-и пеш аз мелод навиштаем, бо омадани Искандар хати юнониро қабул кардем ва 500 сол бо ин хат навиштем ва баъд хатҳои дигар. Хати арабӣ ба овози тоҷикӣ мувофиқат намекунад. Яъне дар он ҳарфҳое ҳастанд, ки тоҷикон талаффуз карда наметавонанд. Масалан, овози Т, С, Ҳ, З, А-и тоҷикӣ бо чанд ҳарф ифода мешавад, ки тоҷик онро талаффуз карда наметавонад". Дар воқеъ 70 соле, ки хати кириллиро мо истифода мебарем, онро ҳам мисли имлои арабӣ  мувофиқ ба забони тоҷикӣ кардаем. Ҳарфҳои бегонаро, ки теъдодашон 4-то буд аз байн бурдем, ки дар натиҷа хати кириллӣ ба мисли хати арабӣ ба мо тоҷикӣ гардид.
Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки бо тағйир додани хати кириллӣ ба хати форсии арабиасос ҳади ақал мо боз  бист сол  қафо хоҳем монд. Инро ҳамагон дарк мекунанд, ҳатто он шахсоне, ки даъвои иваз кардани хатро доранд.
Зимнан барои омӯхтани хати форсӣ ва дигар хату забонҳо дар кишвар шароити мусоид фароҳам  аст, ки бо камтарин маблағ  метавонем онро аз худ намоем. Ҳамзамон дар Тоҷикистон марказҳои омӯзиши хати форсӣ амал мекунанд, ки барои хоҳишмандон ройгон аст.
Дар ҳамин робита яке аз ҷонибдорони дигари хати кириллӣ профессор Баҳриддин Камолиддинов тағйири хати алифбо ва мушкилии онро дар дигар кишварҳо эҳсос кардааст. Ӯ бовар дорад, ки барои гузаштан ба хати нав вақти бисёр ва пули калон талаб мешавад. Ӯ дар як мусоҳибааш чунин баён дошта буд: "Як-ду сол пеш бо роҳи Ӯзбекистон гузаштам, назарам афтид, ки ҳоло ҳам дар роҳҳо чанд хатҳо ҳаст. Ба ин калонсолҳои Ӯзбекистон ҳеҷ розӣ нестанд, ки онҳо ба хати лотинӣ гузаштанд. Чунки пештар калонсолони онҳо маҷаллаву газетаҳоро ба хати кирилӣ мехондаанд, акнун ба ин хат мактабҳо оҳиста-оҳиста гузашта истодаанд. Кори осон нест миллионҳо одамро аз сари нав саводнок кардан, ин боз маблағи зиёд талаб мекунад".
Имрӯз шахсоне, ки даъвои гузаштан ба хати арабиро доранд, магар дарк накардаанд, ки бо зуд-зуд иваз кардани хат ба  мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавем ва рафъи онҳо бароямон кори осон нахоҳад буд?!   
  Бо итминон метавон гуфт, ки гузаштан ба хати арабӣ, ин  даъвои ватандӯстони дурӯғин аст. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки суръати пешрафти Тоҷикистонро боз доранд.

Ҷамшеди ДИЛОВАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.13    №: 14    Мутолиа карданд: 6460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед