маориф
Тақриз набояд тамасхур бошад
15 декабри соли 2012 рӯзномаи "Ҷумҳурият" "Барзагови гӯсфандхӯр ё чаро кӯдакони мо китобҳои дарсии идеалӣ(?) надоранд?" ном мақолаи шоир Ато Мирхоҷаро чоп намуд. "Барзагови гӯсфандхӯр" аз мазмуни матни масали "Шер ва Барзагов" (саҳ.321) гирифта шудааст. Масали мазкур эҷоди муаллифон набуда, ба Луқмони Ҳаким нисбат дода шудааст. Он аз китоби дарсии "Забони модарӣ" барои хонандагони синфи 2-юм, с.2009, саҳ. 108 интихоб гардид.
Дар мақола омадааст: "Ба чопи китоб 19 (?) марти соли 2012 иҷоза дода шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ"- ро 4(?) октябри соли 2011 тасдиқ кардааст. Омодакунандагон … риояи қоидаҳои имлои нав, бахусус дар мавриди пеш аз ҳарфи (?) "ҳ" ва аломати сактаъ "ъ" (?) наомадани ҳарфи "ӯ"- ро сарфи назар карданд".
Китоб 19-уми марти соли 2012 ба чоп иҷозат не, балки имзо шудааст. Мушовараи ғайринавбатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори № 11/23 аз 07.07.2010 китобро ба чоп тавсия кард. Он аввали соли 2012 дар дасти чоп буд. Феҳристи навишти "у" бар ивази "ӯ" пеш аз ҳарфҳои "ҳ" ва "ъ" дар матбуоти даврӣ рӯзи 28-уми сентябри соли 2012 ("Омӯзгор", №39 (11850), чоп шуд, ки китобҳои дарсӣ аллакай дар истифода буданд.
Дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (аз 4-уми октябри соли 2011, №458), банди 5 оид ба пеш аз ҳарфҳои "ҳ" ва "ъ" бар ивази "ӯ" навиштани "у" чизе ишора нашудааст.
Дар мавриди ғалатҳои имлоии содиркардаи муқарриз:
- ба ҷойи ҳарфи "ҳ" ва аломати сактаъ "ъ" бояд ҳарфҳои "ҳ" ва "ъ" навишта шавад. Зеро дар мавриди ду ҳарф ("ҳ" ва "ъ") шакли ҷамъ - "ҳарфҳо" навишта мешавад. Муқарриз мебоист ъайн ("ъ")-ро аломати сактаъ "ъ" нею ҳарфи "ъ" номбар мекард. Зеро дар забони адабии ҳозираи тоҷик ду овози ҳалқӣ ("ҳ" ва "ъ") мавҷуд буда, ин овозҳо хоси талаффузи арабҳоянд. (Хаскашев Т.Н. Фонетикаи забони адабии ҳозираи тоҷик, қисми 1, 1982). Муаллифон оид ба овоздории ҳарфи "ъ", ки маънои калимаро дигар мекунад, бо далел дар саҳифаи 85 -и китоб машқи имло ҷой додаанд.
- дар мавриди хат, маъно, имло, иншо истилоҳи "ғалат" истифода мешавад, на "хато" (Аввал хатоҳои имлоиро баррасӣ мекунем. - А. М.)
- калимаи "раёсат" бо ду тарз: дар аввали матни мақола бо "р"- и хурд ва дар охир "узви Раёсати…" бо "Р"- и калон навишта шудааст.
Дар мавриди ғалатҳои дигари имлоӣ, аз ҷумла:
а) ноҷо истифода шудан ё истифода (?) нашудани аломатҳои китобат, аз қабили аломати " , ":
- калимаи "истифода"-и дуюмӣ зиёдатист;
- баъди пайвандаки "бинобар ин" аломати вергул (" , ") гузошта шудааст. Вергул пеш аз пайвандак гузошта мешавад.
- идеалӣ аз забони русӣ "идеальный" гирифта шуда, тарҷумааш ба забони тоҷикӣ бисёр хуб, олӣ, ормонӣ аст. Муқарриз ба ҷойи "идеалӣ" ибораи "бисёр хуб"- ро истифода мекард, хуб мешуд.
- ҳарчанд то ба дасти ороишгар расидани дастнависи китоб дар мувофиқа бо муҳаррир аломати вергулро дар ҷойҳои зарурии ҷумлаҳо гузошта будем, дар 30 маврид афтодани аломати вергул (" , ") ва носаҳеҳиҳои калимаҳои "ваалайк", "рӯҳбоҳ", "Иллоҳо", "гулом", "чӯрааш", "фурӯд"-ро мо тан мегирем. Ғалатҳои дар калимаҳои боло содиршуда, ё худ дар миёни калимаи "донистан" омадани аломати "-" ("донис-тан ,саҳ. 148) баъди таҳрири ниҳоӣ рӯй додаанд. Ин ғалатҳои техникӣ ҳатман дар нашрҳои тоза тасҳеҳ хоҳанд ёфт.
б) афтидан, зиёд омадан ё иваз шудани ҷойи ҳуруф:
- дар ибораи "Мурғи дарознӯк" (саҳ. 146), агар "Дарознӯк" лақаби (номи) мурғ мебуд, он гоҳ калимаи "Мурғ" бо ҳарфи "м" (хурд) ва "дарознӯк" ба ҳарфи "Д" (калон) оғоз меёфт;
- калимаи "ғазол" дар арабию тоҷикӣ бо як ҳарфи "з" навишта мешавад. (Фарҳанги забони тоҷикӣ. "Советская энсиклопедия". М., 1969, саҳ. 643). Далели дигар: "Ғазолӣ мансуб ба Ғазола, ки қарияест аз музофоти Тӯс, мавлиди (таваллуди) имом Муҳаммади Ғазолӣ раҳматуллоҳи алайҳи; баъзе гӯянд, ки Ғаззолӣ (ба ташдиди зои муъҷама) мансуб ба ғаззол, ки ресмонфурӯш бошад. Чун бо ресмонфурӯше эшонро дӯстии камол буд, лиҳозо ба ин нисбат шуд; бояд донист, ки ин ваҷҳ маҳзи хатост". (Ғиёс-ул-луғот, ҷилди 2. Д., "Адиб", 1988, саҳ. 87).
- дар ҳама ҷо (саҳ. 167, 207) Абӯалӣ ибни Сино навишта шудааст. Эроди муқарриз, ки дар китоб ба шакли "Абӯалӣ Сино омада", нодуруст аст.
в) Харобии (?) мантиқ дар матнҳо:
- "харобӣ" - бо ҳарфи "х" (хурд) оғоз меёбад;
- маънои "Ватан" дар матн фаҳмо шарҳ дода шудааст: "… тамоми ин хок, ин сарзамин моли мост" (саҳ. 8). Оё ин ифода хатост? Магар замини мо моли мо нест?;
- Ҷомиро шабеҳи дарахти пурмева, пурбор гуфтани мо бемантиқ ва хандаовар аст магар? (саҳ. 65). Зарбулмасали "Шохи бемева кашад сар ба қиём, Шохи пурмева шавад хам ба салом " ишорат ба инсонҳост ё ба чизи дигар?
Ба шохи пурмева ва бемева шабеҳ дода шудани шахс оё нодуруст аст? Мантиқро ба хонандаи закӣ ҳавола мекунем;
- ҳайвон чун инсон зиндагӣ мекунад (саҳ. 167). Оё ҳайвонро хушҳол гуфтан мумкин нест? Ҷастухези барраю бузғолаҳоро чӣ гӯем?;
- дар матни "Меҳри устод" (саҳ. 22) аз ҷониби устод ба шогирд фиристодани дору ва аз тарафи кӯдаки синфи сеюм бастани захми пойи шарикдарсаш иғроқ (муболиға)-и маҳз аст, - мегӯяд муқарриз. Методҳои нави омӯзиш (технологияҳои таълими фаъол) ба муҳимии мазмуни матн дар боби ҳамкории педагогӣ инро талаб мекунад. Мувофиқи методҳои интерактивӣ (фаъолияти якҷоя)-и байни муаллиму хонандагон, хонандаю хонанда ҳамкорӣ бояд бошад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ байни мактабиёни хурдсол ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат пайдо мешавад ва дар мушкилиҳо ба якдигар мадад мерасонанд.
- Масали Луқмони Ҳаким "Шер ва Барзагов" бо далели гӯштхӯр набудани барзагов бемантиқ шуморида шудааст. Шояд дар ин "бемантиқӣ" мантиқе бошад? Барои муаллиф дар баробари сухан гуфтани Шеру Барзагов гӯштхӯрии Барзагов низ бояд аҷобате надошта бошад. Ин ҳар ду қаҳрамонони асари тамсилӣ буда, дар асл тимсоли одамон ҳастанд. Дар акси ҳол на номи онҳо бо ҳарфи калон навишта мешуду на онҳо бо забони одамӣ такаллум мекарданд.
- номҳои қаҳрамонони асарҳои бадеӣ, агарчи ҳайвон бошанд, бо ҳарфи калон оғоз меёбанд: дар ҳикояи "Шер ва Барзагов" (саҳ. 321) муқарриз "барзагов" навиштааст, ки ғалат аст.
г) заъфи баён ва харобии услуб:
- ба ақидаи муаллифони китоб, об таркиб дорад ва 18 навъи моддаи кимиёвӣ дар таркиби об ва буғ мавҷуд буда метавонад (саҳ. 24). Таҳрири муқарриз: "Об ва буғ аз 18 навъ моддаи кимиёвӣ иборат буда, …" нисбат ба ҷумлаи матни китоб мантиқан коста аст.
д) нуқсҳои дигар:
- дар панди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (саҳ. 58) ҳам дар китоб ва ҳам навиштаи муқарриз ғалат содир шудааст. Тарзи дурусташ чунин мебошад, ки бояд дар нашри нави китоб ислоҳ гардад:
Некбахт он, ки ӯ бидоду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.
(Аз китоби "Панду ҳикматҳо, саҳ. 85);
- дар боби "Муҳити зист" се матн зери сарлавҳаҳои "Муҳити зист ва муҳофизати он", "Муҳофизати об аз ифлосшавӣ", "Муҳофизати маҳали зист" гуногунматну гуногунсарлавҳа буда, мақсадноканд ва саволу супоришҳои гуногун доранд. Ин нозукиро омӯзгорони касбӣ мефаҳманд;
- дар матни шеъри саҳ. 44, ки ба қалами устод Садриддин Айнӣ мутааллиқ аст, саҳву хатое вуҷуд надорад.
Дар ҷаласаи васеи Иттифоқи нависандагон маърӯзагару музокирачиён асосан адибон буданд, аз ҷониби муаллифони китобҳои дарсӣ танҳо Азим Байзоев суханронӣ кард. Ҳарчанд муаллифони дигар ҳам гуфтаниҳое доштанд, раиси маҷлис имконашон надод. Аз ҷониби А. Байзоев пешниҳод гардид, ки дар таълифи китобҳои дарсӣ минбаъд адибон ҳаммуаллиф шаванд.
Мо зид нестем. Хуб мешавад, ки дар озмунҳои минбаъда адибон низ ширкат варзанд ва дар қатори омӯзгорон дар таҳияи китобҳои дарсӣ саҳм гузоранд.
Ибодулло АБДУЛЛОЕВ,
номзади илмҳои педагогӣ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.02.13 №: 18 Мутолиа карданд: 3196