logo

мулоқотҳо

Бонки ҷаҳонӣ дар садади тавсеаи ҳамкориҳои энергетикист

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, баррасии рафти корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун ва натиҷаҳои вохӯрии машваратии минтақавӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Дар мулоқот Сарвари давлат воқеъбинона, мустақил ва шаффоф боқӣ мондани мавқеи Бонки ҷаҳонӣ ва коршиносони онро доир ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун муҳим унвон кард. Изҳори боварӣ шудааст, ки имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии тарҳи сохтмони неругоҳ дар сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом хоҳад шуд.
Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ, ки баъд аз дидору мулоқот бо Президенти мамлакат дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, аз натиҷаи ҳамкориҳои бонк бо Тоҷикистон, бахусус оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ситоиш кард. Мавсуф изҳор дошт, ки дар зарфи чанд соли охир ба манзури дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 800 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст. Ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли охири молиявӣ (аз моҳи июли соли 2012 то июли 2013), ҷиҳати татбиқи тарҳҳои  гуногун 130 миллион доллар ҷудо намояд.
Номбурда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон додааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори амиқи иҷрои барномаҳои энергеткии Тоҷикистон аст ва дар ин замина талошҳо ба харҷ хоҳад дод. Аз ҷумла ба манзури сарфаи неруи барқ дар кишвар навсозии шабакаҳои барқрасон, ислоҳот дар системаи  ШСХК  "Барқи тоҷик"  ва таъмин намудани истифодаи самарноки неруи барқ дар Ширкати алюминийи тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.
- Мо бовар дорем, ки дар ин замина ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем шуд, - изҳор дошт Сароҷ Кумар Ҷа.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.13    №: 24    Мутолиа карданд: 2276
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед