logo

мулоқотҳо

Тоҷикистону Амрико ба рушди ҳамкориҳо майл доранд

20 феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роберт Блейк - ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳузур пазируфт. Ин мансабдори  баландпоя дар садри ҳайати намояндагони амрикоӣ ба манзури ширкат дар даври навбатии Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Амрико ба Душанбе омада буд.
Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши ин хабар иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқоти Сарвари давлат бо ёвари котиби давлатии ИМА маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, аз густариши робитаҳои судбахш изҳори қаноатмандӣ шуд. Бино ба гузориши манбаъ, Роберт Блейк аз номи ҳукумати кишвараш ба Президенти мамлакат ва мардуми Тоҷикистон барои нақши намоён дар таъмини амну суботи минтақа, мусоидати фаъол ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипос  намудааст.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки Амрико дастгирии худро аз тадбирҳои Тоҷикистон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома дода, ба он дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва таъминоти беҳтари моддию техникии неруҳои низомии  кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.
Роберт Блейк, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, ин нуктаро таъйид кард ва гуфт, ки тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар заминаи таҳкими марз дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст. Ӯ изҳор дошт, ки дар ҷараёни дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин татбиқи босамари барномаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ матраҳ шуд. Дар ҳамин ҳол, Роберт Блейк Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо табрик намуда, ин рӯйдодро барои кишвари мо дар моварои пайвастан ба тиҷорати озоди минтақавию ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ кард.
- Ҳамчунин мо доир ба мавзӯи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, озоду шаффоф ва одилона ба роҳ мондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон гуфтугӯи судманд анҷом додем,- изҳор дошт, - Роберт Блейк.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.13    №: 25-26    Мутолиа карданд: 2326
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед